Тибқи нақшаи пешбинигардида нозирони давлатии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо мақсади назорати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар ҳудуди ноҳияҳои Спитамен ва Ҷ.Расулов, ки дар минтақаҳои атрофи ҳавзаи дарёи Сир эҳтимоли ба амал омадани шикори ғайриқонунии ҳайвонот ва сайди моҳӣ, инчунин буриши ғайриқонунии дарахт ҷой дорад амалиёти фаврӣ гузарониданд. Ҳангоми амалиётҳои назоратӣ ҳудуди ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ва ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов фаро гирифта, ҳуҷҷатҳои ҳамаи шикорчиёни дар минтақаҳои мазкур мавчуд буда аз назар гузаронида шуд.
Амалиётҳои фаврии назоратӣ дар ҷамоати деҳоти шаҳри Конибодом
Дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри назорати иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» дар мавсими шикор ва умуман шикоргоҳу ҷойҳои шикор баргузории амалиётҳои фаврӣ оид ба пешгирӣ намудани шикори ғайриқонунии ҳайвонот, сайди ғайриқонунии моҳӣ дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ва бурриши ғайриқонунии дарахтон пешбинӣ гардидааст.
Чорабиниҳои ҳифзкунандаи олами ҳайвонот дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ аз фасли зимистон аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом тибқи нақшаи пешбинигардида, дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони вилояти Суғд ва чунин ҷамъияти шаҳрӣ, бо иштироки шаҳрвандон ва намояндагони васоити ахбори омма дар шикоргоҳи шаҳри Конибодом корҳои биотехникӣ гузаронида шуд.
Дар шаҳри Исфара аксияи «Тозагии соҳил» баргузор гардид
Дар шаҳри Исфара бо мақсади амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 ва пешгирии ифлос гардидани оби дарёи Исфара, ҳамчунин тоза ногоҳ доштани соҳили он бахши ҳифзи муҳити зист якҷоя бо сохтори ҷавонон ва бо иштироки донишҷўёну омўзгорони Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, дар маҷмуъ 250 нафар аксияи «Тозагии соҳил»-ро баргузор намуд. Дар рафти аксия минтақаҳои соҳили ду тарафи дарёи Исфара, ки аз ҳудуд ва маркази шаҳр мегузарад, 1,5 километр ду тарафи соҳил аз ҳаргуна партовҳо тоза карда шуд. Ба иштирокчиёни аксия халтаҳои полиэтиленӣ барои партовҷамъкунӣ дастрас гардида, ҳамагӣ 5 метри мукааб партовҳо бо воситаи 2 адад техникаи махсуси партовкашон ба партовгоҳ бароварда шуд.