ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи олами ҳайвонот
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии онро муқаррар менамояд, ҳифз ва барқарор намудани захираҳои олами ҳайвонотро пешбинӣ мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- олами ҳайвонот (фауна) – маҷмўи ҳайвоноти ваҳшии бесутунмўҳра ва сутунмўҳрадор, ки дар ҳудуди Тоҷикистон муваққатан ё доимӣ мавҷуд мебошанд;
- объектҳои олами ҳайвонот – ҳамаи намудҳо, таркиб ва ҷои зисти ҳайвонот, ки мувофиқи Қонуни мазкур муҳофизат ва оқилона истифода карда мешаванд;
- ҳайвоноти ваҳшӣ – намуди ҳайвоноте, ки дар шароити табиӣ зиндагӣ мекунад;
- ҳайвоноти кўчӣ – намуди ҳайвонот ва паррандагоне, ки вобаста ба фасли сол аз як минтақаи зист ба дигар минтақа бо мақсади зимистонгузаронӣ, зиёд намудани насл ва бо дигар сабабҳо ҷой иваз мекунанд;
- ҳайвоноти нодир – намуди ҳайвоноти камшуморе, ки дар мавзеъҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он зиндагӣ мекунад;
- ҳайвоноти маҳаллӣ (эндемӣ) – намуди ҳайвоноте, ки дар як мавзеъи алоҳида зиндагӣ намуда, дар дигар мавзеъҳо дучор намешавад;
-ҳайвоноти бесутунмўҳра – намуди ҳайвоноте, ки устухонбандии асосӣ (сутунмўҳра) надорад;
-мониторинги олами ҳайвонот – дар мўҳлати муайяншуда гузаронидани муоинаи таѓйироти ҳолати олами ҳайвонот;
- коллексияи зоологӣ – фасли мукаммали илмие, ки нигораҳои олами ҳайвоноти зинда ва ё хўсаи онҳоро дар бар мегирад;
- кадастри давлатии олами ҳайвонот – номгўи намуд ва зернамудҳои ҳайвонот бо маълумоти пурраи илмии ҳолати онҳо;
- мутобиқшавии (адаптатсияи) ҳайвонот - ба муҳити зисти муайян мутобиқ шудани ҳар як намуди ҳайвонот;
- Китоби сурхи Тоҷикистон – ҳуҷчати асосӣ ва маҷмўи ҳама гуна мавод оид ба ҳолати намуди ҳайвонот ва набототи нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он тавсияҳои илман асоснок ва чорабиниҳои мушаххасу амалӣ оид ба ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноту наботот таҳия мегардад;
- популятсия– дар мавзеъи муайян зиндагӣ кардан ва инкишоф ёфтани як гурўҳи намуди ҳайвонот.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи олами ҳайвонот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами ҳайвонот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ҳуқуқи моликияти давлатӣ ба
объектҳои олами ҳайвонот
Олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат муҳофизат ва истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Моддаи 4. Категорияи олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот аз рўи таъиноти мақсадноки худ ба категорияҳои зерин тақсим мешавад:
- нодир ва таҳти хатари маҳвшавӣ қарор доштаи намудҳои ҳайвонот;
- намудҳои ҳайвоноте, ки объекти шикоранд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки объекти моҳидорианд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки мавриди истифодаи дигар мақсадҳои хоҷагии (ѓайр аз шикор ва моҳигирӣ) муайяннамудаи мақомоти ваколатдор қарор мегиранд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки ба мақсадҳои хоҷагӣ истифода карда намешаванд, вале қимати экологӣ, фарҳангӣ ва ѓайра доранд;
- намудҳои ҳайвоноте, ки саршумори онҳо барои ҳифзи сиҳҳатии аҳолӣ, пешгирии чорвои хонагӣ ва хоҷагиҳо аз касалшавӣ, осеб надидани муҳити зист, нарасонидани зиёни ҷиддӣ ба фаъолияти кишоварзӣ бояд танзим гардонида шавад.
Намудҳои ҳайвонот бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои олами ҳайвонот, эҳтиёт кардан, афзун гардонидани саршумор ва истифодаи мунтазам ба категорияҳо нисбат дода ва аз як категория ба категорияи дигар гузаронида мешаванд.
Моддаи 5. Объектҳои олами ҳайвонот
Объектҳои олами ҳайвоноти Тоҷикистон аз ҳайвоноти бесутунмўҳра ва сутунмўҳрадорон иборат мебошанд.
Объектҳои зайли олами ҳайвонот бояд таҳти муҳофизат ва истифодаи оқилона қарор гиранд:
- ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳолати озоди табиӣ;
- тухм, ҷанин, узв ва дигар маҳсулоти ин ҳайвонот;
- мавзеъи зиндагӣ, лона, ҷои тухмгузорӣ, мўрчахона, дигар ҷойҳои зисти табиии ҳайвонот, хандақҳои зимистонгузаронӣ, ҷои тулаккунӣ ва қароргоҳҳо барои истироҳат ва ѓизохўрии паррандаҳои кўчӣ, ҷойҳои доимӣ ё мавсимии ҷамъшавӣ, «таваллудхонаҳо» ва дигар маҳалҳои ҷамъомади ҳайвонот.
