С
ойи Зарринруд аз ҳудуди шаҳри Истаравшан масоҳати зиёде тӯл кашида, дохили баъзе минтақаҳои он ба ҷойгиронии ғайрирасмии партовҳо мубадал мегардад. Сари вақт бартараф намудани партовҳои бесоҳиб зери назорати доимии кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳр қарор дошта, ҳар сол аксияҳои экологӣ ва ҳашару шанбегиҳо бо мақсади пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ гузаронида мешаванд. Бо чунин иқдоми бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан давоми ҳафта дар доираи чорабиниҳои тоза кардани минтақаҳои дохили шаҳрии сойи Зарринруд аз партовҳои бесоҳиб ва ҷойҳои ботлоқшуда, 4 адад техникаи махсуси калонҳаҷм ва 1 адад техникаи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷалб ва истифода гардид. Дар натиҷа 7 километр ҳудуд ва атрофи сой тоза карда шуда, 24 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи шаҳри Истаравшан интиқол дода шуд. Ба истиқболи ҷашнҳои миллии дар пешистода ва бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ корҳои ободонӣ, бартараф намудани партовҳои бесоҳиб дар минтақаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳоти шаҳр, аз он ҷумла сойи Зарринруд идома меёбанд.
Тадбирҳои пешгирии ифлосшавии манбаъҳои обӣ дар шаҳри Истаравшан
Шарҳ додан


