ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
(Ахбори МаҶлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 23, мод.353; соли 1998, №10, мод.125; соли 2002, № 4, қ-1, мод. 272)
Табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи татбиқи тадбирҳои қонунгузорӣ, ташкилию иқтисодӣ, технологӣ ва махсус, аз Ҷумла шаклҳои ҳудудии ҳифзи табиат, ки ба воситаи системаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда амалӣ мегарданд, муҳофизат карда мешавад. Таъсири рӯзафзуни антропогении ба биосфера зарурати боз ҳам гуногунтар ва васеътар кардани масоҳати ин ҳудудҳоро ва самарабахштар истифода шудани онҳоро муайян мекунад. Дар назди манфиатҳои иқтисодӣ ва иқтисодию иҶтимоии Ҷамъиятӣ ба танзим даровардани ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ҳаққи аввалият дорад.
ФАСЛИ I.
ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузорӣ дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Муносибатҳои соҳаи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, Қонунҳои ҳифзи табиат ва Ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера, муҳофизат ва истифодаи олами набототу ҳайвонот, кодексҳои Ҷангал, замин, об, инчунин санадҳои меъёрии мувофиқи онҳо таҳияшавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, шартномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ танзим мегардад.
Моддаи 2. Мафҳум ва категорияи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қитъаҳои замин ва оби дорои аҳамияти махсуси экологию муҳофизати табиӣ, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ ва санитарию солимгардонӣ мебошанд, ки пурра ё қисман,батаври доимӣ ё муваққатӣ аз истифодаи хоҶагӣ хориҶ монда, онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми муҳофизати махсус қарор додааст. Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи ягонаи фаъоли барои ҳифзу таҳқиқи табиати гуногуншакл, нигаҳдории мувозинати экологӣ ва ба амал баровардани мониторинги биосфера пешбинӣ гардида, инчунин ҳудудҳои шомили нақшаи умумии тараққиёт ва Ҷойгиронии ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаро ташкил медиҳанд. МаҶмӯи ин ҳудудҳо фонди табиию мамнӯъгоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, истифодаи он танҳо бо риояи талаботи ҳамин Қонун равост.
Ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда метавонанд дорои аҳамияти байналмилалӣ, давлатӣ, Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
Ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба категорияи объектҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, давлатӣ, Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ мансуб мешаванд.
Категорияҳои зайли ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванд муқаррар мешавад:
мамнӯъгоҳҳои табии давлатӣ, аз Ҷумла мамнӯъгоҳҳои давлатии биосферӣ;
боғҳои табиии давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ (боғҳои миллӣ) ва маҳаллӣ (боғҳои музофотӣ);
парваришгоҳҳои давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
ёдгориҳои давлатии табиати дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
боғҳои ҳайвоноти давлатии дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;
минтақаҳои экологию этнографӣ;
боғҳои дендрологӣва ботаникӣ;
минтақаҳои табиӣ, курортӣ ва табобатию солимгардонӣ.
минтақаҳои табиии дамгирӣ.
Бо қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақомоти давлатӣ дигар категорияҳои ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, инчунин дигар шаклҳои ҳудудии ҳифзи комплексу объектҳои табииро пешбинӣ намудан мумкин аст. Ба мақсади ҳифзи ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда аз таъсири номусоиди антропогенӣ дар қитъаҳои ҳамшафати онҳо минтақаҳои муҳофизатии дорои режими танзиму назоратшавандаи фаъолияти хоҶагӣ ташкил кардан мумкин аст.
Ҳудудҳоитабиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи пешгӯиҳо, нақшаи тадбирҳо ва нақшаҳои дурнамои тараққиёти иқтисодию иҶтимоӣ, нақшаҳои заминсозӣ ва планкашии ноҳиявӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Моддаи 3. Моликияти давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ҳудудҳоитабииӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда моликияти давлатӣ – сарвати умумии тамоми халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Амалҳое, ки ба таври ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро дар Ҷумҳурӣ вайрон мекунанд, манъ аст.
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Амалҳоизерин ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дохиланд:
таъмини амали ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшавандаба манфиати насли имрӯза ва оянда;
танзими фаъолияти мақомоти давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
қабули қарори ташкил кардан ва барҳам додани ташкилотҳои давлатӣ оиди ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
ба амал баровардани сиёсати давлатӣ ва қабули санадҳои дахлдори меъёрию ҳуқуқӣ;
таҳия ва тасдиқи барномаҳои давлатӣ;
ба амал баровардани назорати давлатӣ;
муқаррар кардани ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад мувофиқи Қонун ваколатҳои дигар дошта бошад.