Моддаи 6. Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат,
истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот
Субъектҳои муносибат доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТӢ ДОИР БА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
доир ба олами ҳайвонот
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар танзими муносибатҳо оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин мансуб аст:
- амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ дар муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- таҳия ва якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷро намудани барномаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи оқилона, барқароркунӣ, афзун гардонидани маҳсулнокӣ, устувории олами ҳайвонот дар маҷмўъ бо дигар чорабиниҳои ҳифзи табиат;
- тасдиқи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, маблаѓгузорӣ, ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи мазкур;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, муассисаҳои илмӣ, идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои муҳофизат, истифода ва барқарорсозии олами ҳайвонот;
- тасдиқи тартиби ҳисоб кардан ва татбиқ намудани меъёрҳои пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот;
- тасдиқи нақшаи корҳои кадастрӣ ва мониторинги ҳолати олами ҳайвоноти ҷумҳурӣ;
- муқаррар намудани тартиби таъмини назорати давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- муқаррар кардани тартиби ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ вобаста ба мусоидат намудан ба ҳифзи олами ҳайвонот;
- ташкили ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот;
- иҷрои дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Салоҳияти мақомоти ваколатдори
давлатӣ доир ба олами ҳайвонот
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот (минбаъд -мақомоти ваколатдор) инҳо дохил мешаванд:
- тартиб додани рўйхати ҳайвоноте, ки шикори онҳо манъ аст;
- муқаррар намудани қоидаҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, муайян кардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот;
- назорати давлатии муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;
- таҳияи Низомномаи Китоби сурхи Тоҷикистон;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани номгўи олами ҳайвонот ба Китоби сурхи Тоҷикистон;
- корҳое, ки ҳангоми иҷрояшон қоида, меъёр, мўҳлат ва дигар талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиши саршумори ҳайвонот ва роҳҳои кўчиши онҳо риоя намешаванд, инчунин шикори ѓайриқонуниро бозмедоранд ва оид ба манъи онҳо ба суд даъво пешниҳод менамоянд;
- санҷиши риояи тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии ҳайвонот;
- дар матбуоти даврӣ нашр намудани иттилоот оид ба муҳофизат, истифода ва ҳолати олами ҳайвонот;
- ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонот;
- иҷрои дигар вазифаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Салоҳияти мақомоти маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ доир ба
олами ҳайвонот
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доира ва бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ояндаи олами ҳайвонотро муайян карда, ба таҳия ва татбиқи тадбирҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва ба зиёд шудани саршумори олами ҳайвонот мусоидат менамоянд, ба риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ назорат мекунанд, дигар масъалаҳои оид ба ҳифзу танзими истифодаи олами ҳайвонотро бо мақомоти давлатии ваколатдор ҳал менамоянд.
БОБИ 3. ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОН ВА
ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР БАРГУЗОРИИ
ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 10. Ҳамкории шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои
ҷамъиятӣ бо мақомоти ваколатдор дар
иҷрои чорабиниҳо оид ба олами ҳайвонот
Иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои ҷавонон, ҷамъиятҳои ҳифзи табиат, ҷамъиятҳои шикорчиён ва моҳидорон, ҷамъиятҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин шаҳрвандон мувофиқи қонунгузорӣ, инчунин оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои чорабиниҳои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот иштирок карда, барои гузаронидани онҳо ба мақомоти ваколатдор мусоидат менамоянд.
Моддаи 11. Бозрасиҳои ҷамъиятӣ
Ҷиҳати ёрӣ расонидан ба мақомоти ваколатдор дар кори муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бозрасиҳои ҷамъиятӣ ташкил кардан мумкин аст.
Низомномаи бозрасиҳои ҷамъиятӣ ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии онҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 12. Иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ
дар иҷрои тадбирҳои муҳофизат ва истифодаи
олами ҳайвонот
Шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд олами хайвонотро эҳтиёт ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд. Онҳо ба мақомоти ваколатдор дар амалӣ намудани тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот бо роҳи иштирок кардан дар иҷрои корҳои зарурӣ, пешниҳод кардани таклифҳо дар бораи муҳофизат, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот, хабар расонидан аз хусуси вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот, ки ба онҳо маълум аст, мусоидат менамоянд.
Мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки ҳангоми иҷрои тадбирҳо оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот пешниҳодоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ҳамаҷониба ба ҳисоб гиранд.
БОБИ 4. ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 13. Истифодаи олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот ба таври умумӣ ва махсус истифода бурда мешаванд.
Истифодаи умумии олами ҳайвонот - истифодаи олами ҳайвонот, инчунин хусусиятҳои фоидабахши он бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ.
Истифодаи махсуси олами ҳайвонот - истифодаи объекти олами ҳайвонот ва маҳсулоти фаъолияти ҳаётии он бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ.
Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар асоси рухсатнома ва (ё) иҷозатнома, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Тартиби истифодаи олами ҳайвонот
Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад.
