Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Қонуни   Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДАР БОРАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ ВА

ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

     

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолият дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ танзим намуда, ба таъмини аҳолӣ  бо моҳӣ ва маҳсулоти он, афзоиши  моҳӣ ва ҳифзи муҳити зисти он равона шудааст.

 

                                              БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

 

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- моҳипарварӣ - фаъолият оид ба парвариш, нигоҳдорӣ, афзун гардонидан, ҳифз кардан ва ба фурӯш баровардани моҳӣ ва маҳсулоти он;
- моҳипарварии истироҳатӣ - фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ бо мақсади моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, нигоҳ доштани моҳӣ дар аквариум ва шаклҳои дигари парвариш;
- моҳипарварии молӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар шароити табиӣ ё сунъӣ офаридашудаи зист бо мақсади ба даст овардани даромад;

- моҳигирӣ - фаъолият оид ба сайди моҳӣ, инчунин коркард, интиқол, нигоҳдорӣ, истеҳсол, фурӯши моҳӣ ва маҳсулоти он; 
- моҳигирии ҳаваскорӣ - сайди моҳӣ барои истеъмоли шахсӣ бе мақсади ба даст овардани даромад;

- моҳигирии варзишӣ - намуди истироҳати фаъол вобаста ба дошта гирифтани моҳӣ аз манбаъҳои об бо мақсади мусобиқа ё истироҳат бо истифодаи воситаҳои моҳигирии варзишӣ;

- захираҳои моҳӣ - сарватҳои моҳие, ки дар обҳавзаҳои табиӣ мавҷуданд;
- моҳии зотӣ - ҳамаи фардҳои нарина ва модинаи моҳӣ, насли он, нутфа ва тухмҳои бордоршудаи (зиготаи) дорои сертификат ё шаҳодатномаи зотӣ;
- моҳии молӣ - ҳамаи намудҳои моҳии дусола ва сесола, ки барои фурӯш мувофиқ аст;

- квотаи моҳигирӣ - меъёри имконпазири сайди моҳие, ки бо мақсади моҳигирӣ илман асоснок карда шудааст;

- бозтавлиди захираҳои моҳӣ - фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ дар шароити табиӣ ё сунъӣ бо мақсади барқарор намудан ва нигоҳ доштани захираҳои моҳӣ;

- Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ - маҷмӯи ба низомдаромадаи иттилооти ҳуҷҷатгузоришуда дар бораи захираҳои моҳӣ, истифода ва ҳифзи онҳо;

- мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ - фаъолият оид ба  ҳавзҳои нав сар додани селаи моҳии дорои аҳамияти истеҳсолӣ бо мақсади зиёд кардани маҳсулоти моҳӣ; 

- объектҳои моҳигирӣ - объектҳои нигоҳдорӣ ва парвариши моҳӣ, аз ҷумла парвариши он, дар шароити табиӣ ё сунъӣ; 

- объектҳои обии дорои аҳамияти моҳипарварӣ (минбаъд - объектҳои обӣ) - ҳавзу обанборҳо, дарёву каналҳо, инчунин қитъаҳои алоҳидаи онҳо, ки муҳити зисти захираҳои моҳӣ буда, барои моҳипарварӣ истифода мешаванд;

- маҳсулоти моҳӣ - моҳии зинда ва ғайризинда, моҳии шӯр, моҳии хушк, моҳии дудхӯрда, консервкардашуда, тухми моҳӣ;
- воситаҳои моҳигирӣ - дастгоҳ ва асбобу олоти моҳидорие, ки барои сайди моҳӣ истифода мешаванд;

- мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ - қисми таркибии низоми ягонаи давлатии мониторинги экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  системаи мушоҳидаҳои мунтазам оид ба сифат, бозтавлид, миқдор, тақсими захираҳои моҳӣ, ҳолати моҳигирӣ, муҳити зист ва ҳифзи  захираҳои моҳиро дар бар мегирад;

- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ амалӣ менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.


       Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур

   Вазифаҳои Қонуни мазкур инҳоянд:

- таъмини истифодаи асоснок ва оқилона, ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ;

- пешгирии вайрон намудани қоидаҳои моҳигирӣ ва роҳ надодани сайди ғайриқонунии моҳӣ;

- муқаррар намудани принсип ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастгирии давлатӣ, ки ба нигоҳдории захираҳои моҳӣ, рушди хоҷагиҳои моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва зиёд кардани маҳсулоти он равона шудаанд;
- пешгирии камшавӣ, таъмини нигоҳдорӣ ва бозтавлиди захираҳои моҳӣ;
- пешгирӣ, кам намудан ва рафъи ифлосшавии муҳити зисти захираҳои моҳӣ бо партову моддаҳои хатарнок ва зараровар.

