Д
ар асоси мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20 августи соли 2025, №1820-7/23 бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон дар ҳамкорӣ бо марҳилаи дуввуми Барномаи маблағгузории иқтисоди сабз дар Тоҷикистон (GEFF-II), ки аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки филиали Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) дар вилояти Суғд санаи 3 декабри соли ҷорӣ дар толори бинои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон семинар оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар мавзуи «Технологияҳои сабз» баргузор гардид. Дар кори семинар сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Норҷона Давлатова, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр Ғуфронзода Азиз, коршиносони барномаи GEFF-II Парвин Ҷабборов ва Садриддин Ҷӯраев бо ҷалби фаъолон, соҳибкорон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳр, аз ҷумла, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, барқ, об, Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, занони соҳибкору ҳунарманд ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти семинар аз тарафи коршиносони барномаи GEFF-II Парвин Ҷабборов ва Садриддин Ҷӯраев муаррифии пурраи барнома ва технологияву маҳсулотҳои «сабз», ки ба сарфа намудани неру, об ва захираҳо мусоидат менамоянд, бо нишондоди ҳаҷми бозгашти маблағҳо барои ҳар як технология гузаронида шуд. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, гармшавии ҳаво, норасоии обу неруи барқ ва мунтазам рӯ ба таназзул овардани заминҳои корами кишоварзӣ бо мақсади мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим барномаи GEFF-II бо роҳи пешниҳоди ҳавасмандиҳо барои марҳила ба марҳила гузаштани аҳолии кишвар ба технологияҳои сарфакунандаи обу неру ва захираҳои табиӣ фаъолияти худро роҳандозӣ намуда истодааст. Ҳамчунин доир ба як қатор технологияҳои муосири сарфаҷӯӣ, аз ҷумла технологияҳои гарминигоҳдорӣ, обёрии самаранок, идоракунии устувори замин, кишоварзии устувор, технологияи нигоҳдории маҳсулот, нақлиёти барқӣ, манбаҳои алтернативии энергия, техникаи кишоварзии сарфаҷўӣ ва равандҳои технологие, ки барои сарфа намудани нерӯ мусоидат менамоянд, маълумоти муфид ва имкониятҳо муаррифӣ карда шуданд. Ба ғайр аз ин, намояндагони Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон дар бораи маҳсулотҳои қарзии бонк ва имкониятҳоро барои соҳиб шудан ба дастгириҳои грантӣ аз барномаи GEFF-II маълумот доданд. Баъдан, муколамаи озод байни масъулин ва иштирокдорон сурат гирифт ва чунин арзёбӣ гардид, ки барои марҳила ба марҳила гузаштани аҳолии шаҳри Бӯстон ба технология ва маҳсулотҳои «сабз» бо Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ва ширкатҳои хизматрасонӣ корбарӣ хоҳанд намуд.