Заминистифодабарандагони шикоргоҳҳои дахлдор ва мавзеъҳои зисти ҳайвонот, ки объектҳои шикор нестанд, барои истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқи афзалиятнок доранд.
Олами ҳайвонотро барои истифодаи бемўҳлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули ҷудо кардани қитъаи замин ва ба онҳо вобаста кардани шикоргоҳҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додан мумкин аст.
Истифодабарандагони олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифодаи ин объектҳоро дар асоси шартнома ба иҷора диҳанд.
Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо санадҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳуқуқи истифодаи шикоргоҳҳо дода шудаанд, инчунин бо иҷозатномаҳои дахлдор барои сайд кардани (дошта гирифтан, ҷамъ овардани) ин намудҳои олами ҳайвонот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз тарафи мақомоти ваколатдор дода мешавад, тасдиқ карда мешаванд.
Рўйхати намудҳои (гурўҳи намудҳои) ҳайвонот ё дигар олами ҳайвонотро, ки сайди онҳо бе иҷозат ё бидуни бастани шартнома мумкин аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 15. Намудҳои истифодаи олами ҳайвонот
Истифодаи олами ҳайвонот бо намудҳои зерин амалӣ мегардад:
- шикор;
- моҳидорӣ, аз ҷумла сайди ҳайвоноти бесутунмўҳраи обӣ;
- сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикору моҳидорӣ ва бесутунмўҳраи обӣ нестанд;
- истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, барқароркунӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаётии онҳо.
Мўҳлати истифодаи намудҳои алоҳидаи олами ҳайвонотро мақомоти ваколатдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 16. Намудҳои шикор
Ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз ҷониби шикорчиёни касбӣ, ҳаваскору варзишӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сайд карда мешаванд.
Дар шикор истифодаи аслиҳа ва усулҳои барои ҳамагон хатарноки сайд манъ аст.
Моддаи 17. Ҳуқуқи шикор кардан
Шахсҳои воқеӣ ҳуқуқи шикор кардан доранд, ба шарте, ки :
- синнусолашон ба ҳаждаҳ расида бошад ва дар шикор силоҳи оташфишонро кор фармоянд;
- синнусолашон ба чордаҳ расида бошад ва дар шикор намудҳои бо қоидаҳои шикор иҷозатшудаи олоти сайд, саг ва мурѓони шикориро истифода намоянд;
- шаҳодатномаи шикорчӣ дошта, аз қоидаҳои шикор имтиҳон супорида, боҷи давлатии рухсатномаи ҳуқуқи шикорро, ки қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, пардохта бошанд;
- барои истифодаи олами ҳайвонот иҷозатнома гирифта бошанд.
Хориҷиён дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаи ташкили шикор бо ташкилоти хоҷагии шикор ва ҳуҷҷате, ки ба шикор ҳуқуқдор будани онҳоро тасдиқ менамояд ва он дар мамлакати истиқоматдоштаашон дода шудааст ба гирифтани иҷозатномаи истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқдор мегарданд.
Моддаи 18. Ба роҳ мондани хоҷагии шикор
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи идора кардани хоҷагии шикор ва шикоргоҳҳо дода шуда метавонад. Онҳо вазифадоранд оид ба муҳофизат ва афзун гардонидани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин шикоргоҳҳо тадбирҳо андешанд.
Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ метавонанд бо мувофиқаи ташкилоту корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои ҷангал ва дигар заминистифодабарандагон дар шикоргоҳҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иморатҳои зарурӣ созанд, растании хўроки чорво парвариш кунанд, дигар корҳои мавриди зарурати хоҷагии шикорро анҷом диҳанд.
Моддаи 19. Муқаррар кардани қоидаҳои шикор ва
пешбурди хоҷагии шикор
Қоидаҳои шикор ва пешбурди хоҷагии шикор аз тарафиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 20. Сайди ҳайвоноте, ки объектҳои
шикор ва моҳидорӣ нестанд
Ҳайвонотеро, ки объектҳои шикор ва моҳидорӣ нестанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдор сайд кардан мумкин аст.
Моддаи 21. Манъи худсарона доштан ва нобуд
кардани морҳо ва дигар хазандагон
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона доштан ва нобуд кардани ҳамаи намуди мор ва дигар хазандагон, ба истиснои маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои муҳофизатии осоишгоҳҳои табобатӣ, фароѓатгоҳҳо, манъ аст.
Мор ва дигар хазандагонро танҳо бо иҷозати мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади тадқиқоти илмӣ доштан мумкин аст.
Моддаи 22. Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади
илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ
ва зебоишиносӣ
Барои истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо роҳҳои гуногуни мушоҳида, нишонгузорӣ, суратгирӣ ва ѓайра бидуни аз муҳити табиӣ ҷудо кардани ҳайвонот иҷозат дода мешавад, агар он ба ҳайвонот ё муҳити зисти онҳо зарар нарасонад ва ҳуқуқи дигар истифодабарандагони олами ҳайвонотро халалдор накунад, ба истиснои мавридҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.
Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити табиии зист бо тартиби пешниҳоднамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Моддаи 23. Истифодаи хусусиятҳои фоидабахши
фаъолияти ҳаётии ҳайвонот
Ба истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот - мазраъофаринҳо, поккорони табиии муҳит, гардолудкунан- дагони растаниҳо ва ѓайра бидуни ҷудо кардани онҳо аз табиат, ба истиснои мавридҳои муайянкардаи Қонуни мазкур, иҷозат дода мешавад.
Моддаи 24. Истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба
даст овардани маҳсулоти фаъолияти
ҳаётии онҳо
Истифодаи ҳайвонот ба мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо (асал, муми занбўри ваҳшӣ ва ѓайра) фақат бо шарти аз табиат ҷудо накардан ва нобуд насохтани ҳайвонот ва бидуни вайрон кардани муҳити табиии зисти онҳо мумкин аст.
Қоидаҳои истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдор муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 25. Пардохти ҳаққи истифодаи
олами ҳайвонот
Истифодаи махсуси олами ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда мебошад.
Тартибу меъёри пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонотро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» муқаррар менамояд.
Иҷорапулии олами ҳайвонот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба заминистифодабарандагони аввалия супорида мешавад.
Пули пардохтиистифодаи объектҳои олами ҳайвонот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои махсус дохил мегардад, дар навбати аввал барои муҳофизат ва барқарор намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти онҳо, барои тартиб додани кадастри давлатӣ, тадқиқотҳо ва мониторинги олами ҳайвонот, Китоби сурх, ба роҳ мондани кори мамнўъгоҳҳо ва корҳои тадқиқоти илмӣ харҷ карда мешавад.
Мамнўъгоҳҳо, осорхонаи мамнўъгоҳҳо, чорбоѓҳои миллию зоологӣ, боѓҳои зоологию ботаникӣ ва хоҷагиҳои ҷангалу шикор, инчунин корхонаю ташкилотҳо, коллективҳо ва шаҳрвандоне, ки барои истифода шикоргоҳҳои осебдида ё каммаҳсулро гирифтаанд, аз пардохти ҳаққи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот озод карда мешаванд.
БОБИ 5. ҲУҚУҚУ ВАЗИФАҲОИ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ
ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ. АСОСҲОИ ҚАТЪ
ГАРДИДАНИ ҲУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ОНҲО
Моддаи 26. Ҳуқуқи истифодабарандагони
олами ҳайвонот
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фақат ба он намудҳои истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷозат дода шудааст.
Дар мавридҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарандагони олами ҳайвонотро ба манфиати давлат ва ба манфиати дигар истифодабарандагон маҳдуд кардан мумкин аст.
Моддаи 27. Вазифаҳои истифодабарандагони
олами ҳайвонот
Истифодабарандагони олами ҳайвонот вобаста ба намуди истифода вазифадоранд, ки:
- қоида, меъёр ва мўҳлати муқарраршудаи истифодаи олами ҳайвонотро риоя кунанд;
- олами ҳайвонотро тавре истифода баранд, ки тамомияти гурўҳҳои табиӣ халалдор нашавад ва ҳайвоноти ба истифода доданашуда осеб набинанд;
- муҳити зисти ҳайвонотро халалдор накунанд;
- саршумор ва ҳолати популятсияи ҳайвоноти мавриди истифода, инчунин вазъи муҳити зисти онҳоро ба ҳисоб гиранд;
- оид ба афзун гардонидани саршумори ҳайвонот тадбирҳои зарурии комплексӣ андешанд;
- ба мақомоти ваколатдор ва дигар мақомоте, ки ба муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот назорат мекунанд, ҳамаҷониба ёрӣ расонанд.
Истифодабарандагони олами ҳайвонот вазифадоранд дигар талаботро низ оид ба муҳофизату истифодаи объекти олами ҳайвонот ва афзунгардонии саршумори он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро кунанд.
Моддаи 28. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи
олами ҳайвонот
Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дар мавридҳои зайл бояд мутобиқан пурра ё қисман қатъ карда шавад:
- ихтиёран даст кашидан аз истифодаи олами ҳайвонот;
- намондани зарурати истифодаи олами ҳайвонот;
- ба охир расидани мўҳлати муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;
- барҳам хўрдан ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дода шудааст;
- қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатие, ки мутобиқи онҳо олами ҳайвонот барои истифода дода шуда буд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад;
- зарурати андешидани тадбирҳои махсуси муҳофизати олами ҳайвонот ё бинобар ба миён омадани хатаре, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд;
- ба таври доимӣ риоя накардани қоидаю меъёр ва дигар талаботи истифодаю муҳофизат ва афзун гардонидани олами ҳайвонот;
- мунтазам риоя накардани мўҳлати муқарраршудаи пардохти ҳаққи истифодаи олами ҳайвонот;
- зарурати бо тартиби муқарраршуда аз истеъмол гирифтани заминҳо ва олами ҳайвонот ба мақсади муҳофизати ҳайвонот, наботот ва дигар захираҳои табиӣ ё тамоми комплекси табиӣ;
- бо тартиби муқарраршуда аз истеъмол гирифтани заминҳое, ки дар онҳо олами ҳайвонот мавриди истифода қарор мегиранд;
- мунтазам риоя накардани шартҳои шартномаи иҷораи объектҳои олами ҳайвонот.
