Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич минтақаи Даҳанасой корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Дар ин мавзеъ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳсулотҳо ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаи беда ва коҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд.
Баргузории аксияи "Тозагии соҳил" дар шаҳри Гулистон
Санаи 17.01.2025 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар соҳили "Баҳри тоҷик" аксияи "Тозагии соҳил" бо мақсади тозаву озода намудани соҳили баҳр, ки мавзеи истироҳативу фароғатӣ аст ва ҳамарӯза меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар барои истироҳат ташриф меоранд баргузор гардид. Дар рафти баргузории аксияи мазкур соҳили баҳр аз партовҳо тозаву озода карда шуд.
Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, таъмини иҷрои нақшаи корӣ, бо иштироки кормандони сарраёсат ва бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон минтақаи “Дараи сабз” корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ маҳсулотҳо ба монанди картошка, резаи гандум, ҷав ва ҷуворимакка, намак, сабзӣ, карам, бастаибедавакоҳ истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди гург, бузи кӯҳӣ, хуки ёбоӣ, харгӯш, кабк ва дигар намуди парандаҳо сукунат доранд. Ҳангоми сард омадани ҳаво дар дигар минтақаҳои баландкӯҳи вилоят гузаронидани корҳои биотехникӣ пешбинӣ гардидааст.
Мизи мудаввар оид ба раванди фаъолияти «Нозирони сабз» дар татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»
Дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагии Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мизи мудаввар барпо гардид. Мизи мудавари мазкур дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабинҳоитатбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади шинос намудани намояндагони Марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва аъзоёни «Клуби экологӣ»-и донишкада бо фаъолияти «Нозирони сабз», инчунин бо нақшаҳои минбаъдаи корӣ барои соли 2025 гузаронида шуд. Боиси қайд аст, ки чорабинӣ дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо ҷалби сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» ташкил гардида, ба иштирокдорон дар бораи рафти татбиқи Барномаи давлатӣ дар солҳои 2021 - 2024 ва нақшаҳо барои соли ҷамъбастии 2025, презентатсияҳо доир ба фаъолияти «Клуби экологӣ»-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, фаъолияти «Нозирони сабз» дар соли 2024 ва нақшаи чорабиниҳои онҳо барои соли 2025 – 2026, дар бораи эълони озмуни «Омӯзгори беҳтарини «Нозирони сабз» байни омӯзгорони муассисаҳои таълимии бо раванди «Нозирони сабз» фаъолиятдошта ва Низомномаи озмун, моҳияти дарсҳои иловагӣ барои аъзоёни «Нозирони сабз» ва дигар масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ маълумот пешниҳод гардид.