11 июни соли равон мувофиқи нақша чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар маркази ноҳия - шаҳраки Меҳрон аксияи тозагӣ баргузор гардид. Дар аксияи мазкур беш аз 200 (дусад) нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва дигар фаъолону аҳли зиё баромада, кӯчаву растаҳо ва гирду атрофи иншоотҳои давлатию ҷамъиятиро тоза намуданд. Куҳистони Мастчоҳ бо манзараҳои дилфиребу табиати биҳиштосояш дар меҳвари таваҷҷуҳи дӯстдорони сайру сайёҳат қарор дорад. Ҳамарӯза дар ин диёр, махсусан дар шаҳраки Меҳрон меҳмонони зиёде рафтуо мекунанд. Аз ин хотир, барои тозаю озода нигоҳ доштани ҳар гӯшаи он, бахусус шароити мусоиди истироҳат муҳайё кардан барои меҳмонону бошандагони маҳаллӣ ҳамвора тадбирҳои судманд мавриди амал қарор мегирад. Ёдовар мешавем, ташаббусҳои мавриди назар аз роҳи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вобаста ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар бобати тозаю озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, бунёди иншоотҳои ҳозиразамон, шароити мусоид фароҳам овардан ва сарсабзу хуррам гардонии ҳар гӯшаи он пайваста чунин аксияву шанбегиҳо ва нишасту вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.
Аксияи тозагӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ таҳти унвони «Ободию созандагӣ мароми мост»
Шарҳ додан