Санаи 28 феврали соли равон бахшида ба Соли ҷавонон дар Филиали муассисаи давлатии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар вилояти Суғд мизи мудаввар зери унвони «Тарзи ҳаёти солим – омили муҳими рушди маориф» доир гардид. Дар он директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилоят, раиси Шӯрои уламои дини вилоят, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят, омӯзгори фанни биологияи мактаби Президентӣ, устодон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, шунавандагони Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иштирок доштанд. Иштирокчиёни мизи мудаввар оиди мафҳуми «Тарзи ҳаёти солим» ва «Тарзи ҳаёти носолим», масъулияти шахс ва ҷомеа дар тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим, сиёсати давлатии ҷавонон ва масоили ташаккули тарзи ҳаёти солим, таъсири мутақобилаи муҳит ва
ҷомеа - муҳити солим ҷомеаи солим: омилҳои субъективӣ ва объективӣ, фарди солим – поягузори ҷомеаи солим, таъсиргузории тарзи ҳаёти солим дар ташаккули ҷисмонӣ ва руҳию равонии ҷомеа, ҷавонону наврасон, самтҳои муҳими тарбия дар ташаккули ҳаёти солими насли наврас баромад намуданд. Ҳамчунин ёдрас гардид, ки бурдани тарзи ҳаёти солим бо муҳити солим алоқамандии зич дошта, барои рушду нумӯи ҷомеаи солим мусоидат менамояд.