Пешбурди сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ

  Дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд санаи 2.02.2022 дар барномаи иттилоотии «Гуфтугӯи мустақим» 4 нафар сармутахассисони сарраёсат иштирок намуданд. Мавзӯи барнома ба оғозшавии маъракаи муташаккилонаи ниҳолшинонӣ, ободонӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон бахшида шуд. Дар давоми як соати барномаи мустақим ба тамошобинон дар бораи вазифаҳои хизматии сарраёсат, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва чораҳои маъмурии пешбинишуда, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд қоидаҳои маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, муомилот бо партовҳо, аз ҷумла нуқтаҳои муваққатан ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», намудҳои ҳайвоноту растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида маълумоти мухтасар ва ба як қатор саволҳои додашудаи бинандагон ҷавобҳои мушаххас пеш-ниҳод гардид.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, тозаву обод намудани маҳалли зист, таъмини беҳдошти солимии ҷомеа дар шаҳри Истаравшан бо ҷалби васеи кормандони корхонаву ташкилот, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аксия дар хиёбони Исмоили Сомонӣ бо иштироки 1630 нафар гузаронида шуда, партовҳои гуногун дар ҳаҷми 8,4 метри мукааб ба партовгоҳи шаҳр интиқол дода шуд. Чорабинӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ташкил карда шуда, ба иштирокчиён 220 адад борҷомаҳои полиэтиленӣ тақсим карда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» ва маъракаи дарахтшинонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 80 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5 фаъолона иштирок намуда, як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонида шуд. Дар маҷмўъ ҳудуд ва минтақаи аҳолинишин аз партовҳои гуногун тоза гардида, ба партовгоҳ 2 тонна партовҳо бароварда шуд. Ҳамчунин дар ҷамоати шаҳраки Меҳробод, кӯчаи протоколии ба номи Абӯали ибни Сино бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо мақсади обод ва кабудизоркунӣ дар қадди роҳи нақлиётгард 150 бех ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Панҷакент

  Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон, дар асоси нақшаи корӣ бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент дар минтақаи осебпазири ҷангал корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.Рафти чорабинӣ барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори450 кг гандум, 400 кг ҷав, 200 кг намак, 550 кг сабус, 250 кг окшок, 45 дона бастаи алаф, 30 дона бастаи алафи беда, 350 нарма, 250 кг орди навъи сеюм, 550 кг сабус, 200 кг намак, 50 кг намаки санг истифода бурда шуд. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин мавзеъ намудҳои олами ҳайвоноти ваҳшӣ ба монанди хуки ваҳшӣ, хирс, гург, рӯбоҳ, ҷайра ва дигар намуди парандаҳои ваҳшӣ сукунат доранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.