Мутобиқи Қонуни мазкур дигар асосҳое пешбинӣ шуда метавонанд, ки ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонотро қатъ гардонанд.
Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо роҳи бекор кардани рухсатномаҳои мақомоти ваколатдор қатъ мегардад.
БОБИ 6. ТАНЗИМИ САРШУМОРИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 29. Тадбирҳои танзими саршумори намудҳои
алоҳидаи ҳайвонот
Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии касалиҳои ҳайвонот ва пешгирии зиёне, ки ба хоҷагии халқ мерасад, барои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳо андешида мешаванд.
Моддаи 30. Муайян кардани намудҳо ва тартиби ташкили
чорабиниҳои танзими саршумори ҳайвонот
Намудҳои ҳайвоноте, ки саршуморашон бояд ба низом дароварда шавад ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои танзими саршумори онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо назардошти хулосаи ташкилотҳои илмии дахлдор ва мувофиқаи ташкилотҳои манфиатдори давлатию ҷамъиятӣ муайян карда мешавад.
БОБИ 7 . ТАДБИРҲОИ МУҲОФИЗАТИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 31. Муҳофизати олами ҳайвонот
Олами ҳайвонот бо роҳҳои зайл муҳофизат карда мешавад:
- муқаррар кардани қоидаю меъёрҳои муҳофизат, истифодаи оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва афзун гардонидани саршумори он;
- муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот, ки дар моддаи 32 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
- муҳофизат аз истифодаи худсарона ва кирдорҳои дигари риоя нашудани тартиби муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;
- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот;
- пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолӣ;
- барпо кардани мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҷудо кардани қитъаҳои дигари таҳти муҳофизати махсус қарордошта;
- дар шароити ѓайриозод парвариш кардани ҳайвоноти нодир ва ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад;
- ба мақсади коллексияҳои зоологӣ камтар дошта гирифтани ҳайвонот;
- ёрӣ расонидан ба ҳайвонот дар мавриди касалшавӣ, хатари нобудшавии онҳо ҳангоми офати табиӣ ва ба сабабҳои дигар;
- ташкили тадқиқоти илмӣ, ки мақсад аз он асоснок кардани тадбирҳои муҳофизати олами ҳайвонот аст;
- тарбияи шаҳрвандон дар рўҳияи дўст доштани ҳайвонот;
- таблиѓи муҳофизати олами ҳайвонот аз тариқи воситаҳои ахбори омма;
- андешидани дигар тадбирҳо ва муқаррар кардани талабҳои дигар оид ба муҳофизати олами ҳайвонот.
Моддаи 32. Муқаррар кардани манъу маҳдудиятҳо
дар истифодаи олами ҳайвонот
Бо мақсади ҳифз ва афзун намудани саршумори баъзе намудҳои ҳайвонот истифодаи онҳо дар ҳудуди муайян ва ба мўҳлати муайян бо тартиби муқаррарнамудаиҚонуни мазкур метавонад маҳдуд ё пурра манъ карда шавад.
Барои ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршумори объектҳои олами ҳайвонот чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- маҳдуд намудани мўҳлати истифодаи олами ҳайвонот;
- манъ кардани тарзу усул ва намудҳои олоти сайд;
- таѓйир додани меъёрҳои сайд;
- маҳдуд гардонидани миқдори истифодабарандагони олами ҳайвонот.
Барои муқаррар намудани манъу маҳдудиятҳо асос шуда метавонанд:
- риоя накардани синни ҷуфтшавии популятсияи ҳайвонот;
- кам гаштани саршумори ҳайвонот;
- бад шудани муҳити зист;
- зарурати муҳайё сохтани минтақаҳои ором дар ҷойҳои ҷамъомади анбўҳи ҳайвонот ҳангоми кўчиш ва наслдиҳӣ.
