Санаи 7 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи маркази таълимии Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Гуруҳи кории Иҷроиши ислоҳоти бахши оби Тоҷикистон дар ҳавзаи Сирдарё чорабинӣ доир намуд.
Дар он масъалаҳои ислоҳоти бахши об дар Тоҷикистон, ҳамоҳангсозии фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи амалии Барномаи ислоҳот, банақшагирии ҳавзавӣ дар қисми тоҷикистонии Сирдарё, ҳамзамон давраву таҳлили ҳавза, лоиҳаҳои шарикии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, танзими ҳавзаи дарёи Зарафшон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Шарҳ додан