Аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» дар истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ

Баҳри иҷрои супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва ҳавои тоза ба истироҳаткунандагон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар минтақаҳои истироҳатгоҳҳои «Искандаркӯл» ва «Аловиддин»-и ноҳияи Айнӣ  санаи 4 июли соли равон бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва иштироки 883 нафар аҳолии ҷомеаи меҳнатии ҷамоатҳои деҳоти Фондарё, Анзоб, Зарафшон аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар ҷараёни аксия ҷуйборҳо ба масофаи 3 км, каналҳо – 5 км ва сойҳо - 4 км аз партов тоза карда шуда, 8,4 тн партовҳо бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и ноҳияи Шаҳристон

    Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ва муҳити солим ба истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ, иҷроиши супориши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 30.06.2020, № 61/722 дар минтақаи истироҳатии «Дараи сабз»-и  ноҳияи  Шаҳристон санаи 4 июли соли равон бо иқдоми  бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия  ва иштироки  80 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  аксияи  «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ

Бо мақсади ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои табиӣ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд корҳои ба расмият даровардани ҷойгиршавии ёдгории табиии давлатии «Тути Панҷшанбе» ба анҷом расонида шуд. Бо ин мақсад аз ҳисоби воситаҳои махсуси мақомоти ҳифзи муҳити зист атрофи дарахти тахминан 850 - 900 сола бо панҷараи декоративӣ иҳота гардида, бо истифодаи сангҳои ороишӣ ва чароғҳои ранга, ҳамчунин дар назди дарахт санги махсус бо муаррифиномаи тути сафед насб карда шуд.

    Боиси қайд аст, ки тибқи моддаи 39-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда» номгӯи ин дарахти бебаҳои таърихӣ ба феҳристи ёдгориҳои табиии давлатӣ ворид гардидааст. Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» роҳандозӣ гардида, баҳри муаррифии ёдгории табиӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.

Аксияи “Риояи тозагии муҳити зист асосии саломатии ҷомеа”

 Дар партави дастури  Ситоди вилоятии COVID-19 оид ба гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ҷойҳои ҷамъиятии серодам, хоса бозору мавзеъҳои истироҳатӣ  санаи 24 июни соли равон  КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд якҷоя бо  Раёсати  ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар мавзеъи истироҳатии  “Соҳил“-и шаҳри Гулистон  аксия таҳту унвони  “Риояи тозагии муҳити зист асосии саломатии ҷомеа” баргузор намуд. Дар аксия беш аз 40-нафар ҷавонони ташкилоти ҷамъятии“Созандагони Ватан”,  кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоят ва  Ситоди вилоятии ковид-19 , ВАО ширкат намуданд.  Раиси   КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  Муслима Ҷамолиён  аксияро ифтитоҳ намуда кайд намуданд, ки мақсади гузаронидани аксия пеш аз ҳама риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ барои пешгирии бемории COVID-19инчунин риояи тозагии  муҳити зист мебошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.