Конфронси илмӣ-амалии вилоятии «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол»

Бахшида ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва ба ифтихори 22 март – Рӯзи умумиҷаҳонии об санаи 16 марти соли равон дар толори Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон конфронси илмӣ-амалии вилоятӣ таҳти унвони «Тоҷикистон - сарчашмаи оби зулол» баргузор гардид. Дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ибодзода, муовини Раиси вилоят Хоҷазода  О.А., олимону коршиносон, устодони муассисаҳои таълимии олии вилоят, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ - Ҳамоҳангсози Миллии барномаи GIZ, Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон, роҳбари Барномаи Банақшагирии ҳавзаи захираҳои об ва таъсири истифодабарии он,  намояндагони васоити  ахбори  омма  иштирок  доштанд.

 

Пеш аз оғози кори конфронс корҳои ғолибон ва иштирокчиёни озмуни вилоятии «Тоҷикистон - сарчашмаи оби зулол», ки дар байни мактаббачагон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии об эълон  гардида буд, намоиш дода шуд.

Кори конфронсро филми «Тоҷикистон – сарчашмаи оби зулол» ҳусни оғоз бахшид. Пас аз суханони ифтитоҳии муовини Раиси вилоят, Раиси Кумита ва сардори Раёсат баромадкунандагон дар мавзӯъҳои «Истифодаи интегратсионии оби ширин», призентатсияҳои «Баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ бо воситаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон ва Қирғизистон»,  «22 март - Рӯзи умумиҷаҳонии об», «Муаммоҳои экологии ҳифзи муҳити зист ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Оиди ҳолати таъминоти оби нӯшокии аҳолии вилоят», «Ҷангал ва захираҳои об»  баромадҳо намуданд.

Инчунин дар интиҳои конфронс маросими мукофотонидани ғолибони озмун бо диплому ифтихорномаҳо  ва тӯҳфаҳои  хотиравӣ  гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.