 

           Моддаи 4. Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ
  Принсипҳои танзими давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ инҳоянд:

- ба назар гирифтани моҳияти захираҳои моҳӣ ҳамчун яке аз асосҳои ҳаёту фаъолияти инсон;

- афзалияти нигоҳдории захираҳои моҳӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо;
- пешгирии оқибатҳои номатлуби экологӣ;

- иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои марбут ба моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;

- ошкорбаёнӣ ҳангоми ба истифода додани объектҳои обии дорои аҳамияти моҳипарварӣ ва моҳигирӣ.

 

           БОБИ 2. ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ,  МОҲИГИРӢ ВА ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

 

         Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;

- тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ;

-  таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ; 

- амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ;

- салоҳиятҳои дигаре, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд

 

       Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дохил мешаванд:

- танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;

- амалӣ намудани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, ташкил ва маблағгузорӣ дар ин соҳа;

- ташкили низоми махсуси омӯзиши захираҳои моҳӣ дар ҳавзаҳои табиӣ, дарёву каналҳои аҳамияти истеҳсолидошта, таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрию техникӣ ва методӣ;

- омодасозии тавсияҳо оид ба парвариш ва истифодаи зотҳои беҳтарини моҳӣ, беҳсозии сифати маҳсулот ва афзунгардонии маҳсулнокии соҳаи моҳипарварӣ;
- таҳия ва тасдиқи чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи оқилона, омӯзиш ва бозтавлиди захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он;
- гирифтани иттилооти зарурӣ аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин соҳа фаъолият менамоянд;

- андешидани тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири зараровар ба захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо;
- назоратбарии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар  ин соҳа фаъолиятдошта, ҳолати захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирии сайди ғайриқонунии моҳӣ;

- гузаронидани таҳқиқоти илмӣ-техникӣ ва дигар таҳқиқот дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи моҳӣ;

- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
- пешбурди Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
- ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.


      Моддаи 7. Мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

  1. Маълумотҳои дар натиҷаи мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ бадастовардашуда ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- таҳияи Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ;

- омодасозии иттилооти ҳарсола ва истифодаи он дар гузоришҳои давлатӣ оид ба вазъи соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ;
- ошкор ва пешгӯӣ намудани равандҳое, ки ба вазъи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо таъсир мерасонанд;

- ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла бо тартиби муқарраргардида, ворид намудани маҳдудиятҳо барои моҳигирӣ;
- таҳияи тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо, ворид намудани онҳо ба қоидаҳои моҳигирӣ;

- таъмини эҳтиёҷоти давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти боэътимод оид ба захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо.
2. Мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ, бо ҷалби ташкилотҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ гузаронида мешавад.

3. Тартиби амалигардонии мониторинги давлатии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ ва истифодаи маълумоти он ба мақсадҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар  карда мешавад. Пешниҳоди маълумот оид ба мониторинг ба мақомоти дахлдори давлатӣ тибқи дархости онҳо, инчунин мубодилаи ин маълумот байни онҳо ройгон мебошанд.


      Моддаи 8. Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ
1. Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз иттилооти зерин иборат мебошад:
- хусусиятҳои миқдорӣ, сифатӣ ва иқтисодии захираҳои моҳӣ;
- объектҳои обӣ;

- соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба моҳипарварӣ машғуланд;
- дар бораи воситаҳои сайди моҳӣ;

- қарорҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар асоси онҳо ҳуқуқи сайди захираҳои моҳӣ ба миён меояд;
- дар бораи ҳаҷми сайди ҳарсолаи моҳӣ;

- иттилооти дигари ҳуҷҷатгузоришуда оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои моҳӣ.

2. Иттилооти ҳуҷҷатгузоришудаи Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба иттилооти дастраси умум мансуб мебошад, ба истиснои иттилооте, ки дастрасӣ ба он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст.

3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба моҳигирӣ машғуланд (ба истиснои моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ), уҳдадоранд бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоотеро, ки ба Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ ворид карда мешаванд, пешниҳод намоянд.

