Ташаббуси хонандагони мактаби Гёте

Хонандагони синфи 10 «Б»-и  гимназияи ба номи Гётеи шаҳри Хуҷанд  тасмим гирифтанд, ки дар ҳифзи муҳити зист саҳм гиранд. Дар ибтидо онҳо партовҳоро ба гуруҳҳо ҷудо намуданро омӯхта, дигаронро низ ба ин кор талқин намуданд. Агар партовҳоро насӯзанд,  обу ҳаво ва хок ифлос намешавад. Дар мактаб ба ҳар як синф зарфҳои ранга гузоштанд: зардаш - барои маводҳои пластикӣ, кабудаш –барои коғазпора ва хокистарранг - барои компост. Байни хонандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳ ба онҳо муяссар шуд, ки 30 кг коғазпораро ҷамъоварӣ намуда барои коркард супоранд ва ҳоло аз паи ҷамъоварии  фулузот ва пластика  мебошанд.

 

Онҳо тасмим гирифтаанд, ки минбаъд дар дигар мактабу муассисаҳо низ аксияҳои тарғиботиро гузаронанд ва баҳри баланд бардоштани маърифати экологии насли наврас ва ҳифзи табиати диёрамон саҳми  арзанда  гузоранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.