1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табии низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд.
Дар таркиби олами ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатори парандаҳо мавқеи хоса дорад. Муайян карда шудааст, ки орнитофаунаи ҷумҳуриамон беш аз 400 намуд буда, аз ин миқдор 43 намуди онҳо ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Танҳо дар миқёси вилоятамон 22 намуди парандаҳо дар ҳолати нодир ва маҳвшудаистода қарор гирифтаанд, ки онҳоро олимон-орнитологҳо ба китоби «Намудҳои нодир ва маҳвшудаистодаи олами наботот ва ҳайвонот дар вилояти Суғд» ворид карданд. Дар байни онҳо 3 зернамуди тазарвҳо ҳастанд, ки саршумори онҳо сол аз сол дар зери таъсири омилҳои гуногун кам шуда истодааст. Парандаи тазарви сирдарё, зарафшони ва тоҷикӣ мебошад, ки популятсияи ин намудҳо зери таназулшавӣ қарор гирифтааст. Ин ҳолат водор менамояд, барои хифз ва нигаҳдории ин намуди паранда чораҳои саривақтӣ бояд андешида шавад. Бо ин мақсад бахшида ба солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар яке аз ҷазираи Сирдарё – тазарвхона(фазанарий), бунёд карда шуд. Дар ин ҷо ҳамаи шароити ҳам табии барои сайру гашт ва ҳам бо роҳи сунъӣ зиёд намудани тазарвҳо омода карда шудааст. Мо боварӣ дорем, ки дар ин заминаи тазарвхона, бо ҳамкории олимон-орнитологҳо биотехнологияи парвариши тазарвҳои маҳалии нодир ва маҳвшудаистода кор карда шуда, барои оянда афзун кардани саршумори онҳо дар табиат корҳои назаррас гузаронида мешаванд. Чанде пеш ҳангоми сафари корӣ аз ҷониби Сарвари давлат дар Боғимиллии Ваҳдатбо мақсади афзоиш ёфтани мурғи даштии тазарв ба табиат 200 тазарви сирдарёӣсардода шуд. Ҳамчунин боиси қайд аст, ки аввалин шуда аз тарафи олимон-парандашиносон (орнитологҳо), дар ноҳияи Ашт миқдори зиёди (бештар аз 30 адад) лонаи лаклаки сафед,дар миқёси ҷумҳуримон муайян карда шудааст. Саршумори ин паранда хеле кам буда, номи он ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст. Яке аз сабабҳои кам шудани саршумори он, маҳдудии сукунатҳои лаклаки сафед, азхудкунии ботлоқзорҳо ва мавзеъҳои обию ботлоқӣ барои кишти зироатҳои кишоварзӣ, буридани дарахтон, вайрон кардани иморату иншоотҳои кӯҳна, бад шудани шароити ғизогирӣ ва дигарҳо ба ҳисоб мераванд. Лаклаки сафед лонаи худро дар теппаи дарахтони баланд, манораҳо ва симчубҳои барқӣ мегузорад, ки ба чашми ҳар яки мо он аз масофаи дур намоён мешавад. Айни замон, лонаҳои лаклаки сафед дар ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров ва Ашт муайян карда шудааст. Лаклаки сафед лонаи худро солҳои тӯлонӣ истифода мебарад. Лаклакони сафед, гарчанде умри зиёд набинанд ҳам, лекин лонаи худро наслҳои онҳо то 400 сол истифода мебаранд. Аз ин лиҳоз, ҳифз, нигаҳдорӣ ва барқарор намудани макони афзоиши парандаҳои нодир ва маҳвшудаистода, вазифаи ҳар як шаҳрванди табиатдӯст мебошад.