Баъди чанд лаҳза соли нави 2021-уми мелодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Итминони комил дорем, ки бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд, ҳамзамон дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузоранд. Ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ҳамаи Шумоёнро табрик гуфта, ба Шумо тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак!



Санаи 25 декабри соли 2020 аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба фарорасии Соли нави мелодии 2021 аёдат карда шуданд. Дар оғози маърака, дар ҳудуди маркази мазкур аз ҷониби сардору кормандони раёсат якҷоя бо кормандону бошандагони хонаи пиронсолон 20 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд. Баъд аз он, ҳамаи 53 нафар бошандагон ва 36 нафар кормандони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон аз тарафи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят табрик гардида, ба ҳамаи онҳо тўҳфаҳои солинавӣ тақдим гардид. Ҳамзамон, барои пиронсолону маъюбон дастурхони идона ороста гардида, аз ҷониби бошандагон миннатдорӣ барои ғамҳориҳои роҳбарияти давлат ва Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён карда шуд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар маҳалҳои аҳолинишини вилоят дар асоси қарори Раиси вилоят аз 14 декабри соли 2020, № 358, с
Бо ма