Все статьи
24 Май 2023
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Ш.Шотемури шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 24 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳр ирсол гардид.
Семинар таҳти унвони “Тоҷикистон – кишвари ташаббускори иқдомҳои экологӣ”
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади ташвиқу тарғиби эълон гардидани соли 2025 - «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамҷоягӣ бо МДТ Коллеҷи политехникӣ семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Дар семинар намояндагони бахши ҳифзи муҳити зист, кумитаи иҷроияи ҳизби халкии демократии Тоҷикистон дар ноҳия, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба қабул шудани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон аз ҷониби СММ, масъалаҳои мутобиқшавӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба пирьях ва муҳити зист баромадҳо пешниҳод карда шуданд. Дар интиҳои семинар аз тарафи намояндаи бахши ҳифзи муҳити зист ба омӯзгорон ва донишҷӯён барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои экологӣ сипосномаву туҳфаҳо супорида шуд.
Вохӯрӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар муассисаи таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
ахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар МТМУ № 19 вохӯрӣ бо хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд. Мудири бахш Каримзода Ф. дар мавзӯи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас, корҳои иҷро гардида ва иштироки фаъоли хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар аксияву чорабиниҳои экологӣ, тағйирёбии иқлим баромад намуд. Дар навбати худ омӯзгорони муассиса баргузории чунин вохуриҳоро сари вақтӣ арзёбӣ намуданд.
Ошкор намудани шасти барқӣ аз тарафи кормандони Сарраёсат
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
аҳри иҷрои фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023 сол таҳти № 42 ва фармоиши сардори Сарраёсат таҳти № 16 аз 31.03.2023 сол «Оид ба амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2023» дар давраи 15 рӯзи сеюми манъи сайди моҳӣ баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо дар обанборҳои вилоят 78 маротиба амалиётҳо гузаронида шуд. Ҳамчунин 78 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати қўруқшиканҳо 15 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 мавод дар давраи тухмгузорӣ ба прокуратураи вилоят барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод гардид. Ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар вақти манъи сайди моҳӣ аз тарафи кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат ва кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд шаҳрвандони ноҳияи Б.Ғафуров Ҷумаъев Назирҷон ва Қурбонов Бурҳон дар минтақаи Сумчаки дарёи Сир ошкор карда шуданд. Қонуншиканон бо истифода аз заврақ ва истифодаи олоти манъшудаи сайди моҳи шасти барқӣ (электроудочка) 65 сар моҳиҳоро сайд намудаанд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи №8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 4420 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои қонунӣ маводҳо ба Прокуратураи вилояти Суғд пешниҳод карда шуд.
Аксияи экологӣ бо иштироки ҷавонони шаҳри Гулистон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҷ
иҳати татбиқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» шарики рушди асосии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ин Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба ҳисоб рафта, дар соли равон тибқи нақшаи пешбинигардидаи ҳамкорӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаст. Кормандони сарраёсат якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятӣ дар шаҳри Гулистон бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон аксияи экологӣ гузарониданд, ки дар рафти чорабинӣ тоза намудани боғи истироҳатии шаҳр аз партовҳои гуногун бо гузоштани 2 адад қуттии декоративӣ барои ҷойгиронии муваққатии зарфҳои пластикӣ, аз он ҷумла 1 адад дар обутобгоҳи марказии соҳили обанбори Баҳри Тоҷик ва гузаронидани викторина бо ҷавонон амалӣ гардид.Боиси қайд аст, ки дар интихоби ҷойи баргузорӣ ва ташкили иштирокдорон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон саҳм гузошта, кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо намояндагони телевизиони вилояти Суғд низ фаъолона ширкат варзиданд.Баргузории чунин аксияи экологӣ моҳи минбаъда дар дигар минтақаи ноҳияи вилоят идома меёбад.
23 Май 2023
Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
ар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар миқёси вилоят аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» мунтазам доир гардида истодааст. Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Хуҷанд аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки хонандагони гимназияи 13, МДТ Литсейи касбӣ политехникии 31 ва 53, донишҷуёни факултаи химия ва биологияи МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров беш аз 600 нафар гузаронида шуд. Рафти аксия қадди роҳ ва ҷӯйборҳо аз партовҳои гуногун (10 м3) ва алафҳои бегона пурра тоза карда шуд.
