Все статьи
20 Февраль 2021
Семинари бозомӯзӣ барои баланд бардоштани дониши кормандон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади баланд бардоштани дониши кормандон дар толори раёсат семинари бозомӯзӣ баргузор гардид. Мувофиқи барномаи семинари мазкур доир ба масъалаҳои муҳим – оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи истифодаи дурусти фарҳанги имлои забони тоҷикӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корбарӣ тибқи талаботи Дастурамали коргузории тасдиқгардида», «Санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор ва баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи иҷозати буриши дарахт ва тарзи ҳисоби дурусти маблағи зарар дар самти ҳифзи наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохт ва зарар дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера», «Тарзи ҳисоби дурусти пардохти партовобҳо ва истифодаи пурраи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколати мақомоти ҳифзи муҳити зист дода шудааст» ва дигар масъалаҳои ба пешрафти фаъолият мусоидаткунанда баромаду маърӯзаҳо шунида шуд, ки дар фаъолияти ҳаррӯзаи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист яке аз самтҳои асосии корбарӣ ба ҳисоб меравад.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат ва шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров, амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 30 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд.
17 Февраль 2021
Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Санаи 17 феврали соли 2021 дар бинои Кумитаи идораи замини вилояти Суғд тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати кишоварзӣ, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи идораи замин ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2020 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Ризқофарин», «Паёми Суғд», «Согдийская правда», маҷаллаи «Кайҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия-плюс», «Озодӣ», «Фараж», телевизионҳои шабакаи «Тоҷикистон», ШТР «Азия», «7 Ситора», «Танин», ТВ Суғд, дар маҷмӯъ зиёда 20 нафар намояндагони ВАО иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар соли 2020 дастрас гардид.
Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар ноҳияи Б.Ғафуров
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ба истиқболи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, сокинони ҷамоат ҳамагӣ 170 нафар иштирок доштанд. Дар ҷараёни аксия ҳудуди ҷамоат ва сойи Хоҷабоқирғон аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, 10 тн. партов ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд. Чунин шанбегиҳо дар дигар ҷамоатҳову маҳаллаҳо идома доранд.
Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар шаҳри Хуҷанд
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ дар хиёбони Р.Набиеви шаҳри Хуҷанд бо иштироки 124 нафар кормандони беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтӣ ба номи А.Нурматов ва кӯдакистони Президентӣ аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ ҳудуди беморхона ва кӯдакистон, қадди роҳҳо ва соҳили дарё аз партовҳои ҳархела ва алафҳои бегона тоза карда шуда, 2.4 м³ партов ба партовгоҳ бароварда шуд.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити зист дар ҷамоати деҳот ва маркази ноҳияи Шаҳристон аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар аксия кормандони соҳаи тандурустӣ ва фарҳанг, ташкилоту идораҳо, омӯзгорону хонандагон, дигар сохторҳо ва сокинони маҳаллаҳо ҳамагӣ 1350 нафар иштирок доштанд. Рафти аксия 24 ҳазор м2 кӯчаҳо рӯбучин, 1,5 км латок ва ҷӯйборҳо тоза карда шуда, партов ба миқдори 12м3 бароварда шуд. Инчунин дар назди корхонаҳо 0,15 га ҷой барои шинонидани гулу ниҳолҳо омода гардид.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бо ҷалби васеи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту идораҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар рафти аксия гирду атрофи идораҳо, роҳҳои марказӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйбору канал ва сойҳо ба масофаи 15,6 км тоза карда шуда, 16 тн. партов бароварда шуд. Ҳамчунин дар шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ 1200 бех арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Айнӣ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист вилоят, бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон дар мавзеи дашти Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори 150 кг гандум ва алаф 50 банд истифода бурда шуд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ баргузор гардид. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангал 1200 бех ниҳолони дарахти сӯзанбарг ва арча харидорӣ гардида, тариқи ҳашар дар қадди роҳ ва назди муассисаҳо шинонида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву мавсимии маҳаллӣ шинонида мешавад.
12 Февраль 2021
Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара
- Подробности статьи
- Автор
- Категория Навидҳо
Дар асоси нақшаи кории Раёсат, барои беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагон аз фасли зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеъи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ гузарониданд. Рафти чорабинӣ, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвонот ва паррандагон ба миқдори 950 кг дон ва гандум, 20 адад баста коҳ пошида шуд.


