Омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Дар Раёсати ҳифзи  муҳити зисти  вилояти Суғд бо иштироки кормандон соати сиёсӣ доир гардид. Он ба мавзӯи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» бахшида шуд. Муовини сардори Раёсат Ӯрунов Р.Т. изҳор намуд, ки таърих гувоҳ аст, ки худшиносӣ ва ифтихори миллӣ пойдевори миллати соҳибэҳтиром ва бофарҳанги тоҷик  аст. Китоби мазкур  паҳлӯҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ва давлатдории тоҷикон  фаро гирифтааст. 

Кормандони Раёсат ба мутолиаи ин китоби арзишнок даъват карда шуданд, ки он аз аҳамият холӣ нест ва  омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки тамоми сокинони  Тоҷикистони азиз кўшишу ғайрат менамоянд то дўстиву бародарӣ, сулҳу созиш, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон боз ҳам  устувор гарданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.