Моддаи 5. Салоҳияти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Амалҳои зерин ба салоҳияти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда шомиланд:
идораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар ин соҳа;
ташкили мониторинг, таъсис ва таъмини кори умури давлатии назорати ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
даъво кардан оиди Ҷуброни зараре, ки дар натиҶаи риоя накардани қонунҳои ҳифзи табиат расидааст;
тартиб додани протокол ва баррасии парвандаҳои қонуншикании маъмурии соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
Қарорҳои мақомоти давлатии махсус ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз рӯи масъалаҳое, ки шомили салоҳияти онҳо мебошанд, барои ҳамаи шахсиятҳои ҳуқуқӣ ва шаҳрвандон ҳатмианд ва оиди онҳо ба додгоҳ шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар танзими муносибатҳои соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ин амалҳо дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти маҳаллии танзими муносибатҳо дар соҳаи ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошанд:
муайян кардани соҳаҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ва тасдиқ намудани барномаҳои экологӣ;
танзиму назорати фаъолияти ҳифзи табиати мақомоти маҳаллии идора, мусоидат намудан ба ихтиёран якҶоя кардани маблағ барои иҷрои тадбирҳои оид ба ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда;
баррасии дигар масъалаҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.
Моддаи 7. Мақомоти махсус ваколатдори давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Вазорати муҳофизати табиат ва мақомоти маҳаллии он, вазоратҳо, ташкилотҳо, идораҳо ва корхонаҳое, ки ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ба онҳо таалуқ доранд ваколатдори махсуси давлатии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махус муҳофизатшаванда мебошад.
Моддаи 8. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар нақшаҳои тараққиёти иқтисодӣ ва иҶтимоӣ пешбинӣ мешаванд. Ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандабоназардошт ва дар асоси мутобиқати илман асосноки манфиати иқтисодию экологии Ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.
Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар таркиби барномаҳо ва дурнамоҳои тараққиёти иқтисодию иҶтимоӣ дар асоси барномаҳои давлатии экологӣ ва нақшаи умумии тараққиёт ва Ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда, соҳаҳои хоҶагии халқ бо назардошти захираҳои табиии Ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он ҳамасола ва ба муддати дароз ба нақша гирифта мешаванд.
Истифодаи табиат ва ҳифзи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳое, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, соҳаба соҳаба нақша мегиранд.
Моддаи 9. Таъминоти моддию техникӣ ва ҷудо кардани маблағ барои тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, вазорату идораҳо, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияташон, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.
Барои тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда, ба ғайр аз мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо маблағ аз ҳисоби манбаъҳои зайл ҷудокарда мешавад:
фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи табиат;
фондҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, кредити банкҳо;
кумаки ихтиёрии аҳолӣ ва дигар маблағҳо.
Барои мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо аз ҳисоби буҶетҳои Ҷумҳуриявию маҳаллӣ, фондҳои корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки ин ҳудудҳоро ба мақсади лабораторӣ истифода мебаранд, инчуниназ ҳисоби кӯмакҳои ихтиёрӣ, коллективӣ ва шахсӣ маблағ Ҷудокарда мешавад.
Моддаи 10. Идораю назорати давлатии ташкил, ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Ба ташкилу истифода ва ҳифзи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз Ҷумла боғу парваришгоҳҳои биосферӣ, миллӣ ва табиии дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ роҳбарии давлатӣ мекунанд.
Дар соҳаи банақшагирӣ, таъсису ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мақомотҳои махсус ваколатдори давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда назорати давлатӣ мекунанд.
Моддаи 11. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Кадастри давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда маълумотро дар бораи статуси ҳуқуқии ин ҳудудҳо, мавқеи ҷуғрофӣ, реҳим ва истифодабарандагони табиат, хусусияти миқдории комплекси табиӣ, қадру қимати экологӣ, илмӣ, маърифатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро дарбар мегиранд.
Кадастри давлатии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ба мақсади арзёбӣ кардани вазъи фонди табиии мамнӯъгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани дурнамои тараққиёти шабакаи ин ҳудудҳои Ҷумҳурӣ, таъмини ҳифзи онҳо ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ, назорати беҳтари давлатии ҳифзи генофонд ва риоя кардани режими дахлдор инчунин ба ҳисоб гирифтани аҳамияти ин ҳудудҳо ҳангоми ба нақшагирии тараққиёти иҶтимоию иқтисодӣ ва Ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии минтақа ба роҳ монда мешавад.
