Иштирок дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе

 Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят вилоят дар намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ иштирок намуд. Дар намоишгоҳ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик”-и вилоят навъҳои гуногуни моҳӣ ва маҳсулоти аз онҳо омодашуда ба намоиш бароварда шуд. Бо мақсади амалӣ намудани  “Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, афзоиш ва зиёд намудани захираҳои моҳӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба дарёчае, ки аз ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ мегузарад, даҳ ҳазор адад моҳиҳои  навъи “амури сафед” ва «пешонапаҳн»-ро  сар доданд.

Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз Ғуфрон ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ

  Фарорасии ҷашни бузурги миллат 32-умин солгарди Истиқлоли Ватани азизамонро, ки баёнгари эҳсоси ватандорист ба Шумо самимона табрику таҳният  мегӯям. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият рамзи соҳибдавлативу ватандории кишвари мост, ки дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ  дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ дар кишвар ба анҷом расиданд. Аз ҷумла дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбудӣ бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Бо эҳтиром ва ифтихори бузург ҳамаи онҳое, ки дар муҳофизати табиати диёр ва беҳдошти муҳити зист саҳмгузоранд, дӯстдорони табиати нотакрори кишвари биҳиштосоямонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ  табрику таҳният гуфта, бароятон ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадият, ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллии ҷовидонӣ ва пешрафту ободии рӯзафзун орзу менамоем. Фархунда бод ҷашни истиқлолу озодӣ!

Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист»

  Дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур намояндаи ректорати Донишгоҳ, декан ва устодони факулта, донишҷӯён ва намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист тибқи даъват иштирок доштанд. Тибқи барномаи конференсия аз тарафи иштирокчиён дар мавзуъҳои «Давраҳои такомул ва рушди мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои муосири ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» ва дар васфи Истиқлоли давлатӣ баромадҳо пешниҳод гардиданд. Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба садорати факултети геоэкология ва туризм, кафедраи экология ва ҳифзи табиат, кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, кафедраи географияи табиии факултет, дар маҷмўъ 4 адад Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Бинои маъмурии шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз таъмир ба истифода дода шуд

  Бо мақсади  беҳтар намудани шароити кории кормандон, вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ  дар арафаи 32-умин солгарди Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии  шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки  намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумиҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия, муовини сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят ба истифода дода шуд. Бино бо дастгирии бевоситаи Раиси Кумита, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар муддати кӯтоҳ  аз таъмир бароварда шуда, аз ду ошёна ва 7 ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. Майдони умумии ҷудо гардида 6 га буда, ошёнаи якум аз 2 утоқи корӣ ва толори калон, ошёнаи дуюм аз қабулгоҳ ва 5 утоқҳои корӣ  барои кормандон иборат буда, ҳамаи онҳо аз тарафи Кумита ва соҳибкорони маҳаллӣ бо лавозимотҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.