Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибмулкони қитъаи замин ва ҷамоати деҳоти Гулхона бо ҷалби техника 2 нуқтаи партови бесоҳибро аз соҳили селроҳа бартараф намуда, беш аз 16 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол ва ҷойгир карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.
Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Шарҳ додан