Кадастри давлатӣ аз рӯи системаи ягонаи муайянкардаи мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор ба роҳ монда, ба зиммаи идораҳое, ки ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон мебошанд, гузошта мешавад. Тартиби кадастри давлатӣ кардани ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 12. Иштироки аҳли Ҷомеа дар ташкилу ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои Ҷавонон, Ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, Ҷамъиятҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ, инчунин шаҳрвандони алоҳида дар амалӣ гардонидани тадбирҳои ташкилу ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин оинномаҳо (низомномаҳои) ташкилотҳои Ҷамъиятӣ иштирок мекунанд.
ФАСЛИ II.
МАМНӮЪГОҲҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 13. Қоидаҳои умумӣ
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ муассисаҳои тадқиқоти илмии ҳифзи табиат буда, мақсадашон ҳифзу омӯзиши Ҷараёни табиии протсессу ҳодисаҳои табиат, генофонди микроорганизмҳо, растаниҳо ва ҳайвонот, системаҳои маъмулу нодир мебошад.
Замину об, маъдан, олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи доимӣ ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Тартиби истифодаро мақомоте, ки ин мамнӯъгоҳҳо дар ихтиёрашон мебошад, муайян мекунанд. Ба иҶора додани замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст.
Моддаи 14. Вазифаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
Ба зиммаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:
ҳифзи гуногуншаклии биологӣ бо роҳи дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани тамоми хусусиятҳои табиии мамнӯъгоҳ;
ба роҳ мондани мониторинги биологӣ;
гузаронидани тадқиқоти илмӣ;
иштирок дар экспертизаи давлатии экологӣ, лоиҳаю нақшаҳои Ҷойгиронии объектҳои хоҶагӣ ва дигар объектҳо, ки татбиқи онҳо метавонад ба хусусиятҳои табиии мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири бад расонад;
кӯмак кардан ба таълими кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи табиат;
тарғиби донишҳои экологӣ.
Моддаи 15. Мамнӯъгоҳҳои давлатии биосферӣ
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки ба системаи байналмилалии мамнӯъгоҳҳои биосферӣ дохил шуда ба мониторинги экологии умумӣ мепардозанд ва сертификати ЮНЕСКО-ро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ин ташкилоти байналмилалӣ ба даст овардаанд, статуси мамнӯъгоҳҳхои табиии биосферии давлатӣ доранд.
Моддаи 16. Тартиби ташкили мамнӯҳгоҳҳои табиии давлатӣ
Дар бораи ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва тасдиқи Низомномаи онҳо, инчунин васеъ кардани ҳудуди онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатии ҳифзи табиат, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилотҳои манфиатдори давлатӣ қарор қабул мекунад.
Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии идораю корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳое, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагӣ ва истифодаи табиат машғуланд, лозим нест.
Дар сурати зарурат ҳудудҳои мамнӯъгоҳ, ки дар таҳти тасарруф ё истифодаи корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо қарор доранд, замини ин ҳудудҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.
Дар асоси нақшаи умумии тараққиёт ва Ҳойгиронии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда ё нақшаи ҳудудии ҳифзи табиат, ки Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҲикистои тасдиқ кардааст, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар бораи эҳтиёт карда мондани қитъаҳои замине, ки бояд ба мамнӯъгоҳ табдил дода шаванд, қарор қабул мекунанд. Онҳо дар ин ҳудуд фаъолияти хоҲагиро то вақти қабул шудани қарори ташкили мамнӯъгоҳ маҳдуд менамоянд.
Моддаи 17. Идораи мамнӯҳгоҳҳои табиии давлатӣ
Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатиро мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ идора мекунанд. Мамнӯъгоҳҳои давлатӣ мувофиқи моддаи 7-уми ҳамин Қонун дар ихтиёри мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ мебошанд.
Ҳар мамнӯъгоҳ дар асоси Низомномаи худ, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.
Моддаи 18. Режими мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
Дар ҳудудимамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияте, ки тараққиёти муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунад, инчунин бо иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.
Ба обу ҳавои ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатшавандаи онҳо акклиматизатсияи растанию ҳайвонот манъ аст.
Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ андешидани тадбирҳои зайл равост:
муҳофизат барқарор ва пешгирӣ намудани тағйироти комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои тадқиқоти илмие, ки ба зиммаи мамнӯъгоҳанд;
тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитарӣ, инчунин навъҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ заруранд.