18 Май 2023
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Д
авоми соли равон мутахассисони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ҳамкориро бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар татбиқи лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери маҳвшавӣ қарордошта дар минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» идома дода истодаанд. Дар толори Коллеҷи технологӣ ба номи А.Қаҳҳорови шаҳри Конибодомҷаласаи гурӯҳикорӣ оид ба ташаккули «Нақшаирушди ҷангалзори тӯқайи минтақаиобиюботлоқии болооби обанбори «БаҳриТоҷик» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ғайр аз намояндагони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва ташкилоти ҷамъиятӣ, коршинос – эколог, намояндагониҶамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр, ҷамоати деҳот ва шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Боиси қайд аст, ки баргузории ҷаласаи мазкур ба муҳокимаи натиҷаҳои корҳои ба сомон расонида дар давоми як соли амалӣ гардидани лоиҳа ва муайян кардани нақшаи фаъолият то охири соли 2023 бахшида шуд. Тибқи барномаи ҷаласаи гурӯҳикорӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат, кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», коршинос – эколог ва директори Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони шаҳр ба иштирокдорон дар бораи ҳолати корбарӣ ҷиҳати муайян ва қабул намудани мақоми «минтақаи махсус муҳофизатшаванда» барои ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом, аз он ҷумла номгузории он,рафти амалигардонии лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалҳоитӯқайванавъҳоизерихатари минтақаиболообиобанбори Баҳри Тоҷик»,кор бо хонандагони мактабҳои шаҳр дар самти баланд бардоштани донишиэкологӣ, натиҷаҳои гузаронидани тадқиқот оид ба «Таҳлили арзиши умумии иқтисодии функсияҳои экосистемавии минтақаи обию ботлоқӣ»,шиносоӣ бо ҳолати ҷангалзори тӯқай ва минтақаи мазкур, мушкилоти мавҷудбуда ва роҳҳои ҳалли онҳо баромаду презентатсияҳо пешниҳод гардид.
Назорати рафти иҷрои Барномаи давлатӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади назорати рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, № 116 «Дар бораи Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва аз 22.10.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», моҳи апрели соли ҷорӣ фаъолияти сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии мазкур вобаста гардиданд ва ҳамзамон фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар минтақа санҷида шуданд. Рафти гузаронидани омӯзишу таҳлили фаъолияти Комиссияҳои байниидоравии давлатӣ дар шаҳр маводи ҷойдошта мавриди санҷиш қарор гирифта, инчунин бо ҳар як роҳбар ё намояндаи сохторҳо, хусусан ҷамоати шаҳраку деҳот дар алоҳидагӣ сӯҳбату корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд. Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани санҷиш ва ҷиҳати такон бахшидани раванди иҷрои қарорҳои болозикр дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда шуд.
Фестивали дўстдорони табиат дар шаҳри Конибодом
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва пайвастани ҷавонон ба масъалаҳои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ҳифзи муҳити зист бо иштироки намояндагони «Патрули сабз»-и 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Конибодом «Фестивали дўстдорони табиат» барпо гардид. Дар чорабинии мазкур беш аз 400 нафар мактаббачагон ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ макетҳо, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо мушкилоти марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст. Қобили зикр аст, ки дар шаш мактаби ҷамоати деҳоти Пӯлотон, Фирӯзоба ва Патари шаҳриКонибодом соли 2022 корҳои мақсадноки иттилоотӣ - маърифатӣ оғоз гардида буд, ки дар натиҷа гурӯҳҳои «Нозирони сабз» таъсис ёфта, курси пурраи фанҳои таълимии иловагии экологӣ ба итмом расонида шуд.
Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Б
о мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷӯёни МДТ Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, кормандони маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд ва беморхонаи физиотерапевтӣ зиёда аз 300 нафар иштирок намуда, ду тарафи соҳили дарё аз партовҳои маишӣ, пластикӣ ва алафҳои бегона ба микдори 5 м 3 тоза карда шуд.


