Тозагии соҳил - кафолати солимии ҷомеа

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» огоз аз  санаи 18 июлсоҳили дарёи Сираз буттаҳои худруй, алафҳои бегона ва қамишзор, ки ҳусни соҳилро коста мегардонанд, тоза карда шуда истодааст.   

    Бино ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд тибқи нақша тоза намудани ду тарафи соҳили дарё аз қамиш ва алафҳои бегона пешбинӣ гардидааст.

Семинари машваратӣ дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- и ноҳияи Ҷ.Расулов

Бо мақсади ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва  баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас  бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти н.Ҷ.Расулов дар истироҳатгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-и ноҳияи Ҷ.Расулов семинари машваратӣ дар мавзўи «Об манбаи ҳаёт» гузаронида шуд.  Кормандони бахш Ҳасанбоев М. ва Кабиров Д. ба истироҳаткунандагон оиди ҳифз ва оқилона истифо-дабарии сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ, ҷалби хонандагон дар  аксияҳои экологӣ, мавзӯи муомилот бо партовҳо,, ки яке аз муаммоҳои актуалӣ мебошад, маълумоти муфассал доданд.

Баррасии масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар вохурӣ бо омӯзгорони ноҳияи Спитамен

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани  бандҳои нақшаи чорабиниҳои "Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020" ва баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ санаи 17 июли соли равон дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия вохӯрӣ  гузаронида шуд. Дар он намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Саидов Х., мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен Гулов А., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен Мамадализода Б., омӯзгорони фанни экология, биология ва география  дар маҷмуъ  40 нафар  иштирок доштанд. Дар рафти вохӯрӣ оид ба роҳҳои амалисозии барномаи мазкур, Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028, муаммоҳои дохилию ҷаҳонии оби тозаи нӯшокӣ, чораҷӯиҳо тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми вайронкунии талаботи қонунҳои соҳавӣ, дар бораи пешниҳоди раёсат тибқи таклифи омузгорони ноҳия  оид ба зиёд намудани соати дарсии фанни экология ва дигар масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани донишу маърифати экологӣ суханронӣ карда шуд.

«Наврасонро дар рӯҳияи табиатдӯстӣ тарбия намоем»

Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Дар истироҳатгоҳи тобистонаи бачагонаи “Вохӯрӣ”-и н.Б.Ғафуровкормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров бо истироҳаткунандагон – наврасон ва мураббиёни онҳо, ки ҳамаги зиёда аз 100 нафарро ташкил доданд,  вохӯрӣ ташкил намуданд.

    Кормандони шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Б.Ғафуров ба   наврасон дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологӣ, иштироки наврасон дар чорабиниҳои экологӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист сухан  намуданд.  

Скачано с веб-сайта JooMix.org.