Ҳамасола 2-феврал аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ва ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад.
Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ аз соли 1997 инҷониб таҷлил карда мешавад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи СММ оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар ба имзо расид. Соли 2000 шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид, ки имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст, 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 (як миллиону ҳашсаду сиву шаш ҳазор) км2-ро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди паррандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд.