Натиҷагирӣ аз фаъолияти Раёсат дар семоҳаи якуми соли 2021

  Санаи 6 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Акбаров С. баргузор гардид. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори Раёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи якуми соли 2021 шунида шуд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратии Раёсат пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин зимни баромади худ оид ба тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шуд.

Ба таваҷҷӯҳи рӯзноманигорон!

 Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳиятиДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтаринмаводижурналистӣ дар мавзӯи «30 соли Истиқлолияти давлатӣ - қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» озмун эълон менамояд.

Бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

   Бо мақсади таъмини рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.11.2012, №626 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 08.02.2013с. №31 «Дар бораи тартиби ошкор кардан ва баҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо» мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам чораҳои заруриро андешида истодааст.Бо ин мақсад тибқи дастуру супориши бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳибмулкони қитъаи замин ва ҷамоати деҳоти Гулхона бо ҷалби техника 2 нуқтаи партови бесоҳибро аз соҳили селроҳа бартараф намуда, беш аз 16 м3 партовҳо ба партовгоҳи расмӣ интиқол ва ҷойгир карда шуд. Чорабиниҳои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф, беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар ҷамоати шаҳраку деҳот идома дорад.

1 апрел - Рӯзи байналмилалии парандаҳо

 1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба муҳофизати паррандаҳо ба имзо расид. Дар кишвари собиқ Шӯравӣ таҷлили «Рӯзи байналмилалии паррандаҳо» аз 1 апрели  соли 1927 ба ҳукми анъана даромада буд. Аз соли 1994 ин ҷашн дар аксар кишварҳо дар доираи барномаи ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» таҷлил мегардад. Хотиррасон бояд кард, ки парандаҳо яке аз қиркунандагони ҳашаротҳои зараровари кишоварзӣ маҳсуб меёбанд. Ҳар як фасл парандагони хоси худро дорад. Бо иваз шудани фасли сол парандаҳо низ макони зисти худро иваз мекунанд. Солҳои охир дар зери таъсири омилҳои гуногун, аз он ҷумла таъсири фаъолияти инсон, ба олами парандаҳо ба камшавии саршумор ва ҳатто зери хатари пурра маҳвшавӣ оварда расонида истодааст. Ба ҷуз  омили антропогенӣ, дигаргуншавии иқлим ва офатҳои табии низ ба экосистемаҳои олами ҳайвонот зараровар таъсир расонидаанд. Дар байни гуногунии биологӣ, олами парандагон мавқеи хоса доранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.