Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва барқияи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ, шанбегиҳо ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати ҳифзи муҳити зист ҳар ҳафта рӯзи шанбе дар минтақаҳои шаҳру ноҳияҳо аксияҳои «Ободонии маҳали зист»-ро баргузор намуда истодааст.
Санаи 27 феврали соли равон кормандони Раёсат шанбегиро дар худи Раёсат ва хиёбони Р.Набиев назди корхона гузарониданд. Дар рафти шанбегӣ ниҳолҳои дарахтхои ороишӣ шинонида шуда, шохаҳои хушки дарахтон бурида ва дарахтон сафед карда шуданд, партовҳо бароварда шуд.
Баргузории шанбегиҳо дар ҳафтаҳои оянда низ ба нақша гирифта шудааст.



24 феврали соли равон дар маркази таҳсилоти иловагии
Санаҳои 20-21 феврали соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд
Баҳри иҷрои Карори Раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 500 рӯзи меҳнати зарбдор» бахшида ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон санаҳои 6 ва 13 феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд, хиёбони Раҳмон Набиев назди