4. Номгӯи иттилооте, ки пешниҳоди он ҳатмӣ мебошад, шартҳои пешниҳод, инчунин тартиби пешбурди Феҳристи давлатии хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

                              БОБИ 3. ҲУҚУҚ БА ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

 

        Моддаи 9. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои моҳӣ

1. Захираҳои моҳии объектҳои обии хусусияти табиидошта, моликияти истисноии давлат мебошанд.

2. Захираҳои моҳии қитъаҳои алоҳидаи объектҳои обӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусӣ бошанд.

 

Моддаи 10. Маҳдуд ва қатъ кардани ҳуқуқи сайди моҳӣ 

1. Ҳуқуқи сайди захираҳои моҳӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи  Қонуни мазкур мумкин аст, маҳдуд карда шавад.

2. Ҳуқуқи сайди моҳӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:
- ба охир расидани муҳлати амали ҳуқуқи сайди моҳӣ;

- тибқи шартномаи байни мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсе, ки ба ихтиёраш захираҳои моҳӣ барои истифода дода шудаанд;

- аз ҳуқуқи сайди моҳӣ даст кашидани шахсе, ки ба ихтиёраш захираҳои моҳии мазкур барои истифода дода шудаанд;

- барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё фавти шахси воқеӣ, ки ба ихтиёри ӯ захираҳои моҳӣ барои истифода дода шуда буданд;

- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷтикистон.


         Моддаи 11. Додани объектҳои обӣ ва қитъаҳои алоҳидаи онҳо барои истифода бо мақсадҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ

1. Объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд, бо мақсадҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дода шаванд.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки уҳдадориҳои худро мувофиқи шартномаҳои моҳипарварӣ ва моҳигирӣ дар объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи он пурра иҷро кардаанд, барои истифодаи ин объектҳо дар муҳлати нав ҳуқуқи имтиёзнок доранд.

3. Моҳипарварӣ ва моҳигирӣ дар объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо маҳдуд карда намешаванд, ба истиснои:

- сайди намудҳои моҳии кӯчанда ва дигар намудҳои ба ҳифзи махсус эҳтиёҷдошта;

- ҳолатҳои маҳдуд намудани сайди моҳӣ бо мақсади ҳифзи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.  

 

                         БОБИ 4. НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ, МОҲИГИРӢ  ВА ҲИФЗИ  ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ

 

         Моддаи 12. Намудҳои фаъолият дар  соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд намудҳои фаъолияти зеринро дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ амалӣ намоянд:
- бозтавлиди сунъии моҳӣ;

- моҳипарварии молӣ;

- моҳипарварии истироҳатӣ. 

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд бо як ё якчанд намуди фаъолияти соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, ки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, машғул шаванд.


           Моддаи 13. Бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ

1. Бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ дар объектҳои обӣ дар асоси тадбирҳои илман асоснок анҷом дода мешавад.

2. Тадбирҳо оид ба бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ парвариш намудан ва ба объектҳои обӣ сар додани селаи моҳичаҳо, инчунин анҷом додани корҳо оид ба мутобиқкунонӣ (акклиматизатсия) ва мелиоратсияи объектҳои обӣ, аз ҷумла дошта гирифтани фардҳои аҳамияти истеҳсолидоштаро аз ҳавзаҳои табиӣ дар бар мегиранд.

3. Тадбирҳо оид ба бозтавлиди сунъии захираҳои моҳӣ аз ҷониби муассисаҳои махсусгардонидашуда, инчунин аз тарафи субъектҳои дигар аз ҳисоби маблағи худи онҳо дар асоси шартномаҳои бо мақоми ваколатдори давлатӣ басташуда гузаронида мешаванд.


       Моддаи 14. Моҳипарварии молӣ

    1. Моҳипарварии молӣ дар ҳавзҳо, обанборҳо, қафасҳои сунъӣ, кӯлҳои моҳипарварӣ, палҳои шолӣ, инчунин дар дигар объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо анҷом дода мешавад.

  2. Моҳипарварии молӣ бо истифодаи моҳие, ки барояш муҳити зисти сунъӣ фароҳам оварда шудааст, ба роҳ монда мешавад.

  3. Моҳии молие, ки дар шароити табиӣ ва муҳити зисти сунъӣ парвариш меёбад, ба ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода дода мешавад.

  4. Қоидаҳои истифодаи объектҳои обӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо барои моҳипарварии молӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

     Моддаи 15. Моҳипарварии истироҳатӣ

  1. Моҳипарварии истироҳатӣ дар ҳавзҳо, кӯлҳои минтақаҳои истироҳатӣ, инчунин дар объектҳои обӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба роҳ монда мешавад.

 2. Моҳипарварии истироҳатӣ аз ҳисоби захираҳои моҳие, ки дар шароити табиӣ ва муҳити зисти сунъӣ парвариш меёбад, ба роҳ монда мешавад. 
3. Қоидаҳои истифодаи объектҳои обиро барои моҳипарварии истироҳатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.


       Моддаи 16. Истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ

  Истеҳсоли маҳсулоти моҳӣ, инчунин мониторинг, назорати сифат ва бехатарии ҳамлу нақли он мувофиқи меъёрҳои технологӣ ва шартҳои техникии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

      Моддаи 17. Селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ

1.     Селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ аз фардҳои арзишманд, ирсӣ (генетикӣ) ва дорои аҳамияти хоҷагӣ бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва мунтазам гирифтани насл ташаккул дода мешаванд.
2. Селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар моликияти давлатӣ ё хусусӣ қарор дошта бошанд.
3. Тартиби ташаккул ва истифодаи селаи моҳии зотӣ ва такмилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

                  БОБИ 5. МОҲИГИРӢ

 

         Моддаи 18. Намудҳои моҳигирӣ

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (истифодабарандагон) метавонанд намудҳои зерини моҳигириро амалӣ намоянд:

- бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ;

- дар объектҳои обии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

- бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ;

- ҳаваскорӣ;

- варзишӣ.

2. Номгӯи намудҳои моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад. 

 

       Моддаи 19. Қоидаҳои моҳигирӣ

Қоидаҳои моҳигирӣ, ҳамчун санади танзимкунанда, барои амалӣ намудани моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.


   Моддаи 20. Моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ

1. Моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ барои омӯзиш ва нигоҳдории захираҳои моҳӣ, инчунин муҳити зисти онҳо, гузаронидани мониторинги давлатӣ, муайян кардани сайди имконпазир ва таҳияи тадбирҳои нигоҳдории онҳо амалӣ мешавад.

2. Моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар асоси барномаҳои ҳарсолаи таҳқиқот ва мониторинги захираҳои моҳӣ амалӣ мегардад. Барномаҳои таҳқиқот ва мониторинги захираҳои моҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
3. Сайди захираҳои моҳӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ дар ҳаҷми зарурӣ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва назоратӣ амалӣ мешавад.
4. Тартиби сайди моҳӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

       Моддаи 21. Моҳигирӣ бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ

1.     Моҳигирӣ бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ аз ҷониби истифодабарандагон мувофиқи қоидаҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Қонуни мазкур тасдиқ кардааст, амалӣ карда мешавад.

2. Моҳигирӣ бо мақсади моҳипарварӣ, бозтавлид ва мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ дар доираи квотаҳои ҷудошудаи сайди моҳӣ амалӣ мегардад.

3. Моҳигирӣ бо мақсади парвариши моҳии молӣ барои амалҳои зерин анҷом дода мешавад:

- бунёд намудани саршумори зарурии моҳии наслдиҳандаи зотӣ бо мақсади бозтавлид;

- ташаккули селаи моҳии зотӣ  ва такмилӣ.
4. Моҳигирӣ бо мақсади бозтавлид ва  ғанӣ гардонидани захираҳои моҳӣ, бо роҳи дошта гирифтани фардҳои пурарзиши моҳиҳо аз объектҳои обӣ амалӣ карда мешавад.

5. Моҳигирӣ бо мақсади мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ, бо роҳи ба объектҳои обӣ интиқол додани селаи моҳӣ ва  устувор намудани захираҳои пурарзиши моҳӣ анҷом дода мешавад.

6. Моҳии бо мақсади бозтавлид сайдшуда баъд аз анҷом додани корҳои дахлдор дар минтақаи зотпарварии хоҷагиҳои моҳипарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ истифода мешаванд.

           Моддаи 22. Моҳигирӣ дар объектҳои обии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

   Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки бо моҳидории истеҳсолӣ машғуланд, метавонанд дар объектҳои обии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ моҳӣ сайд кунанд.

 

Моддаи 23. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ

1. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд бо истифода аз воситаҳои моҳигирӣ дар объектҳои обӣ, моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзиширо ройгон анҷом диҳанд, агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
2. Моҳигирии ҳаваскорӣ бо мақсади истеъмоли шахсӣ ва (ё) қонеъ гардонидани эҳтиёҷот ба истироҳати фаъол амалӣ карда мешавад. Назорати моҳигирии ҳаваскорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

3. Моҳигирии варзишӣ метавонад бо шарти баргардонидани захираҳои моҳии сайдшуда ба муҳити зисташон ва бе чунин шарт анҷом дода шавад.
4. Тартиби моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ, инчунин номгӯи воситаҳои моҳигирии истифодаашон бо ин мақсадҳо иҷозатдодашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.

5. Моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ дар объектҳои обие, ки моликияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, бо мувофиқаи соҳибмулкони онҳо анҷом дода мешаванд.

 

Моддаи 24. Маҳдудият ба моҳигирӣ

 1. Бо мақсади таъмини нигоҳдории захираҳои моҳӣ ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонанд ба моҳигирӣ маҳдудиятҳои зерин муқаррар карда шаванд:

- манъ кардани моҳигирӣ дар ҳудудҳои муайян ва (ё) нисбат ба  намудҳои алоҳидаи захираҳои моҳӣ;

- андоза ё вазни ҳадди ақалли сайди захираҳои моҳӣ;
- намуд ва миқдори воситаҳои иҷозатшуда ва усулҳои сайди захираҳои моҳӣ;

- ҳаҷм ва таркиби захираҳои моҳӣ;

- давраҳои моҳигирӣ дар объектҳои обӣ.

2. Маҳдудияти моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо назардошти тавсияҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ муқаррар карда мешаванд.


          Моддаи 25. Маҳдудияти сайди намудҳои нодир ва зери хатари  нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои моҳӣ

  1. Маҳдудияти сайди намудҳои нодир ва зери хатари  нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои моҳӣ, ки ба Китоби сурх дохил карда шудаанд, вобаста ба мақсади сайди онҳо муайян карда мешавад, ки дар натиҷаи ин набояд ба захира ва муҳити зисти онҳо зарар расонида шавад.

  2. Ҳангоми сайди намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи моҳӣ, воситаҳо ва усули сайд бояд мувофиқ буда, ба захираҳои моҳӣ зарар нарасонанд.

  3. Дар хусуси сайди ғайриқонунии намудҳои нодир ва зери хатари  нобудшавӣ қарордоштаи захираҳои моҳӣ санад тартиб дода мешавад.

 

    Моддаи 26. Квотаҳои сайди моҳӣ

 1. Сайди имконпазири моҳӣ ҳар сол аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ  нисбат ба квотаҳои зерин ҷудо ва тасдиқ карда мешавад:

- моҳигирии истеҳсолӣ;

- моҳигирӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ (квотаҳои илмӣ);
- бо мақсади бозтавлид ва мутобиқкунонии  (акклиматизатсияи) захираҳои моҳӣ;

- бо мақсади ташкили моҳигирии ҳаваскорӣ ва варзишӣ.
2. Квотаҳои сайди моҳӣ мувофиқи дархости истифодабарандагон ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба намудҳои моҳӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ тасдиқ карда мешаванд.

3. Квотаҳо тавассути бастани шартномаҳо бо истифодабарандагон ба муҳлати як сол тасдиқ  карда мешаванд.

4. Сайди имконпазири умумии моҳӣ барои ҳар як объекти обӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад. Сайди имконпазири умумии моҳӣ бо тонна, сентнер ва килограмм ҳисоб карда мешавад.

5. Сайди имконпазири умумии моҳӣ бо мақсади илмию таҳқиқотӣ ва назоратӣ (квотаҳои илмӣ) бо килограмм ё бо воҳидҳои алоҳида (фардҳо) ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 27. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва

                                                ҳифзи захираҳои моҳӣ

1. Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳоиҳӣ бо мақсади таҳияи тавсияҳо оид ба истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ, аз ҷумла пешниҳодҳо оид ба тақсими квотаҳои сайди моҳӣ, таъсис дода мешавад.

2. Тартиби фаъолияти Шӯрои илмию истеҳсолии моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 6. ҲИФЗИ ЗАХИРАҲОИ МОҲӢ  ВА МУҲИТИ ЗИСТИ ОНҲО

                                  Моддаи 28. Мелиоратсияи объектҳои обӣ 

  1. Мелиоратсияи объектҳои обӣ тадбирҳои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои ҳолати гидротехникӣ, гидрологӣ, гидрогеохимиявӣ ва экологии объектҳои обиро бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои муносиб ҷиҳати ҳифз, бозтавлид, зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои моҳӣ дар бар мегирад.

