Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

   Санаи 3 январи соли  2023 дар Маркази бозомӯзии Сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С., муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо З. ва сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баргузор гардид. Пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастур дод. Дар навбати худ аз тарафи муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмзода З.С. оид ба беҳтар намудани фаъолият дар самти ситонидани маблағҳои ҷарима ва зарар, таҳлили фаъолияти нозирӣ, назорати ҳолати партовгоҳҳои ғайрирасмӣ, иҷроиши босифати барномаҳои соҳавӣ ва давлатӣ супоришҳо дода шуд.

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Соли нави милодии 2023

   Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафаи Соли нави милодии 2023  аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист як қатор собиқадорони соҳа, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд аёдат  карда шуда , ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад.

Ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд

  Тибқи боби 5-и, банди 14-и Низомномаи бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №558 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд» тасдиқгардида, ҷаласаҳои Комиссияи мазкур бояд як маротиба дар шаш моҳ гузаронида шаванд.Қайд кардан ба маврид мебошад, ки санаи 7 июли соли 2022, дар Маркази бозомўзии сарраёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят баргузор гардида буд.Тибқи нақшаи пешбинигардида, санаи 27 декабри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи дуюми комиссияи мазкур бо иштироки муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо - раисони чунин комиссияҳои маҳаллӣ, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳо – муовин ва котибони комиссия гузаронида шуд.Дар рафти ҷаласа фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ дар соли 2022 ва дар давраи якуним сол аз аввали қабули «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» баррасӣ гардид. Бо маърўзаи асосӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ., ҳамчун муовини раиси комиссияи вилоятӣ сухан карда, дар бораи корҳои ба сомон расонида, камбудию муаммоҳои ҷойдошта маълумот пешниҳод намуд.

Вохўрӣ ва муҳокимаи эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Санаи 23 декабри соли ҷорӣ дар толори сарраёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мутахассисон доир ба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» вохўрӣ ташкил карда шуд. Бо ин мақсад дар назди нишастагон роҳбари Маркази обу ҳавосанҷӣ дар вилоят Ҳомидов А. баромад намуда, оид ба пиряхҳои Тоҷикистон ва вазъи имрўзаи онҳо, дарёҳои калонтарин ва дар бораи санаи 14 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қабул кардани қатъномаи «Соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, маълумот дод. Қайд гардид, ки иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари  узви СММ пазируфта шуд. Ҳамзамон,аз оғози соли 2025 минбаъд, ҳар сол таҷлили 21 март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз тарафи кормандони сарраёсат якдилона ҷонибдорӣ карда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.