Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Рўзи байналмилалии муҳити зист дар кишвари мо Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳит, ҳифз намудани сарватҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Боиси таъкид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхҳо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.
Имрўзҳо дар қаламрави кишвар баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза гирифтааст, ки барои табдил додани Ватани азизамон ба «кишвари сабз» кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист кору фаъолияти худро хубтару беҳтар ба роҳ монда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда пурра истифода мебаранд. Рўзи байналмилалии муҳити зистро ба тамоми ҳамкасбон, дӯстдорони табиат табрику муборакбод гуфта, ба шумоён сиҳатмандиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти меҳнатӣ барори кору муваффақиятҳои рӯзафзунро баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани маҳбубамон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!