Забон ҳастии миллат

  Бо мақсади ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ маҷлис бо иштироки кормандони бахш ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ Соқиев С. доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, оид ба арҷгузорӣ ва гиромидошти забони тоҷикӣ сухан кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Соқиев С. ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонун  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» баромад намуд. Рафти маҷлис кормандони бахш ба саволҳои худ оид ба забон ва талаботҳои қонун ва Қоидаи имлои забони тоҷикӣ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

«Забон бақои миллат»

  Ҳамасола 5-уми октябр  ҳамчун «Рўзи забони точикӣ» дар қаламрави ҷумҳурӣ қайд карда мешавад,  ки ба феҳристи ҷашнҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидааст. Забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосӣ дошта, ҳамеша аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими иcтиқлолияти кишвар мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд машғулияти омӯзишӣ оид ба Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, № 268 қабул гардидааст доир гардид. Дар машғулият дотсент, номзади илмҳои филологии Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Бобоева З.С. иштирок намуд.

4 октябр – Рӯзи муҳофизати ҳайвонот

  Ҳар сол 4 октябр  ҳамчун  Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳайвонот  ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии ин санаи экологӣ ҷалб намудани башарият ба наҷоти олами ҳайвонот ва ҳифзи гуногунии намуди онҳо маҳсуб меёбад. Олами гуногунии биологии Тоҷикистон хеле ғанӣ ва нотакрор аст. Дар ҳудуди начандон калони ҷумҳуриамон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст. Бештари онҳо дар экосистемаҳои кўҳӣ сукунат гирифтаанд. Дар мавзеҳои водию пешкӯҳҳо, дарёҳо, заминҳои кишоварзии назди шаҳру ноҳияҳои диёрамон намудҳое паҳн гардидаанд, ки бо аҳолӣ зич ҳаёт мебаранд. Аз мониторинги солҳои охир бармеояд, ки  дар зери таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ баъзе намудҳои олами ҳайвонот миқдоран кам шуда, ҳатто як қисми намудҳо зери хатари маҳвшавӣ қарор доранд. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон хеле бой ва гуногунранг мебошад.

Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Санаи 14 сентябр дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шахри Бӯстон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он собиқадорони соҳа, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Бо суханони табрикӣ сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. баромад намуда, оид ба дастовардҳои мақомот дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар кайд намуд. Рафти маҷлиси тантанавӣ як қатор кормандони собиқадор ва фаъолони соҳа, ғолибони озмуни вилоятии «Шуъба (бахши) беҳтарини ҳифзи муҳити зист» қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин ба як катор рӯзноманигорон, ғолибони озмуни ҷумхуриявии «30 соли Истиқлолияти давлатӣ – қадамҳои устувор дар ҳифзи муҳити зист» - Маъмури Юсуфзод  котиби матбуоти раиси шаҳриХуҷанд (дарбахшимаводиматбуотӣ), ҒафуровНасимҷон корманди радиои вилояти Суғд (дарбахшимаводирадио), Каримов Обидҷон - корманди телевизиони «Синамо» дар вилояти Суғд (дар бахши маводи телевизион), Раҷабова Ӯғулой – корманди телевизиони ШТР «7 Ситора» (дар бахши маводи телевизион) ва Файзулло Атохӯҷаев – мухбири рӯзномаивилоятии «Ҳақиқати Суғд» (дарбахшимаводиматбуотӣ)диплому ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.