Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истиқлол

  Баҳри иҷрои нақшаи корӣ, бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф, баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 5-и шаҳри Истиқлол аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар аксия омӯзгорон ва хонандагони муассиса фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи муассиса аз партовҳои гуногун тоза карда шуд. Гузаронидани чунин аксияҳои экологӣ дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани  муҳити зист,  баланд бардоштани маърифати экологӣ дар шаҳри Гулистон аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, мактаби варзишӣ, коллеҷи тиббӣ, шабакаҳои барқии Суғд, ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр зиёда аз 500 нафар фаъолона иштирок доштанд. Рафти аксия гирду атрофи корхонаву муассисаҳо ва мавзеъҳои истироҳатӣ   пурра  тоза карда шуда, 8,2 м 3 партов бароварда шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

  Корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ашт низ оғоз ёфта, дар ҷамоати Ошобаи ноҳияи Ашт зиёда аз 250 бех дарахтони сояафкан, ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд. Бино ба маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ин маърака 300 нафар сокинон фаъолона иштирок намуда, баҳри иҷрои нақшаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳдошти муҳити зист дар дигар ҷамоату минтақаҳо шинонидани ниҳолу кабудизоркунӣ пешбинӣ карда шудааст.

Ташвиқи Паёми Пешвои миллат дар муассисаи таълимии ш.Истиқлол

  Баҳри иҷрои барқияи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, дар асоси нақша чорабинии бахш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии №1 шаҳри Истиқлол омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ки санаи 21.12.2021 ба Маҷлиси Олии ҶТ қироат гардид,  ташкил ва гузаронида шуд. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истиқлол ба хонандагон Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дода, аз он ҷумла  дар бораи тағйирёбии иқлим, дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зистро  маънидод намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.