Вохӯрии корӣ дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об»

   Дар меҳмонхонаи «Суғдиён» дар доираи Форуми VII оид ба «Нақш ва дурнамои иштироки занон дар идоракунии ҳамгироии захираҳои об» вохурии корӣ доир гардид. Форум аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Ассотсиасияи зан ва ҷомеа» ташкил карда шуда, дар он занон аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар сохторҳои давлативу назоратӣ иштирок доштанд. Тибқи барнома дар вохӯрӣ оид ба пешбурди фаъолияти Форум , чорабиниҳои гузаронидашуда дар Муассисаҳои давлатии таълимии Донишгоҳу Донишкадаҳо, баргузории Рӯзи дарёи Сирдарё, иштироки Форуми занони Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд оид ба об дар Ню-Йорк (22-24 март), маълумоти омории финалӣ оид ба нишондиҳандаҳои тендерӣ дар сатҳи ҳавзаи дарёи Сирдарё (маълумот аз сохторҳои давлатӣ – аъзоёни котиботи ФҲЗ), видеоролик дар бораи нақши занон дар қисми тоҷикии дарёи Сир пешниҳоди иштирокчиён гардид. Бояд қайд намуд, ки вазифаи Форуми ҳавзавии занон дар чорчӯбаи Муколамаи ҳавзаи Сирдарё ин ҷалби занон ва фаъол гардонидани иштироки онҳо дар қабул ва таҳияи масъалаҳои мубрами соҳа, идоракунии захираҳои обӣ равона шудааст. Форуми ҳавзавии занон инчунин ба раванди иҷроиши барномаи миллии баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ва Стратегияи Миллии Рушд – 2030 мусоидат менамояд.

15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим

  Дар солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст. Зеро тағйирёбии иқлим ба муҳити зист низ таъсири манфии худро мерасонад. Бори аввал масъалаи тағйрёбии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ соли 1992 дар Саммити Замин дар Рио де-Жанейро баррасӣ шуд. Зиёда аз 180 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия ва кишварҳои собиқи ИҶШС Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро имзо карданд. Саволе пайдо мешавад, ки кадом омилҳо боиси тағйирёбии иқлим мегардад? Иқлимшиносон яке аз сабабҳои пайдоиши тағйирёбии иқлимро дар кураи замин ба хориҷшавии газҳои парникӣ нисбат медиҳанд. Ба газҳои парникӣ ва гулхонаӣ – СО (оксиди карбон), СО2 (диоксиди карбон), СН 4 (метан), N2O (диоксиди азот), CF4 (перифторидхои карбон), SO2 (диоксиди сулфур) дохил мешаванд. Буриши дарахтону ҷангалзорҳо барои дарёфти ҳезум, майдонҳои бе дарахтро васеъ намуда сабаби зиёдшавии газҳои гуногуни парникӣ, хусусан гази СО2 мегардад, ки ба муҳити зист зарари ҷиддӣ ворид менамояд. Аз ибтидои асри ХХ то имрӯз сатҳи хориҷшавии гази СО2 дар атмосфера 31% баланд гаштааст. Тибқи сарчашмаҳои иқлимию гидрометеорологӣ Тоҷикистон дар миёни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати кам хориҷ намудани газҳои парникӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Иқлими кишвари мо - Тоҷикистонро асосан гарму хушк, континенталии шадид бо зимистону кӯтоҳи мулоим ва тобистони тӯлонӣ муаррифӣ кардаанд. 

Озмун – викторинаи экологӣ байни хонадагони муассисаҳои таълимии шаҳри Конибодом

  Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва баланд бардоштани дониши экологии хонандагони муассисаҳои таълимӣ, мутахассисони сарраёсат бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф»/Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд дар доираи лоиҳаҳои экологӣ ҳамкории зич доранд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом байни дастаҳои 6 муассисаҳои таълимӣ баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин озмун – викторина баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз рӯи шартҳои «Саломнома», «Вазифаи хонагӣ», «Гурўҳи дастгирӣ» ва «Викторина» роҳандозӣ гардида, 6 дастаҳои мактаб қувваозмоӣ намуданд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Ашт

   Тибқи нақшаи кории бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар амалиёт 28 адад нақлиётҳои автомобилӣ аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.