Омӯзиши Паём дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент

  Дар асоси нақша-чорабинии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, ҷиҳати тарғибу ташвиқи мӯҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ,  Муассисаҳои таълимии миёнаи умумии № 25 шаҳраки Суғдиён, № 86 деҳаи Новичомоқ, № 81-деҳаи Чорбоғ  вохӯрӣ бо донишҷӯён ва хонандагон гузаронида шуд. Зимни вохурӣ намояндаи бахш зикр намуд, ки дар Паёми имсола бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва тадбирҳои мутобиқшавӣ ба  он инъикос ёфт.  Инчунин доир ба татбиқи «Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва нақшаи чорабинии он   байни хонандагон ва донишҷӯён  маълумоти мушаххас  дода шуд.

Ташвиқи Паём дар муассисаи таълимии ноҳияи Ашт

  Бо мақсади ташвиқ ва омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тибқи нақшаи корӣ дар Муассисаи таълимии литсейи № 2 ноҳияи Ашт вохӯрӣ бо хонандагон доир гардид. Корманди бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия зимни баромади худ доир ба нуктаҳои асосии Паёми имсола, бахусус ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намудани Сарвари давлатро қайд намуд. Ҳамчунин бобати зарурияти тарбия ва маърифати экологии насли наврас, татбиқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» зикр карда шуд.

Паёми Пешвои миллат – роҳнамои ҷомеа

  Бо мақсади шарҳ додани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи корӣ, санаи 17 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат соати сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ш.Хуҷанд, устодони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи Давлатии  Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров - Убайдуллоев  Аҳрор ва  Қаюмов Саидмурод баргузор гардид. Муовини сардори  Сарраёсат Абдумаликзода Б. вохӯриро  оғоз намуда, қайд намуд, ки Паёми имсола барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан дар соли таърихӣ 30 –умин солгарди Истиқлолияти Ватани азизамон пешниҳод гардида, чун раҳнамои ҷомеа ҳамчун дастури фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои олии давлатсозию таҳкими истиқлоли Ватани азизамон мусоидат хоҳад кард.  

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд

  Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳол-шинонӣ, кабудизоркунӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ дар саҳни ҳавлии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят дарахтони бисёрсолаи ҳамешасабз -  санавбари кримӣ шинонида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.