Табрикоти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода Абдуаҳад Қурбон ба муносибати 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Бо таманниёту фараҳмандии афзун Шуморо бо фарорасии ҷашни сарнавиштсози миллӣ - 30 умин солгарди соҳибистиқлолии Ватани азизамон  самимона  табрику таҳният гуфта, бароятон  хушбахтиву иқболи нек ва комёбиҳои беназирро таманно дорам. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, «Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад». Барҳақ истиқлолият омолу орзуи деринаи халқ, неъмати пурқиматтарин, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории кишвари мост, ки  номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ дар муддати ин солҳо корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба анҷом расиданд. Дар самти ҳифзи муҳити зист низ дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасанд, ки барои беҳбуд бахшидани фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ дар шаҳри Хуҷанд

  Дар Боғи фарҳангиву фароғатии “Камоли Хуҷандӣ” шаҳри Хуҷанд қуттиҳои ғайриоддӣ барои партовҳои пластикӣ гузошта шудааст. Шумораи ин қуттиҳо 3 адад буда шакли қуттии пластикӣ ё худ баклашкаро доро мебошад. Иқдоми ташкили чунин қуттиро Турсунбой Ғафуров ҷавони 17 сола пешниҳод ва амалӣ намудааст. Андозаи ҳар яке аз қуттиҳо 2 метрро ташкил дода, онро бо ранги зард ва сурх оро доданд, то ин ки аз дигар рангҳои атроф фарқ кунад. Инчунин дар поёнаш дарича низ дорад, ки дар вақти пур шуданаш онро кушода тоза кардан мумкин аст. Ғафуров Т. хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 15-уми шаҳри Хуҷанд мебошад. Давоми 4 сол инҷониб ӯ дар ташкилоти ҷамъиятии Таҷрапт низ таҳсил мекунад. Гузоштани чунин қуттиҳо яке аз лоиҳаҳои иҷтимоии Ғафуров Т. мебошад, ки ташкилоти мазкур маблағгузорӣ намудааст.

Аксияи «Тозагии соҳил ва маҳал» дар шаҳри Гулистон

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои «Тозагии маҳал ва соҳил» идома дорад. Бо иқдоми бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар соҳили обанбори баҳри Тоҷик бо иштироки 310 нафар кормандони бахши фарҳанг ва маориф аксияи «Тозагии маҳал ва соҳил» гузаронида шуд. Рафти аксия аз тарафи иштирокчиён 1 км ҷӯйбор, 600 м2  ҳудуд  ва  4 км қадди роҳҳо, 700 метр  соҳилҳои обӣ тоза карда шуда, 4 м3  партов ба партовгоҳи шаҳр  бароварда шуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади тозаву обод намудани муҳити атроф, сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Дар шанбегӣ кормандони корхонаву ташкилотҳо, аҳолии ҷамоатҳо ва маҳалаҳо ҳамагӣ 670 нафар иштирок доштанд. Аз ҷониби иштирокчиёни шанбегӣ 2100 м ҷуйборҳо,қадди роҳҳо 7 км, 400 м2 майдонхо аз алафхои бегона тоза карда шуд. Инчунин 230 м роҳҳо таъмир ва сафед карда шуда, 7,5 м3  партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.