Маҷлис бахшида Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 24 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки  кормандони Раёсат доир гардид. Дар  баромади худ муовини сардор ва сармутахассиси Раёсат дар бораи дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ эълон шудани нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат ҳамчун рамзҳои асосии Тоҷикистон қайд намуданд. Боиси қаноатмандист, ки ҳар сол 24 ноябр ҳамчун Рӯзи иди Парчами давлатӣ бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад. Бо эълон доштани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баробари зиёда аз 100 давлати кишварҳои дунё дар назди бинои ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ - Созмони Милали Муттаҳид Парчами Ватани мо партавафшон гардид, ки давлати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд. Дар рафти маҷлис кормандон нисбати ҷашни  мазкур  ибрози  ақида намуданд.

Вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи Президент

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки  Абдураҳим Азимов, дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.к. ва кормандони Раёсат доир гардид.

Азимов А. дар мавзӯи “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва эъмори давлати соҳибистиқлол” баромад намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои  Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ваҳдатофар шинохта шудааст. Ҳамчунин, мавсуф дар бораи аҳамияти Рӯзи Президент ҳарф зада, таъкид намуд, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда донистан ва қадр кардани хизматҳои содиқонаи Президенти мамлакат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зарур аст, зеро Роҳбари хирадманди мо тавонист дар як муддати кӯтоҳ кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ бароварда, миллатро аз нобудшавӣ наҷот бахшад.

Ба сўзиши хазон роҳ надиҳед

“Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кўчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст”

Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад.

Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурўҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рўзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд.

Семинари бозомӯзӣ

Санаи 11 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, татбиқи дурусти қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Мувофиқи барнома дар семинари мазкур мутахассисон оид ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» ва татбиқи он дар фаъолияти кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228

Скачано с веб-сайта JooMix.org.