Ба мамнӯъгоҳҳои биосферӣ ҳудудҳоро бо роҳи дар онҳо ҷудокардани минтақаҳои дорои режими зайл ҳамроҳ намудан мумкин аст:
минтақаи фаъолияти маҳдуди хоҷагӣ (полигони биосферӣ), ки дар ҳудуди он тадқиқоти илмии таҷрибавии ба мақсадҳои мамнӯъгоҳ мутобиқ гузаронида, натиҷаи онҳо татбиқ карда мешаванд;
минтақаи мобайнӣ (буферӣ), ки режими онба кам кардани таъсири фаъолияти хоҷагӣ дар маркази мамнӯъгоҳ нигаронда шудааст.
Режими мушаххаси минтақаҳои мамнӯъгоҳи биосферӣ мувофиқи соҳаи илмӣ ва мақсади таъсиси он муқаррар ва бо Низомномаи он муайян карда мешавад.
Дар мамнӯъгоҳҳои биосферие, ки дар маҳалҳои зисти аҳолӣ таъсис дода мешаванд, қитъаҳои истифодабарии анъанавии табиатро Ҷудокардан мумкин аст.
Ба ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ омаду рафт кардани шаҳрвандон ва мансабдороне (ба ғайр аз онҳое, ки назорати давлатӣ мебаранд), ки кормандони мамнӯъгоҳ ё мақомоте намебошанд, ки мамнӯъгоҳҳо дар ихтиёрашон аст, фақат дар сурати доштани иҷозатномаи ин мақомот ва маъмурияти мамнӯъгоҳҳо раво мебошад.
Дар ҳудуди қитъаҳои муҳофизатӣ фаъолияти хоҷагӣва дигар фаъолияте, ки ба объектҳои табиии комплекси мамнӯъгоҳҳо таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
Дар атрофи мамнӯҳгоҳҳои табиии давлатӣ сохтани объектҳои нави хоҷагӣ ва пеш гирифтани дигар фаъолияте, ки ба режими мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, обу ҳаво ва хоки онҳоро аз ҳад беш олуда месозанд, режими гидрологиро дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои давлатӣ тағйир медиҳанд, фақат бо розигии мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат мумкин аст.
Моддаи 19. Фаъолияти тадқиқоти илмӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти тадқиқоти илмӣ бо роҳи тадқиқоти стасионарии доимии бисёрсолаи комплекси ба роҳ монда, ба омӯзиши комплексҳои табиӣ ва назорати дурударози Ҳараёни равандҳои табиии бо мақсади муайян ва пешгӯӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи табиат, эҳтиёт кардани шаклҳои гуногуни биосфера, афзун гардонидан ва самарабахш истифода намудани протсессҳои табиӣ равона шудааст. Барои тамоми мамнӯъгоҳҳои давлатӣ навиштани «Солномаи табиат» ҳатмист.
Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ Шӯроҳои олимон ташкил кардан мумкин аст. Ҳайати Шӯрои олимон ва Низомномаи онро мақоме, ки мамнӯъгоҳ дар ихтиёри он мебошад, тасдиқ мекунад.
Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлат бояд бе мӯҳлат ҳифз карда шаванд.
Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.
Хусусиятҳои мушаххас, реҲим ва соҳаи илмии мамнӯъгоҳҳои давлатӣбо Низомномаи ҳар мамнӯъгоҳ муқаррар карда мешавад. Ин Низомномаро мақоме, ки мамнӯъгоҳ тобеаш мебошад, тасдиқ мекунад.
ФАСЛИ III.
БОҒҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 20. Қоидаҳои умумӣ
Боғҳои табиии давлатӣ муассисаҳои ҳифзи табиат буда, ҳудуди (ҳавзаи) онҳо комплексҳои табиии дорои аҳамияти хоси экологӣ, таърихӣ ва эстетикиро дар бар мегиранд. Онҳо ба мақсадҳои ҳифзи табиат, дамгирӣ, илму маърифат ва фарҳанг истифода карда мешаванд.
Ҳудуди боғҳои табиии давлатӣ дар заминҳое, ки барои соҳибӣ ё истифода кардан дода мешаванд, инчунин дар заминҳои моликону истифодабарандагони дигар воқеъ мегарданд.
Ба зиммаи боғҳои табиии давлатӣ вазифаҳои зайл гузошта мешаванд:
ҳифзи комплексҳои табиии қитъаю объектҳои табиии намунавию нодир;
ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, меъморӣ, таърихӣ, ландшафтҳои таърихӣ ва фарҳангӣ);
ба роҳ мондани маърифати экологии аҳолӣ;
таҳия ва татбиқ кардани методҳои илмии ҳифзи табиат;
муҳайё кардани шароит барои туризму истироҳати танзимшаванда дар шароити табиӣ.
Боғҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ (боғҳои миллӣ) ва маҳаллӣ (боғҳои музофотӣ) бошанд.
