Вохӯрӣ бо донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани дониши назариявии экологӣ

  Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дар доираи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» баҳри баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вохўриҳоро баргузор менамояд. Бо мақсади мустаҳкам намудани дониши назариявӣ, соҳиб шудан ба маҳорати касбӣ - амалӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар толори маҷлисгоҳи сарраёсат, вохӯрӣ бо донишҷӯёни курсҳои 1 ва 4-и ихтисоси «экологияи саноат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ»-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ доир гардид. Дар рафти вохӯрӣ аз тарафи сармутахасиси шуъбаи мониторинги экологӣ, таҳлилӣ ва ахбору иттилооти сарраёсат дар бораи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», муаммоҳои экологӣ, таъсири манфии ифлосшавии захираҳои об, ҳавои атмосфера, муомилот бо партовҳо, радиатсия ва муаммоҳои ҷаҳонӣ дар ин самтҳо, қонуну кодексҳои амалкунандаи соҳа, инчунин доир ба сохтори мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилоят, назорати давлатии самтҳои ҳифзи муҳити зист, вазифаҳои асосии ҳар як шуъба ва сарраёсат, оид ба олами набототу ҳайвоноти нодир ва зери маҳвшавӣ қарордошта, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд ва дигар маълумот пешкаши донишҷўёну устодони иштироккарда гардид. Донишҷуён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифта, хоҳиш намуданд, ки чунин вохўриҳо дар муассисаи таълимии онҳо гузаронида шаванд.

Амалиётҳои назоратӣ дар самти замин

  Ҳангоми гузаронидани амалиёти навбатии назоратӣ, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров ҷ/д Ёва деҳаи Чаманзор аз тарафи мутахассисони Сарраёсат ошкор карда шуд, ки шаҳрванд Алиҷонзода В. бо нақлиёти боркаши худ тамғааш Камаз рақами қайди давлатиаш 45-40 НР02 поруҳои мурғро дар назди заминҳои аҳолинишин бо мақсади хушк намудан ғайрирасмӣ ҷойгир намуда, боиси ифлосшавии замин ва пайдошавии буйи ғализ гардидааст. Дар натиҷа нисбати қонуншикан протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 147 тартиб дода, товони зарар ба маблағи 448 сомонӣ пешниҳод гардид. Инчунин санад тартиб дода барои дар оянда такрор нашудани ин кирдор пешниҳодҳои иҷроишашон ҳатмӣ дода шуд.

Амалиётҳои назоратӣ дар самти канданиҳои фоиданоки маъмули умум

Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби мутахассисони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, канданиҳои фоиданоки маъмули умум ва муомилот бо партовҳои Сарраёсат дар ноҳияи Б.Ғафуров, ҷамоати деҳоти Исмоил худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор истихроҷ ва истифодабарии санги табиӣ аз тарафи  ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи Зил- ММЗ рақами қайди давлатиаш ТҶ 1842 КМ02 Худойназаров Ф.Ё. ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншикан Худойназаров Ф.Ё. бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протокол тартиб дода шуда, барои барои баррасӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар н.Б.Ғафуров фиристода шуд.

Ҷамъбасти озмуни «Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» дар байни кормандони воситаҳои ахбори омма

 Дар маҷлисгоҳи Сарраёсат ҷамъбасти озмуни Лозарҳои Тоҷикистон - манбаи обҳои зулол ва асоси рушди иқтисоди «Сабз» байни кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Зимни баромад сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода А.Ғ. нақши матбуот ва воситаҳои ахбори оммаро дар замони муосир қайд намуда, саҳми назарраси онҳоро дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ арзёбӣ намуд. Сипас ба ғолибони озмун аз рӯи номинатсияҳои «Бахши телевизион» кормандони телевизиони «Синамо» Каримов О.,номинатсияи «Бахши маводи матбуот» - идораи нашрияҳои “Ҳақикати Суғд”, “Согдийская правда”, “Тирози ҷаҳон” ва идораи нашрияи ҳизби халқи демократӣ дар ноҳияи Масчоҳ “Нигоҳи халқ”  котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъмури Юсуфзод диплом  ва мукофотҳо супорида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.