Барои нигоҳдории олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин манъ аст:
- нобуд кардани наботот ва дигар корҳое, ки вазъи муҳити зисти ҳайвонотро бад месозанд;
- бист метр наздик аз лонаҳои ҳайвоноте, ки ба тарзи ҷамъона зиндагонӣ мекунанд, шудгор кардани замин, бидуни он, ки онҳо бо розигии мақомоти ваколатдор пешакӣ ба ҷои дигар кўчонида шаванд;
- вайрон ва хароб кардани лонаи ҳайвонот, ҷамъоварӣ намудани тухми онҳо;
- бо амаду заврақҳои мотордор сайругашт кардан дар мавзеъҳои лонасозӣ ва тухмгузории мурѓҳои обӣ ва моҳиён;
- дар мавзеъи зисти оммавии ҳайвоноти сумдор ва мурѓони ҷамоавӣ бе розигии мақомоти ваколатдор як километр пасттар парвоз кардани тайёраҳо, чархболҳо ва ѓайра;
- нобуд сохтани муҳити зист, хароб кардани киштзори хўроки ҳайвонот, ниҳолу буттаҳои ҳифозатӣ, охурҳои ему намак, ишоранишонҳо, иншоотҳои зарурати шикору моҳидорӣ;
- сайди ҳайвоноти нодир ва таҳти хатари маҳвшавӣ қарордошта;
- илова бар меъёри муқарраршуда ва дар мўҳлати пешбининакардаи иҷозатномаи истифодаи олами ҳайвонот шикор кардани олами ҳайвонот;
- шикори объектҳои олами ҳайвонот бо истифодаи тарзу усул ва олоти барои сайди ҳайвонот ва моҳигирӣ пешбининашуда;
- сайди объектҳои олами ҳайвонот бо корбурди асбобҳои тарканда, маводи заҳрдор (ба истиснои маводи заҳрдори маҳв намудани хояндаҳои саҳроӣ ва ҳамчунин дар мавридҳои девонагӣ ва касалиҳои дигари ҳайвонот бо розигии мақомоти ваколатдор);
- бе иҷозати мақомоти ваколатдор парвариш намудан, насл гирифтан, дурага кардани ҳайвоноти бегона ва ҳамчунин сайд намудани ҳайвоноти ба табиати Тоҷикистон мутобиқшуда.
Моддаи 33. Талабот оид ба муҳофизат ва истифодаи
оқилонаи олами ҳайвонот
Ба мақсади истифодаи оқилона ва муҳофизати олами ҳайвонот талабҳои зайл риоя карда мешаванд:
- нигоҳдории шаклҳои гуногуни биологии ҳайвонот дар ҳолати озоди табиӣ;
- нигоҳдории тамомияти популятсияи намудҳои нодири ҳайвоноти эндемӣ, кўчӣ ва дигар анвои нодири ҳайвонот, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад;
- муҳофизати муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот ва гурўҳҳои табиии онҳо;
- истифодаи илман асосноку сарфакорона, комплексӣ, оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва мунтазам зиёд намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ;
- нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи хусусиятҳои фоиданоки фаъолияти ҳаётии намудҳои алоҳидаи ҳайвонот;
- истифодаи самаранок ва оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва танзими афзоиши ҳайвонот ва саршумори онҳо дар ҳолати озоди табиӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани зараре, ки ба табиати зинда ва хоҷагии халқ мерасад;
- эҳтиёт кардани хусусиятҳои олами ҳайвонот дар бобати муҳофизати об, хок, ба вуҷуд овардани муҳит, шароити истироҳат, барқароркунӣ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва инкишофи хоҷагии халқ;
- муҳофизати объектҳои олами наботот аз сўхтор, сел, бодлесӣ (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;
- истифодаи пулакии объектҳои олами ҳайвонот.
Моддаи 34. Риояи талабот зимни фаъолияте, ки ба вазъи
олами ҳайвонот таъсир мерасонад
Ҳама гуна фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи муҳофизати олами ҳайвонот иҷро гардад.
Моддаи 35. Муҳофизати муҳити зист, шароити
афзоиш ва кўчиши ҳайвонот
Ҳангомиҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо, такмил додани равандҳои мавҷудаи технологӣ ва ҷорӣ кардани равандҳои нави технологӣ, ба истифодаи хоҷагӣ додани заминҳои навкорам, ҳудуди ботлоқзор, назди соҳилҳо, дарёбод ва буттазор, обёрии замин, истифодаи ҷангалзор, иҷрои корҳои ҷустуҷўи геологӣ, истихроҷи маъдан, муайян кардани чарогоҳ ва гузаргоҳҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ, тартиб додани хати сайр ва ташкили ҷои истироҳати оммавии аҳолӣ бояд оид ба муҳофизати муҳити зист ва шароити афзоиши ҳайвонот тадбирҳо андешида шаванд, инчунин дахлнопазирии қитъаҳое, ки ҳамчун муҳити зисти ҳайвонот аҳамияти хоса доранд, таъмин карда шавад.
Ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, қубургузар ва дигар роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли барқу алоқа, инчунин иншоотҳои гидротехникӣ бояд тадбирҳое андешида шаванд, ки ҳифзи роҳҳои кўчиши ҳайвонотро таъмин намоянд.
Моддаи 36. Мувофиқа намудани сохтмони объектҳое, ки
ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонанд
Ҷои сохтмони корхонаҳо ва иншоотҳои дар моддаи 35 Қонуни мазкур зикршуда ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кўчиши ҳайвонот таъсир мерасонанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии ваколатдор мувофиқа кунонида мешавад.
Моддаи 37. Пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот зимни
иҷрои корҳои истеҳсолӣ ва истифодаи
воситаҳои нақлиёт
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки ҳангоми киштукор, чўбтайёркунӣ ва дигар корҳо, инчунин ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт барои пешгирӣ намудани талафоти ҳайвонот тадбирҳо андешанд.
Сўзондани растаниҳои хушк, нигоҳдории мавод, ашёи хом ва партовҳои истеҳсолот бидуни андешидани тадбирҳои муқарраршуда оид ба пешгирии ҳалокати ҳайвонот манъ аст.
Моддаи 38. Муҳофизати ҳайвонот дар мамнўъгоҳҳо,
парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои
махсус муҳофизатшаванда
Дар минтақаи мамнўъгоҳҳо моҳидорӣ ва шикор кардан, дошта гирифтани намудҳои гуногуни ҳайвоноти бесутунмўҳра, инчунин истифодаи дигар намудҳои олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои мамнўъгоҳҳо манъ аст.
Дар парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда намудҳои алоҳидаи истифодаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонотро пурра манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.
Тартиби муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонотро дар мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
БОБИ 8. МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТИ НОДИР ВА
НАМУДҲОЕ, КИ БА ОНҲО ХАТАРИ
НОБУДШАВӢ ТАҲДИД МЕНАМОЯД
Моддаи 39. Дохил намудани намудҳои ҳайвонот ба
Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Намудҳои ҳайвоноте, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, ба Китоби сурхи Тоҷикистон ва ба китоби намудҳои ҳайвоноти нодир дохил карда мешаванд. Низомномаи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Корҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халал ёфтани муҳити зисти ҳайвоноти нодир ва намудҳо гардида, ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад, манъ аст.
Моддаи 40. Тадбирҳо оид ба муҳофизати ҳайвоноти нодир ва
намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид
менамояд
Бо мақсади муҳофизати ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки баонҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд ва дар шароити табиӣ афзоиши саршумори онҳо имконнопазир аст, мақомоти ваколатдор вазифадоранд, ки барои афзоиши намудҳои мазкур шароити мусоид фароҳам оранд.
Ҳайвоноти нодир ва таҳти хатари маҳвшавӣ қарордоштаро танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш кардан дар шароити махсуси муҳаё кардашуда ва минбаъд раҳо кардани онҳо ба муҳити зисташон, ба мақсадҳои илмӣ ва дигар мақсадҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта гирифтан мумкин аст.
Моддаи 41. Тартиби истифодаи ҳайвоноти нодир ва навъҳое,
ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад
Истифодаи намудҳои ҳайвоноти кўчӣ, нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад, бо мақсадҳои тадқиқоти илмӣ, зиёд кардани саршумори онҳо ва дигар мақсадҳои дар моддаи 14 Қонуни мазкур нишондодашуда дар асоси иҷозатномаи мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими ҳайвонот додашуда амалӣ мегардад.
Бо мақсади ҳифз ва ба низом даровардани саршумор шикори ҳайвоноти нодир ва намудҳое, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ тахдид мекунад, манъ аст.
БОБИ 9. МУҲОФИЗАТИ ҲАЙВОНОТ ҲАНГОМИ
ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ МУҲОФИЗАТИ
РАСТАНӢ, АНГЕЗАҲОИ ИНКИШОФИ ОНҲО,
НУРИҲОИ МАЪДАНӢ ВА ДИГАР МАВОДИ
ДОРУВОРӢ
Моддаи 42. Талабот оид ба муҳофизати олами ҳайвонот ва
муҳити зисти ҳайвонот ҳангоми истифода ва
ҳамлу нақли воситаҳои муҳофизати растанӣ
Ҳангоми истифодаи воситаҳои муҳофизати растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар маводи дорувор, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд талаботи муҳофизати олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо ба эътибор гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии муҳофизати растаниҳо ва дигар маводи доруворӣ бо мақсади кам кардани таъсири зараровари онҳо ба олами ҳайвонот бояд бо иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва ѓайраҳо мувофиқ кунонида шавад.
Ба мақсади пешгирии ҳалокати ҳайвонот ва бадшавии муҳити зисти онҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста ба шакли моликияташон вазифадоранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи доруҳои зикршударо риоя намоянд.
Ҳангоми ихтирои доруҳои нав бояд меъёри таркиби мўътадили онҳо, ки ба муҳити табиӣ, муҳофизати ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо зараровар набошад, муқаррар карда шавад.
Моддаи 43. Муҳофизати ҳайвонот ҳангоми истифодаи
воситаҳои ҳифзи растанӣ , ангезаҳои
инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва
доруворӣ
Истифода, нигоҳдошт ва интиқоли воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва доруворие, ки дар хоҷагии халқ истифода мешаванд, бояд бехатарии олами ҳайвонот ва муҳити зисти онро таъмин намоянд.
Барои муҳофизати олами ҳайвонот меъёрҳои истифодаи ҳатталимкони воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва дигар доруворӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдор муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 10. КОЛЛЕКСИЯИ ЗООЛОГӢ
Моддаи 44. Ташкил намудан ва такмил
додани коллексияи зоологӣ
Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкил ва такмили коллексияҳои зоологӣ (коллексияҳои зинда, боѓи ҳайвонот ва боѓҳои дигар, инчунин дар шакли коллексияи хўсаҳо, доруҳо ва узвҳои ҳайвонот) бо роҳи аз муҳити табиӣ ба ин мақсадҳо дошта гирифтани ҳайвонот мақомоти ваколатдори муҳофизат ва танзими истифодаи олами ҳайвонот иҷозат медиҳад. Такмил додани коллексияҳои зоологӣ, ки моликияти шахсии шаҳрвандон мебошанд ва аз тарафи шаҳрвандон ташкил намудани коллексияҳои нав манъ аст, ба истиснои коллексияҳои иборат аз ѓаниматҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот, ки бо риояи талаботи муқарраршуда анҷом дода шудааст.
