Фестивали якуми «СУҒД – КЛИМАТ - FEST» дар шаҳри Бӯстон

 Бо ташаббус ва ҳамкории Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Фестивали якуми «СУҒД – КЛИМАТ - FEST» дар Донишкадаи кӯҳӣ  – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид. Дар фестивали мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сарраёсат, олимон, коршиносон, устодони донишгоҳҳо, ихтирокорони ҷавон ва корхонаҳо, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Чорабинии мазкур ба ҷашни Рӯзи байналмилалии муҳити зист бахшида шуда, дар рафти чорабинӣ суханҳои ифтитоҳии намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, ректори донишкада ва роҳбари офиси ПРООН дар шаҳри Хуҷанд шунида шуда, намоиши корҳои ихтирокорон ҷиҳати мусоидат ба мутобиқшавии иқлим, презентатсияҳои коршиносону устодон, муаррифии корҳои худ аз ҷониби ихтирокорон, қадршиносии ғолибони озмуни лоиҳаҳои амалӣ доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ба амал омад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.