Мавзеъи Чилдухтарон аз ноҳия 56 км роҳро ташкил намуда, дар деҳаи Метки ҷамоати деҳоти Ваҳдат ҷойгир мебошад. Деҳаи Метк таърихи чандҳазорсола дорад. Ба ин гуфтаҳо ашёҳо бо мурури замон аз атрофи деҳа ёфташуда ва мавзеъҳои таърихии он шаҳодат медиҳад. Бар замми ин Деҳаи Метк хеле зебоманзар буда, дар домани қаторкўҳҳои Туркистон ҷой гирифтааст. Рўдҳои кўҳии шўхоб чашмасорон, арчазорон ва кӯҳҳои сар ба афлокаш манзараи деҳаро зебою нотакрор гардонидааст.
Ба истифода дода шудани сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом
Бо мақсади ҷамъоварӣ ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо дар шаҳри Конибодом аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Қодиров И. дар назди партовгоҳи шаҳрӣ дар майдони 2 га сехи ба навъҳо ҷудо намудани партовҳо сохта ба истифода дода шуд. Самти асосии фаъолияти цехи мазкур ҷамъ намудан ва ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо буда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 23-30 тн.партовҳои гуногун ба намудҳо ҷудо карда мешаванд. Айни ҳол дар ин коргоҳ 22 нафар кормандон фаъолият мебаранд. Роҳбарияти корхона мақсад дорад фаъолияти худро васеъ намуда, шумораи коргаронро зиёд намояд ва як сехи нав барои коркарди хоку пасмондаҳои партов бо мақсади истифодаи он дар заминҳои кишоварзиро сохта ба истифода диҳад.
Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Шаҳристон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои дар пешистода, бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву тозагии муҳити атроф дар ноҳияи Шаҳристон аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар он кормандони соҳаи маориф, сокинони маҳаллаҳо хамагӣ 85 нафар иштирок доштанд. Дар рафти аксия ҷӯйборҳову қади роҳҳо аз партовҳои ҳархела тоза карда шуда, партовҳо ба миқдори 5 м3 ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Назорати заҳбуру заҳкашҳо
Тибқи нақшаи корӣ, аз ҷониби кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар ҷамоати деҳоти Исмоил Ҳамзаалиеви ноҳияи Б.Ғафуров ҳудуди заминҳои Кооперативи тиҷоратии ба номи Кушатов ошкор карда шуд, ки пеши роҳи заҳбур баста шуда, обҳои заҳкаш истифода бурда шуда истодаанд. Инчунин заҳбурҳои дар ҳудуди хоҷагӣ буда саривақт тоза карда намешаванд.