Дар МТТ№ 1-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Мо дўстдори табиат» бо иштироки сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист Азиз Ғуфронзода ва мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Абдураҳмон Шарипов ҷамъбаст карда шуд. Бояд қайд намуд, ки озмуни «Мо дўстдори табиат» бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташвиқи моҳияту мазмуни Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" гузаронида шуда, ҳадафи аслӣ баланд бардоштани маърифати экологӣ байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар озмун тарбиятгирандагони тамоми муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ маҳсули эҷоди хешро аз рўйи номинатсияҳои эълоншуда пешниҳод намуданд. Баъди омўзиш ва баррасӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон аз миёни иштирокдорон 32 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ғолиб дониста, бо туҳфа ва сипосномаҳо қадршиносӣ намуданд. Шоҳҷоиза насиби тарбиятгиранда аз МТТ №19 Азимҷон Ҳасанов гардид. Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмун ташаккул ва баланд бардоштани мавқеи фаъоли кўдакон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, муносибати эҳтиёткорона дар фикрронӣ ва амал нисбат ба экология, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани самти экологӣ дар кори муассисаҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки озмуни мазкур дар доираи иҷрои рукнҳои “Барномаи давлатии маҷмуи рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо мақсади тарбия ва маърифати экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ва эҳтиромона зоҳир намудан ба муҳити зист, ташаккули хохиши устуувори, риоя кардани меъёрҳои ахлоқӣ дар раванди муносибат бо табиат ва истифодаи захираҳои табиӣ ва таблиғоти ҳадафҳои экологӣ сурат гирифта, дарки афзалият доштани маърифати экологӣ ҳамчун ҷузъи гуманитарӣ ва иҷтимоию табиии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мебошад.
Озмуни экологии «Мо дўстдори табиат» байни кўдакон натиҷагирӣ шуд
Шарҳ додан