Аксияи «Тозагии соҳил» дар шаҳрҳои Гулистону Конибодом ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ашт

  Тибқи барқияи фаврии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар робита ба супориши протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 15 июни соли 2023, № 1к/30-1 дар доираи омодагӣ ба баргузории Вохурии панҷуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар ҳамкорӣ бо сохторҳои масъул, ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» ва ҶДММ  «Таъминоти моҳӣ», мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияи Гулистон, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид. Аксия бо иштироки фаъолона ва васеи аҳолӣ, кормандони  идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ, ташкилоту муассисаҳо ва волонтерон ҳамагӣ 550 нафар гузаронида шуда, соҳили обанбор ва дигар манбаҳои обӣ 13,5 км партову алафҳои бегона пурра тоза карда шуд, 17 м3 партов бароварда шуд. Ҷараёни аксия тариқи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ба навор гирифта шуд.

Вохӯрӣ зери унвони «Ҷавонон - пайравони Пешвои миллат» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи  мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон  тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои  мақомот дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ сармутахассиси Сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 Дар асоси нақшаи кории шуьбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров ва нақшаи тасдиқгаштаи Сарраёсат дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ ва ҷамоати шаҳраки  Б.Ғафуров  бо иштироки васеи аҳолии ҷамоатҳо зиёда аз 200 нафар аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ»  гузаронида шуд.  Рафти аксияаз ҳудудҳои аҳолинишин ва қадди  роҳҳо 6 тн партовҳои гуногун бароварда шуд. Баргузории аксия  тибқи нақша тариқи телевизиони ҷумҳуриявии Синамо ба навор гирифта ва намоиш дода шуд.

Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор

 Тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи масоили муҳими замон буда, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва пешгирии таъсири манфии оқибатҳои он бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд. Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бароибеҳбудии ҳолати экологӣ ва баланд бардоштани дониши экологии ҷавонон бо Ташкилоти ҷамъиятии«Гурӯҳи ҷавононоидба ҳифзи муҳити атроф» ҳамкории судманди бисёрсола дошта, дар соли равон низ якҷоя чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд. Дар идомаи чорабиниҳое, ки рў ба бехатарӣ ва амнияти экологии инсон нигаронида шудааст, дар толори меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзўи «Паст кардани хатари тағйирёбии иқлим тавассути баланд бардоштани маърифати экологӣ ва ҷалби ҷонибҳои манфиатдор»  баргузор гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.