Моддаи 45. Баҳисобгирии давлатии коллексияҳои зоологӣ ва
вазифаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки соҳиби
чунин коллексия мебошанд
Коллексияҳои зоологии дорои аҳамияти илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё зебоишиносӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳ доштану ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани коллексияҳои объектҳои олами ҳайвонотро риоя намоянд.
Моддаи 46. Қоидаи истифода ва ба ҳисоб
гирифтани коллексияҳои зоологӣ
Тартиби ташкил кардан, такмил додан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ, қоидаҳои савдои онҳо, ҳамчунин тартиби фиристодан ва ба хориҷа бурдани объектҳои коллексияҳо ва маҳсулоти олами ҳайвонот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 11. КӮЧОНИДАН, МУТОБИҚ, ҶУФТӢ КАРДАНИ
ҲАЙВОНОТ ВА МАҲДУД НАМУДАНИ ҲУҚУҚИ
ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ОБЪЕКТҲОИ
ТАБИӢ
Моддаи 47. Кўчонидан, мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани
ҳайвонот
Ба мақсади тадқиқоти илмӣ, зарурати хоҷагӣ ба ҷойҳои нави зиндагӣ кўчонидан, мутобиқкунии олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тадбирҳои ҷуфтикунии ҳайвонот дар асоси хулосаи муассисаҳои дахлдори тадқиқоти илмӣ танҳо бо қарори мақомоти ваколатдори муҳофизат, танзим ва истифодаи олами ҳайвонот мумкин аст.
Худсарона кўчонидан, мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани ҳайвонот манъ аст.
Моддаи 48. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони
объектҳои табиӣ ба манфиати муҳофизати олами
ҳайвонот ва ба зиммаи онҳо гузоштани ўҳдадориҳо
Ба мақсади ҳифзи олами ҳайвонот ҳуқуқи истифодабарандагони замин, ҷангал, об ва сарватҳои зеризаминӣ маҳдуд карда шуда, ба зиммаашон ўҳдадориҳои дахлдор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд.
БОБИ 12. БАҲИСОБГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА КАДАСТРИ
ДАВЛАТИИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 49. Баҳисобгирии давлатӣ ва кадастри
давлатии олами ҳайвонот
Барои таъмини муҳофизат ва ташкили истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо ба роҳ монда, кадастри давлатии олами ҳайвонот ташкил карда мешавад, ки он маҷмўи маълумот дар бораи паҳншавии ҷуѓрофии намудҳои (гурўҳи намудҳои) ҳайвонот, саршумори онҳо, маълумотномаи истифодаи эҳтиёткоронаи ҳозиразамони ҳайвонот ва дигар маълумоти заруриро дар бар мегирад.
Моддаи 50. Тартиби баҳисобгирии давлатии ҳайвонот
ва истифодаи онҳо дар ташкили кадастри
давлатии олами ҳайвонот
Баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо ва ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот дар қитъаҳои озод аз ҳисоби давлат, дар қитъаҳои вобасташуда аз ҳисоби истифодабарандагони он ба роҳ монда мешавад.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд дар бораи паҳншавӣ, саршумор ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мақомоте, ки кадастри давлатиро ба роҳ мемонанд, маълумот диҳанд.
Қоидаҳои баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии олами ҳайвонот, муайян кардани рўйхати намудҳои (гурўҳи намудҳои) ҳайвонот, ки бояд ба ҳисоби давлатӣ гирифта, ба кадастри давлатӣ дохил карда шаванд, инчунин пешниҳод кардани маълумот барои ба ҳисобгирӣ ва ташкили кадастр мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
БОБИ 13. ҲАЛЛИ БАҲСҲО ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ
ИСТИФОДАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 51. Тартиби ҳалли баҳсҳо оид ба масъалаҳои
истифодаи олами ҳайвонот
Баҳсҳо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи олами ҳайвонот бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ҳал карда мешаванд.
БОБИ 14. ҶАВОБГАРӢ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ
ҚОНУН ДАР БОРАИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 52. Беэътибории аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлат
будани олами ҳайвонотро вайрон мекунанд
Худсарона гузашткунии ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот, инчунин дигар аҳдҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлат будани олами ҳайвонотро ба таври ошкоро ва ё пинҳонӣ вайрон мекунанд, эътибор надорад.
Моддаи 53. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
БОБИ 15. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 54. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат
ва истифодаи олами ҳайвонот»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами ҳайвонот» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, мод. 241; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 3, мод. 48) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 55. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 январи соли 2008
№354