- ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо (тибқи руйхати замимагардида – иншооти категорияи 4, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013, №253 тасдиқ карда шудааст), назорати танзими ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи муҳити зист ва лоиҳаҳое, ки ҳангоми амалишавии онҳо хавфи таъсиррасонӣ ба муҳити зист мавҷуд буда, аз тарафи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли фаъолият, тобеъият, моликият, шаҳрвандӣ ва мансубият, пешниҳод мешаванд;
- фаъолияти назоратиро дар соҳаи экспертизаи экологӣ дар ҳудуди вилоят амалӣ менамояд;
- таъмини иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши экспертизаи экологӣ дар вилоят;
- ба ҳолати воридот ва содироти маводҳои кимиёвӣ, автошинаҳои қисман истифодашуда ва ғайраҳоро зери назорат гирифта, меъёри онҳоро муайян менамояд;
- бо тартиби муқарраршуда дар таҳлил ва пешниҳод намудани лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи муҳити зист иштирок менамояд;
- иштирок дар таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба муайян кардани ҳадди ҷоизи меъёрҳои садо, ларзиш, майдони магнитӣ ва истифодаи моддаҳои кимиёвӣ;
- бевосита ва якҷоя бо дигар мақомоти дахлдор таъмин намудани талаботи қонунҳои амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифода ва ҳифзи муҳити зист ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ ва техникию идоравӣ;
- назорат оиди таҳияи ҳуҷҷатҳои танзимкунанда дар бораи ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандон дар фаъолияти вобаста ба ҳифзи муҳити зист, тартиби ҳалли баҳсҳои ҳифзи табиат ва ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар самти ҳифзи муҳити зист;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои Раёсат ва соҳаи такмили ҳисоботи омории давлатӣ ва идоравӣ, қоида ва стандартҳо оид ба меъёрдарории истифодаи табиат, дар мувофиқа бо воҳидҳои сохтории Кумита, омода сохтани пешниҳодҳо барои такмили стандартҳои экологӣ;
- ташкили базаи маълумот оид ба вазъи муҳити зист, фаъолияти назорати давлатӣ ва стандартҳои меъёрҳои экологӣ;
- пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили ҳисоботи омории давлатӣ ва идоравӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиат;
- маводҳоро барои ба экспертизаи давлатии экологӣ фаро гирифтан объектҳои категорияи 1, 2, 3, омухта, барои баррасӣ ба Кумита пешниҳод менамояд.
Шуъба барои ҳалли вазифаҳояш ҳуқуқҳои зеринро дорост:
- иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ;
- барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи стандартикунонӣ, сертификаткунони маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Раёсат ва Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар муҳокимаҳои масъалаҳои фаъолияти Раёсат, шуъбаҳо, бахшҳо дар ҷамъомадҳо, семинарҳо ва конференсияҳо иштирок менамоянд;
- аз воҳидҳои сохтории Раёсат, шуъбаҳо, бахшҳо, аз ҷумла бо мувофиқаи роҳбарияти Раёсат аз дигар вазорату идораҳо маълумоти ҷорӣ ва дигар маълумоти заруриро барои иҷрои вазифаҳои шуъба, мувофиқи ин Низомнома талаб менамояд.
- барои риояи меъёрҳои экологӣ ва стандартҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба корхонаю ташкилотҳои дар вилоят буда, новобаста аз шакли тобеъият ва моликияташон оиди ҷавобгу будан ба талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист назорат бурда, санҷишҳо мегузаронад ва таклифҳо пешниҳод менамояд.