Корҳои профилактикӣ дар шаҳри Бӯстон

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшида ба 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ  бомаром  идома дорад.

Бо ин мақсад   бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Бӯстон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  дар як қатор мавзеҳои кабудизори шаҳр (кӯчаҳои Ю.Гагарин, Б.Ғафуров) бо истифодаи техникаи махсус  шабона корҳои профилактикӣ гузаронида  шуд .

Бояд қайд кард, ки ҳангоми аз назаргузаронии мавзехои кабудизори шаҳр ҳодисаҳои ба касалӣ гирифтор шудани ниҳолҳо ва дарахтон мушоҳида гардид, ки ин боиси рехтани баргҳои дарахтон ва хушкшавии онҳо гардида, ба ҳолати экологӣ ва эстетикӣ таъсири манфӣ  расонид. Ба сохторҳои масъул  тавсия дода шуд, ки бо мақсади тезтар барқарор кардани  дарахтони касал онҳо бояд  бо маводҳои иловагии ғизоӣ таъмин карда шуда,  обмонии дарахтон ва ниҳолҳо мунтазам ба роҳ монда шавад.

Вохӯри бо имомхатибони масчидҳои шаҳри Хуҷанд оид ба вазъи экологӣ

Дирӯз дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба эълонгаштани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  вохӯрӣ бои момхатибони масҷидони ҷомеа ва панҷвақта доир гардид. Дар он намояндагони бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД ш.Хуҷанд, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд иштирок доштанд. Дар ҷараёни вохӯрии мазкур ҷиҳати тозаву обод нигоҳ доштани масҷидҳо, риоя намудани талаботҳои санитариву гигиенӣ ва дигар масъалаҳо избрози ақида карда шуд.

Семинари минтақавӣ дар шаҳри Конибодом

Санаи 24.07.2019 толори комплекси «Корвон»-и шаҳри Конибодом семинар - тренинги якруза дар мавзўи «Татбиқи Конвенсияи Орхус ва Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»барои кормандони сохторҳои МИҲД шаҳри Конибодом ва Исфара багузор гардид. Семинари мазкур якҷоя бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд ва бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар чорабинӣ намояндагон аз МИҲД шаҳри Конибодом – мудири шуъбаи ташкилӣ Ализода А., мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳо дар шаҳри Конибодом ва Исфара, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот ва маҳалла, намояндагони соҳаи маориф, рӯзномаи «Садои Конибодом» ва телевизиони «ТВ-5» шаҳри Конибодом ва дигар сохторҳои МИҲД шаҳрҳои мазкур иштирок намуданд.

Тозагии соҳил - кафолати солимии ҷомеа

Бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 - «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва баҳри иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» огоз аз  санаи 18 июлсоҳили дарёи Сираз буттаҳои худруй, алафҳои бегона ва қамишзор, ки ҳусни соҳилро коста мегардонанд, тоза карда шуда истодааст.   

    Бино ба иттилои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ш.Хуҷанд тибқи нақша тоза намудани ду тарафи соҳили дарё аз қамиш ва алафҳои бегона пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.