Все статьи
08 Июнь 2023
Таҷлили Рӯзи байналмиллалии муҳити зист дар вилояти Суғд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
ахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист санаи 5 июн дар назди театри мазҳакаи мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҳунармандони шинохтаи эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор гардид. Дар қисми расмӣ бо суханони табрикӣ Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, намоянда аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯраев Абдусалим ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баромад намуда, барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ дар татбиқи сиёсати давлатии экологӣ як қатор кормандони фаъоли мақомот бо сипосномаву тӯҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баргузории аксияи ташвиқотӣ бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
ахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист бо иқдоми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба марказҳои савдои Амид воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаи 13, «Доро» ва «Анис» барои харидорон ба миқдори 6 ҳазор адад халтаҳои қоғазӣ тақсим карда шуд. Мақсади асосии баргузории чунин аксияи ташвиқотӣ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон баҳри ҳифз ва беҳдошти муҳити зист, пешгирии истифодаи халтаҳои полиэтиленӣ, ивази онҳо ба халтаҳои коғазӣ, ки ба муҳити зист зарар надоранд.
07 Июнь 2023
Қадрдонии кормандон ва собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
ахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маросими қадрдонии кормандон ва собиқадорони ҳифзи муҳити зист баргузор гардид. Бо суханони табрикӣ муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо иштирокчиёнро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборакбод намуда, қайд намуд, ки ин рўзҳо барои ҳамаи кормандон, мутахассисон ва алоқамандони соҳаи ҳифзи муҳити зист, дўстдорони табиат, умуман нафароне, ки дар соҳаи ҳифз ва беҳдошти муҳити зист заҳмат мекашанд, рўзи фаромӯшнашаванда ва хурсандибахш аст. Зеро Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад ва ҳамасола дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар маҷмўъ зиёда аз 130 давлат санаи 5–уми июнро ботантана қайд менамоянд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо низ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 июн ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардида, дар асоси он ҳар сол, ҳамчун Рўзи байналмилалии муҳити зист таҷлил мегардад ва ба масъалаҳои мубрами экологӣ, аз ҷумла тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ диққати махсус дода мешавад. Сипас, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз кормандон ва собиқадорони соҳаро бо сипоснома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд.
Аёдати оилаҳои собиқадороне, ки айни ҳол дар ҳаёт нестанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва собиқадори соҳа Султонов Абдуазиз оилаҳои собиқадоронеро, ки айни ҳол дар қайди ҳаёт нестанд аёдат намуданд. Ҳомидов Аъзам тайи 24 сол - аз соли 1988 то соли 2012 ҳамчун сармутахассиси соҳаи об то сардори шуъбаи ҳифзи захираҳои об дар Раёсат фаъолият бурдааст. Мухамедҷонов Султонмурод давоми 16 сол - фаъолияташро аз соли 1989 ҳамчун аввалин сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд оғоз намуда, то соли 2005 чун сардори шуъбаи экспертизаи давлатии экологӣ фаъолият бурдааст. Мамадҷонова Мавҷуда аз соли 2013 то соли 2016 дар вазифаи сармуҳосиб фаъолият бурда, ҳангоми сафари хизматӣ вафот намудааст.
Кӯмаки моддӣ дар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар арафаи Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҷиҳати дастгирии моддӣ ба кормандони техникӣ кӯмаки маводи ғизоии навбатӣ ба монанди орд, шакар, равған, макарон, тухм ва биринҷ расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Сарраёсат ва зерсохторҳои он дар арафаи иду айёмпайваста роҳандозӣ мегардад.
05 Июнь 2023
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 5 июн – Рўзи байналмилалии муҳити зист
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
К
ормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист яке аз санаҳои басо муҳим барои аҳли сайёра ҳисобида мешавад, зеро ҳамасола дар кишварҳои гуногун чорабиниҳои расмӣ доир мегарданд, ки ин ба ҷалби тамоми аҳли ҷомеа ба муаммоҳои мубрами экологии кишварҳо кӯмак ва саҳмгузорӣ менамояд. Таъмини амнияти экологии ҷомеа аз мубрамтарин масъалаҳои умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, барои бори дигар ҷалб намудани таваҷҷўҳи оммаи васеъ ба масоили экологӣ имконияти хубест. Таҳти сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи зиёда аз ду даҳсолаи охир ҷиҳати самаранок истифода бурдани захираҳои табиӣ, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо ҳамчун захираи бунёдии оби ошомидании тоза, поку беолоиш нигоҳ доштани муҳити атроф, дарёфти роҳҳои ҳалли норасоии об дар сайёра талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад. Боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, марбут ба обу иқлим эътироф шуда, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» якдилона қабул гардид. Дар ин соли таърихӣ иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шоистаи тазаккур аст.
29 Май 2023
Рейди фаврӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳ
ангоми гузаронидани рейди фаврии муштарак аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ашт дар ҳамҷоягӣ бо шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар ҳудуди ноҳияи Ашт ҷамоати деҳоти Шодоба автомашинаи тамғаи Опел, ки аз самти ҷамоати деҳоти Ориён ба самти деҳоти Қаҳрамон ҳаракат мекард, манъ карда шуда дар бағочи автомашина 8 адад моҳии навсайдшуда ошкор гардид. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ маълум гардид, ки шаҳрванд Содиқов А.О. - сокини н.Ашт, ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи соҳили сир, дар давраи манъи сайди моҳӣ ғайриқонунӣ бо шикори моҳӣ машғул шудааст. Арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 5440 сомониро ташкил дода, аз тарафи прокуратураи ноҳияи Ашт парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.
Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади иҷрои фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023 аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом амалиёти шабонарузӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёт шаҳрванд Холматов Р.К. барои ғайриқонунӣ сайд намудани моҳӣ дар давраи манъи тухмигузории моҳӣ ошкор гардида, маводҳои тартибдодашуда барои андешидани чораҳо ба прокуратураи шаҳри Конибодом ирсол карда шуд.
24 Май 2023
Нисбати қонунвайронкунандагон дар доираи талабот чораандешӣ карда шуд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҳ
ангоми гузаронидани амалиёти назоратии ҳамҷоя бо прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров аз тарафи нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Сарраёсат ҳолати ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва замин бо поруи хук аз фаъолияти фермаи хукпарварӣ, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров, деҳаи Боғи боло ошкор гардид. Маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, маълумотномаи Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Суғд, инчунин санади азназаргузаронӣ ва ҳисоби зарари ба табиат расонидашуда аз тарафи соҳибкори инфиродӣ Темиров Я.А. барои чораҷӯӣ ва қабули қарори қонунӣ ба Прокуратураи ноҳияи Б.Ғафуров пешниҳод карда шуд. Дар натиҷа нисбат ба соҳибкор парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 226, 228 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд. Дар баробари ин тибқи моддаҳои 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаи 14, 27, 48-и Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои худсарона истифода бурдани обҳои рӯизаминӣ бе иҷозати истифодабарии махсуси об ва ифлос намудани замин бо пору нисбат ба гунаҳгор 11 ҳазору 263,94 сомонӣ маблағи зарар пешниҳод ва он ба пуррагӣ ба манфиати давлат ситонида шуд.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Панҷакент
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
М
увофиқи нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 20 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда нашуд.


