Ҳамасола санаи 15 – апрелро дўстдорони табиат чун Рўзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ таҷлил менамоянд. Ин иқдом соли 1992, зимни баргузории Конфронси СММ дар шаҳри Рио-де-Жанейро, ки масъалаҳои доғи рушди устувори аҳли башар муҳокима мегардид, ба ҳукми анъана даромад. Тарбия ва маърифати экологӣ – фаъолият доир ба ташаккули маданияти экологӣ, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва таъмини донишҳои экологӣ мебошад. Ҳадафи асосии таҷлили ин рӯз - пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест.
Баррасии мактуби шикоятӣ дар ноҳияи Спитамен
Аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар асоси мактуби шикоятии раиси ҷамоати деҳоти Сарбанди ноҳияи Спитамен оид ба ифлос кардани муҳити зист бо чангу ғубор аз тарафи заводи истеҳсоли сементи ҶДММ "Суғд семент" - и ноҳияи Мастчоҳ ченкунии инструменталӣ гузаронида шуд. Ҳангоми ташхис муайян гардид, ки миқдори чанги ғайриорганикӣ аз консентратсияи ҳадди ҷоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст. Нисбати роҳбари ҶДММ "Суғд семент" бо дастрасии моддаи 224 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия фиристода шуд.
Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ
Тибқи фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, № 29 ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сугд аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» аз тарафи нозирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо амалиётҳои фаврӣ ва корҳои фаҳмондидаҳӣ гузаронида шуда истодааст. Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Деҳмой, минтақаи Туқай соҳили Сирдарё нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов амалиёти назоратӣ гузаронида шуда, ба шоликорони маҳаллӣ оид ба моҳияти фармоиши мазкур корҳои ташвиқотӣ гузарониданд.
Сайди моҳӣ манъ аст!
Бо мақсади муҳофизат ва нигоҳдории захираҳои моҳиҳои обанборҳои вилоят, фароҳам овардани шароити мусоид ба рафти афзоиши табиӣ ва роҳ надодан ба қонуншиканиҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2021, № 29 дар асоси моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», моддаҳои 31 ва 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи моҳипарварӣ, моҳигирӣ ва ҳифзи захираҳои моҳӣ», ва банди «а» моддаи 17-и «Қоидаҳои моҳидорӣ дар обанборҳои аҳамияти моҳидоридоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 1 апрел то 15 июни соли 2021 дар давраи тухмигузории моҳиҳо хамагуна моҳидорӣ манъ карда шудааст. Телефони боварӣ: (83422) 6–59–81, 6–03-95