Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва бахши ҳифзи муҳити зист бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар кӯчаи марказии Истиқлоли шаҳри Гулистон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 23 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Нисбати ронандагони 2 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.
Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Бӯстон
Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва бахши ҳифзи муҳити зист бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 31 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 4 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.
Шиносоӣ аз рафти сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ
Бо мақсади шиносоӣ аз рафти сохтмони хоҷагии моҳипарварӣ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, аз рафти сохтмони ҳавзҳои гулмоҳипарварӣ дидан намуданд. Боиси қайд аст, ки сохтмони объекти ҷашнӣ бо ҷалби техникаҳои муосир идома дорад. Бинои сехи инкубатсияи сунъӣ сохта шуда, дар он беш аз 90 ҳазор адад кирминамоҳичаҳои гулмоҳӣ дар шароити хуб афзоиш ва тибқи талаботҳои биотехнологияи ҷавобгӯ парвариш ёфта истодаанд.
Баргузории ярмарка - фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар маркази вилояти Суғд
Санаи 20 феврал баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав ярмарка - фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар майдони назди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ беш аз 1,2 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд. Дар ярмаркаи мазкур Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.