Моддаи 21. Тартиби ташкил додани боғҳои табиии давлатӣ
Қарори ташкил намудани боғҳои табиии давлатии дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ (боғҳои миллӣ) ва тасдиқи Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи дархости мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ қабул мекунад.
Дар бораи ташкили боғҳои табиии дорои аҳамияти маҳаллӣ (бо музофотӣ) мақомоти Ҳукумати маҳаллӣ дар асоси дархости мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ қарор қабул мекунад.
Ҳудудҳои эҳтиётӣ барои ташкил кардани боғҳои табиии давлатӣ мутобиқи тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ Ҷудо карда шавад.
Моддаи 22. Режими боғҳои табиии давлатӣ
Дар ҳудудҳои боғҳои табиии давлатӣ режими гуногуни муҳофизат ва истифода, ки Низомномаи боғи табиии давлатӣ бо назардошти хусусиятҳои маҳаллии табиӣ ва иҲтимоӣ муайян намудааст, муқаррар карда мешавад.
Мувофиқи он дар ҳудуди боғҳои табиии миллӣ минтақаҳои муҳофизатии дорои режиме, ки барои мамнӯъгоҳҳои давлатӣ пешбинӣ шудаанд, минтақаҳои мамнӯъ, минтақаҳои ҳифзи объектҳои таърихию фарҳангӣ, минтақаҳои дамгирӣ, хоҷагӣ ва ғайра барпо карда мешавад. Дар ин боғҳо корҳое ба сомон расонда мешаванд, ки хилофи вазифаҳои боғҳои табиии давлатӣ нестанд. Имконият ва салоҳияти ба минтақаҳо тақсим кардани ҳудуди боғҳои табиии давлатии маҳаллиро мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат муайян менамоянд.
Дар ҳудуди боғҳои табиии давлатӣ ин корҳо манъ аст:
Корҳое, ки ба комплексҳои табиӣ ва объектҳои таҳти муҳофизат гирифташудаи таърихию фарҳангӣ хатар доранд;
ҲустуҲӯи геологӣ ва коркарди маъдан;
буридани дарахтон, буттазор, бетартибона истифода бурдани олами набототу ҳайвонот;
фаъолияти корхонаҳое, ки хавфи азими экологӣ дорад (саноати селлюлозаю коғаз ва химия);
корҳое, ки режими гидрологиро тағйир медиҳанд;
сохтани шоҳроҳҳо, трубопроводҳо, хатҳои интиқоли барқ ва дигар иншоотҳое, ки ба кори боғҳо вобаста нестанд;
Ҳойгиронии организмҳои зиндабо мақсадиодат кунонидани онҳо ба обу ҳавои он Ҳо.
Мувофиқи Низомномаи боғҳои табиии давлатӣ дигар шаклҳои фаъолиятеро, ки қимати табиӣ, илмӣ, эстетикӣ, ва фарҳангии ҳудудҳояшонро паст карда метавонанд, манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.
ФАСЛИ IV.
ПАРВАРИШГОҲҲОИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 23. Қоидаҳои умумӣ
Парваришгоҳҳои давлатӣ ҳудудҳоеро дар бар мегиранд, ки бо мақсади ҳифзу барқарор кардани комплексҳои табиӣ ё қисматҳои онҳо дар давраи барои иҷрои ин вазифа зарурӣ ҷудокарда шудаанд.
Парваришгоҳҳои давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
Парваришгоҳҳои давлатии дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ тобеи мақоми давлатии махсуси ваколатдор буда, барояшон аз буҷети Ҷумҳуриявӣ маблағ Ҷудокарда мешавад.
Ба парваришгоҳҳо мақомоте, ки ҳудуди махсус муҳофизатшавандаи табиӣ ба онҳо вобаста карда шудааст, роҳбарӣ карда метавонанд.
Тобеият ва тартиботи ба парваришгоҳҳои маҳаллӣ Ҷудо кардани маблағҳоро мақомоте муайян менамоянд, ки дар бораи таъсиси онҳо қарор қабул мекунанд.
Моддаи 24. Тартиби ташкил кардани парваришгоҳҳои давлатӣ
Парваришгоҳҳои давлатии Ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонбо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.
Парваришгоҳҳои давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ таъсис медиҳад.
Бидуни аз истифодабарандагон ва соҳибони замин ситонидани заминашон парваришгоҳҳои давлатӣ эълон кардани ин масоҳат раво мебошад.
Моддаи 25. Режими парваришгоҳҳои давлатӣ
Дар ҳудуди парваришгоҳҳои давлатӣ ҳамагуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ бояд қатъ гардонида ё маҳдуд карда шавад.
Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои режими ҳар парваришгоҳи давлатӣ бо Низомнома муайян карда мешавад. Ин Низомномаро мақомоте, ки дар бораи ташкили парваришгоҳи давлатӣ қарор қабул мекунад, тасдиқ менамояд.
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳое, ки дар замини онҳо парваришгоҳи давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд режими дар парваришгоҳҳои давлатӣ муқарраргардидаро риоя кунанд.
ФАСЛИ V.
БОҒҲОИ ҲАЙВОНОТИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 26. Қоидаҳои умумӣ
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ – муассисаҳои дорои мақоми ҳифзи табиат ва илмӣ - тадқиқотии ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда мебошанд, ки барои ҳифз, афзоиши олами ҳайвонот ва истифодаи онҳо муайян шудаанд.
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ метавонанд дорои аҳамияти Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
Моддаи 27. Ташкили боғҳои ҳайвоноти давлатӣ, ба минтақа Ҷудокунӣ ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо
Боғҳои ҳайвоноти давлатии Ҳумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.
Боғҳои ҳайвоноти давлатии маҳаллиро мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ таъсис медиҳанд.
Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои ҳайвоноти давлатӣ, мутобиқи қонунгузорӣ барои истифодабарии доимӣ дода мешаванд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ барои нигоҳдорӣ ва афзоиши ҳайвонот минтақаи намоишӣ, барои гузаронидани тадқиқоти илмӣ минтақаи илмӣ, барои хизматрасонии тамошобинон минтақаҳои Ҳамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҲагию истеҳсолӣ Ҷудо карда мешаванд.
Моддаи 28. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамолики Ҳаҳонро Ҳамъ меоваранд ва ҳифзи онҳоро таъмин менамоянд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ воридоту содироти ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо бо дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) тибқи тартиботи муқарраршуда анҲом дода мешавад.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ хадамоти байторӣ ва зоотехникӣ, Ҳои махсуси инкишоф додани насли ҳайвоноти нодир, ки ба онҳо нобудшавӣ таҳдид мекунад, таъсис дода мешавад.
Моддаи 29. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои ҳайвоноти давлатӣ
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ ба мақсадҳои илмӣ, маданӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Тадқиқотҳои илмӣ дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ дар соҳаи нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимкушода гузаронида мешавад.
Боғҳои ҳайвоноти давлатӣ метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо таъсис диҳанд, вобаста ба фаъолияти онҳо адабиёти илмӣ, илмию оммавӣ ва ғайраро нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, кори селексионӣ ва зотгири хизмати пулакӣ расонанд.
Дар боғҳои ҳайвоноти давлатӣ мутобиқи тахассуси ин муассисаҳо хоҲагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳоро, ки барои фаъолияти хоҲагидории онҳо зарур аст, таъсис додан мумкин аст
ФАСЛИ VI.
ЁДГОРИҲОИ ТАБИИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 30. Қоидаҳои умумӣ
Объектҳои табиии муқаррарӣ ва сунъииаз Ҳиҳати экологӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва эстетикӣ нодиру пурқиммат ёдгориҳои табиии давлат мебошанд.
Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.
Моддаи 31. Тартиби ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиат
Объектҳои табиатро бо пешниҳоди мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон менамояд.
Дар бораи ёдгории табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиат мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо ризояти мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қарор қабул мекунанд.
Бидуни аз соҳибони замин ва заминистифодабарандагон гирифтани қитъаҳои заминашон объектҳои онро эълон кардани объектҳои ёдгории табиии давлатӣ раво мебошад.
Моддаи 32. Режими ёдгориҳои табиии давлатӣ
Дар ҳудуди Ҳойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки онҳоро хароб карда метавонад, манъ аст.
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, дигар истифодабарандагону моликоне, ки ёдгориҳои табиии давлатӣ дар замини онҳо воқеъ гардидаанд, ӯҳдадоранд ёдгориҳои табиии давлатиро муҳофизат намоянд. Мақоме, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои муҳофизат супорида, ӯҳдадориҳои муҳофизат ва шиносномаи онро, ки дар он режими ҳифзи ёдгории табиат муайян мегардад, ба расмият медароранд. Хароҷоти таъмини режими ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби фондҳои Ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи табиат буда,ба ин маблағи корхонаю муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва дигар корхонаю муассиса ва ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кардан мумкин аст.
ФАСЛИ VII.