 2. Объектҳои мелиоратсия метавонанд объектҳои обӣ бошанд.
 3. Тартиби гузаронидани мелиоратсияи объектҳои обӣ ва моҳигирӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.


       Моддаи 29. Мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ

   1. Мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ ба мақсади зиёд кардани маҳсулнокӣ ва арзиши ҳавзу обанборҳо, беҳтар намудани таркиб ва намудҳои моҳӣ, ҳифз ва зиёд кардани миқдори намудҳои алоҳидаи моҳии хушзот амалӣ мегардад.

  2. Назорат ва тартиби амалӣ намудани тадбирҳо оид ба мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.

  3. Пеш аз тадбирҳои мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ асосномаи биологии гузаронидани чунин тадбирҳо бояд таҳия ва тасдиқ карда шаванд. Асосномаи биологӣ аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия гардида, бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузарад ва аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шавад.
  4. Мушоҳидаи натиҷаи тадбирҳо оид ба мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ аз ҷониби муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ якҷоя бо сохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин карда мешавад барои:

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти пурра дар бораи натиҷаи ба объектҳои обӣ оварда сар додани моҳӣ;

- ҳалли масъалаҳо дар бораи қатъ намудани мутобиқкунонии (акклиматизатсияи) моҳӣ ба объектҳои обӣ.

 

Моддаи 30. Меъёрҳои сифати объектҳои обӣ, талабот нисбат ба низоми ин объектҳо

1. Нигоҳ доштани объектҳои обӣ ва моҳигирӣ дар ҳолати ҷавобгӯии талаботи дахлдори экологӣ, инчунин талаботи ҳифзи захираҳои моҳӣ ва бозтавлиди онҳо тавассути муқаррар ва риоя намудани меъёрҳои сифати объектҳои об таъмин мешавад.

2. Меъёрҳои сифати об дар объектҳои обӣ ва моҳигирӣ, аз ҷумла ҳадди имконпазири моддаҳои зараровар дар онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.

3. Ба объектҳои обӣ ва моҳигирии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда партофтани моддаҳои зараровар, ки ҳадди имконпазири онҳо барои объекти обии мазкур муқаррар нагардидааст, манъ мебошад.

 

 

 

Моддаи 31. Объектҳои обӣ ва моҳигирии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда 

1. Бо мақсади ҳифзи шароити бозтавлиди захираҳои моҳӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият маҳдуд мегардад.
2. Объектҳои обӣ ва моҳигирӣ ё қитъаҳои алоҳидаи онҳо, ки барои ҳифзи захираҳои моҳии намудҳои пурарзиш муҳиманд, метавонанд ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои низоми дахлдор эълон карда шаванд. Тартиби таъсис, фаъолият, масоҳат ва сарҳади чунин ҳудудҳои табиӣ бо дарназардошти маҳсулнокӣ ва таркиби захираҳои моҳӣ муайян  карда мешаванд.

3. Тартиби муайян намудани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, маҳдуд намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, хусусиятҳои ҷорӣ намудани чунин маҳдудиятҳо дар ин ҳудудҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 
         Моддаи 32. Талабот нисбат ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он ҳангоми ҷойгир кардани объектҳои хоҷагидории тарҳрезишаванда ва иҷрои корҳо дар объектҳои обӣ

1. Ҳангоми ҷойгир кардани объектҳои хоҷагидории тарҳрезишаванда, ҷорӣ намудани равандҳои нави технологӣ ва иҷрои дигар корҳо дар объектҳои обӣ, моҳигирӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти онҳо бояд пешбинӣ карда шаванд. Фаъолияти мазкур танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ карда мешавад.

2. Тадбирҳо оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ ва муҳити зисти он бояд то оғози фаъолияти банақшагирифташуда татбиқ карда шаванд.

3. Ҳангоми пурра ё қисман пешгирӣ карда натавонистани таъсири фаъолияти зикршуда ба ҳолати захираҳои моҳӣ, метавонанд тадбирҳои ҷуброни нигоҳдорӣ ва бозтавлиди захираҳои моҳӣ, инчунин барқарор намудани муҳити зисти онҳо пешбинӣ шаванд.

 

 

                                     БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.

Моддаи 34. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
        Моддаи 35. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи моҳипарварӣ"

    Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 "Дар бораи моҳипарварӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 12, мод. 544) аз эътибор соқит дониста шавад.                             
          Моддаи 36. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         Эмомалӣ РАҲМОН,
ш. Душанбе,

19 сентябри соли 2013,

№ 1021

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.