Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба муташаккилона гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунӣ барои мавсими ниҳолшинонии тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, ки бо қарори Раиси вилоят аз 10.12.2021, №557 «Дар бораи таъсиси Ситоди вилоятӣ ва тасдиқи нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳсозии мухити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои соли 2022» тасдиқ гардидааст, санаи 17 декабри соли 2022, дар МД «Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ»-и шаҳри Хуҷанд аксияи ниҳолшинониро баргузор намуд. Ба гузаронидани аксияи экологии ниҳолшинонӣ кормандони муассисаи кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои дахлдор ва баҳри татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ҷавонон, донишҷўён ва хонандагони литсейҳои касбӣ ҷалб карда шуданд. Боиси қайд аст, ки дар боғи фарҳангию фароғатии мазкур тибқи талаботи меъёрҳои амалкунанда миқдори дарахт нисбат ба майдон кам буда, ба афзоиш ниёз дорад. Бо мақсади беҳсозии ҳолати экологии минтақа ва ҳудуди боғ дар рафти чорабинӣ зиёда аз 800 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкану хамешасабзи барои шинонидан дар ҳамин гуна боғҳо мувофиқ, шинонида шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби сарраёсат ниҳолҳои дарахтони намуди санавбар, кастона, павлония ва дигар харидорӣ гардид.
Дар гузаронидани аксияи ниҳолшинонӣ ҳамкории зич бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» ба амал омада, бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе низ ниҳолҳои дарахтони намуди саври ҳамешасабз, булут ва павлония дастрас карда шуд. Ҳамзамон, шинонидани ниҳолҳо бо иштироки Раиси вилоят, раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят амалӣ гардид. Минбаъд, бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин чорабиниҳо дар доираи маъракаи ободонию кабудизоркунӣ муташаккилона гузаронида мешаванд.