МИНТАҚАҲОИ ЭКОЛОГИЮ ЭТНОГРАФӢ
Моддаи 33. Қоидаҳои умумӣ
Минтақаҳои экологию этнографӣ маҳалҳои зисти аҳолии бумӣ буда, бо мақсади ҳифзу барқарор намудани захираҳои табиии биологӣ, муҳити сукунат ва тарзи ҳаёти анъанавии ин аҳолӣ режими махсуси истифодаи табиатро талаб мекунад.
Минтақаҳои экологию этнографиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақомоти ҳокимияти вилоятӣ ва ноҳиявӣ ташкил менамояд.
Моддаи 34. Режими минтақаҳои экологию этнографӣ
Дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ ба фаъолияти хоҲагие, ки муҳити зисти аҳолӣ ва захираҳои биологиро хароб месозанд, набояд роҳ дода шавад. Дар маҳалҳои зисти доимии аҳолии таҳҳоӣ (маркази минтақаҳои экологию этнографӣ) фақат ба фаъолияти хоҷагии анъанавии маҳдуди ин аҳолӣ роҳ дода мешавад.
Минтақаҳои экологию этнографӣ дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурӣ мебошанд, ки он барои ҳар минтақаи экологию этнографӣ Низомномаи алоҳида тасдиқ менамояд.
ФАСЛИ VIII.
БОҒҲОИ ДЕНДРОЛОГӢ ВА БОТАНИКӢ
Моддаи 35. Қоидаҳои умумӣ
Боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ таъсисотеанд, ки ба мақсади дар шароити сунъӣ муҳофизат кардану омӯхтан ва мукаммал намудани объектҳои олами наботот ташкил карда шудаанд. Боғҳоидендрологӣ ва ботаникӣ метавонанд ҳам шахсиятҳои ҳуқуқии мустақиме бошанд, ки таъминоташон аз ҳисоби буҲети давлат сурат мегирад ва ҳам ба таркиби муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва таълимӣ шомил гардида, дар баланси онҳо бошанд.
Замини боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ аз ҳисоби истифодаи хоҷагӣ хориҷ карда, барои истифодаи доимӣ ба боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ дода мешавад.
Моддаи 36. Тартиби ташкил кардан, режими боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ
Боғҳоидендрологӣ ва ботаникиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти ҳокимияти вилоятию ноҳиявӣ ва ё мақомоти ҳокимияти вилоятию ноҳиявӣ бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил мекунанд.
Дар ҳудуди боғҳои дендрологӣ ва ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҲрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҲудияти набототи худрӯи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.
Ҳудуди боғҳои дендрологӣ ва ботаникиро ба минтақаҳои зайл тақсим кардан мумкин аст:
минтақаи намоишӣ, ки ба тамошои он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;
минтақаи илмию таҷрибавӣ, ки ба он фақат кормандони илмии боғи дендрологӣ ва ботаникӣ, инчунин мутахассисони дигар муассисаҳо даромада метавонанд;
минтақаи мамнӯъгоҳҳое, ки дар он комплексҳои муқаррарию нодир ва объектҳои растаниҳои табиӣ ҳифз карда мешаванд;
минтақаи маъмурӣ.
Вазифаҳои мушаххас, соҳаи илмӣ, статуси ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои реҲим ва муҳофизати ҳар боғи дендрологӣ ва ботаникӣ дар низомномаҳои алоҳидаи онҳо муайян карда мешавад. Ин Низомномаҳоро мақоме, ки боғҳо дар ихтиёраш аст, тасдиқ мекунад.
ФАСЛИ IХ.
МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ, КУРОРТӢ ВА ТАБОБАТИЮ СОЛИМГАРДОНӢ
Моддаи 37. Қоидаҳои умумӣ
Ба сифати минтақаҳои табиию курортӣ ва табобатию солимгардонӣ ҳудудҳои махсус ҳифзшаванда эътироф карда мешаванд, ки дорои хусусиятҳои табиӣ (дорои ҳавои хеле хушк, фитонсиду гили табобатӣ ва обҳои маъдании фаровон) буда, барои табобату пешгирии касалиҳо мусоидат менамоянд.
Тартиби минтақаҳои курортӣ ва табобатию солимгардонӣ эълон кардани ҳудудҳои табиӣ ва режими муҳофизати онҳо бо Низомномае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
Моддаи 38. Режими минтақаҳои табиӣ, курортӣ ва табобатию солимгардонӣ
Ба мақсади ҳифзи хосиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои табобатию солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз харобшавию олудагӣ ва пеш аз мӯҳлат хароб шудани онҳо ҳавзаҳои муҳофизати санитарӣ муқаррар карда мешаванд.
