Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

  Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ дар  маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд  аксияи “Тозагии маҳал” гузаронида шуд. Дар аксия 350  нафар хонандагони литсейи касбӣ-политехникӣ, литсейи касбии техникии сохтмони шаҳри Хуҷанд ва колеҷи тиббӣ иштирок намуда, канали калони байни беморхонаи вилоятӣ ва беморхонаи амрози чашм аз ҳамагуна партовҳои гуногун тоза карда шуданд. Гузаронидани чунин шанбегиву аксияҳои  тозагиву ободонӣ баҳри баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ дар дигар минтақахои шаҳри Хуҷанд  мунтазам амалӣ гардида истодааст.

Конференсияи илмӣ - амалии «Табиат сахтгиру тундгир аст» дар ноҳияи Масчоҳ

  Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кишоварзии Масчоҳ бо дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар конференсия омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, коллеҷи омӯзгории н.Зафаробод, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ иштирок доштанд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Гулистон

  Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ,  ниҳолшинонию кабудизоркунии муҳити атроф дар шаҳри  Гулистон бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва корхонаи воҳиди фаръии манзилию-коммуналӣ дар гардишгоҳи осоишгоҳи  ҶДММ «Баҳористон» 60 адад ниҳолҳои дарахти сановбар шинонида шуд. Корҳои ободониву созандагӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабз, сояафкан ва ороишӣ дар дигар минтақаҳои шаҳр низ  оғоз гардидааст.

Аксияи «Тозагии роҳ»дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади ҷалб намудани оммаи васеи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ ва тозагии муҳити атроф дар роҳи протоколии шоҳроҳи Хуҷанд – Ашт – Б.Ғафуров  аксияи «Тозагии роҳ» бо иштироки 90 нафар аҳолии ҷамоат доир гардид. Бино ба маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷараёни аксия қади роҳҳо аз партовҳо тоза карда шуда, 3,5 м3 партов ба партовгоҳи расмии ноҳия бароварда шуд. Маҳз бо ҷалби васеи кормандони соҳаҳо ва иштироки фаъолонаи сокинони ҷамоату маҳаллаҳо аксияву шанбегиҳо доир мегардад, ки барои тозаву обод намудани муҳити атроф ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ мусоидат менамояд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.