Дар ҳавзаҳои муҳофизати санитарӣ анҲом додани корҳое, ки хоку манбаъҳои об, ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба Ҳангалзор зиёну ба хосиятҳои муолиҲавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
ФАСЛИ Х.
МИНТАҚАҲОИ ТАБИИИ ДАМГИРӢ
Моддаи 39. Қоидаҳои умумӣ
Ҳудудҳоитабиии махсус муҳофизатшаванда ё қитъаҳои обе, ки барои дамгирии оммавии муташаккилонаи аҳолӣ ё туризм пешбинӣ шудаанд, минтақаҳои дамгирӣ дониста мешаванд.
Минтақаҳои табиии дамгирӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рӯи пешниҳоди мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо мувофиқаи истифодабарандагони манфиатдори обу замин ва ҷангал минтақаҳои табиии дамгирӣ эълон карда мешавад.
Моддаи 40. Режими минтақаҳои табиии дамгирӣ
Дар ҳудуди минтақаҳои дамгирӣ фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири бад расонида, манзараҳои табиатро хеле тағйир медиҳад ва дигар амале, ки ба истифодаи ин минтақаҳо аз рӯи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.
Минтақаҳои табиии дамгирӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва туризм мувофиқи шартномаҳое истифода карда мешаванд, ки коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои иттифоқи касаба, муассисаҳои туристӣ бо истифодабарандаи асосии захираҳои табиии ин ҳудудҳо ва бо розигии мақомоти махсус ваколатдори давлатии соҳаи ҳифзи табиат мебанданд.
Режими минтақаи табиии дамгирӣ бо Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
ФАСЛИ ХI.
ТАШКИЛИ ҲИФЗИ ҲУДУДҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 41. Муҳофизати мамнӯъгоҳҳои давлатӣ ва боғҳои табиии давлатӣ
Мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ аз тарафи хадамоти махсуси муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ ҳифз намуда, бо Низомномаи тасдиқнамудаи мақоме, ки мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ дар ихтиёрашон мебошад, танзим карда мешавад
Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшавандааз ҷумлаи кормандони мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ мебошанд.
Директори мамнӯъгоҳу боғи табиии давлатӣ ва муовинони ӯ саринспектори давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.
Моддаи 42. Ҳуқуқи инспекторони давлатии муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ
Кормандони мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ, ки инспекторони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳомебошанд, ҳақ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои инспекторони давлатии муҳофизати табиат ва ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Кормандони муҳофизати мамнӯъгоҳу боғҳои табиии давлатӣ ҳуқуқ доранд, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон силоҳ гирифта гарданд.
Силоҳ мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида дода, нигоҳ дошта, гирифта гашта ва истифода бурда мешавад.
Моддаи 43. Муҳофизати боғҳои табиии давлатии маҳаллӣ, парваришгоҳҳои давлатӣ ва дигар ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Боғҳои табиии давлатии маҳаллӣ, парваришгоҳҳои давлатӣ ва дигар ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин боғу ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, бо тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизат карда мешаванд.
ФАСЛИ ХII.
ҲАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ РЕЖИМИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИ ВА ОБЪЕКТҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 44. Ҳавобгарӣ барои риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда
Шаҳрвандон ва мансабдороне, ки барои риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда гуннаҳкоранд, аз рӯи қонунҳои мавҷуда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, шахсиятҳои ҳуқуқии байналмилалии хориҷӣ, ҳамчунин шаҳрвандон вазифадоранд товони зиёнеро, ки дар натиҷаи риоя накардани режими ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда расондаанд, ба андоза ва тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд.
ФАСЛИ ХIII.
ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ҲУДУДҲОИ ТАБИИ ВА ОБЪЕКТҲОИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 45. Шартномаҳои байналмилалӣ
Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мувофиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ ва дигар категорияҳои объектҳои байналмилалӣ дохил кардан мумкин аст.
Агар дар шартномаи байналмилалӣ оиди ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда нисбат ба қоидаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаи байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе 13 декабри соли 1996
№ 328.
ҚАРОРИ МАҲЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳоитабиии махсус муҳофизатшаванда»
(Ахбори МаҲлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №23, мод.354)
МаҲлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» аз лаҳзаи расман нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба МаҲлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба Қонун «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» мувофиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд;
- қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамин Қонун мувофиқ кунонад;
- аз тарафи вазорату идораҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав баррасӣ ва бекор карда шудани санадҳои меъёриро мувофиқи Қонун «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» таъмин намояд.
Раиси МаҲлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҲАБОВ
ш. Душанбе 13 декабри соли 1996
№ 329.