Амалиёти назоратӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист, ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҷамоати деҳоти Сомониён ғайриқонунӣ истихроҷ намудани канданиҳои фоиданоки маъмули умум ошкор гардид. Дар натиҷа нисбати қонуншиканон - сокинони ноҳия Турсунов Ф. ва Қирғизбоев М. бо моддаи 238-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  протокол тартиб дода шуд.

Мизи мудаввари ҷамъбастӣ доир ба лоиҳаи «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ»

  Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баҳри беҳтар намудани вазъи муҳити зист, рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ якҷоя бо дигар сохтору ташкилот як қатор чорабиниҳои экологиро баргузор менамояд.Аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» бо дастгирии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз аз моҳи октябри соли 2020 то моҳи августи соли 2021 лоиҳаи «Беҳтар намудани сифати зиндагӣ, тавассути огоҳисозӣ ва пешгирии роҳҳои ифлосшавии ҳаво» татбиқ гардид. Бинобар  ба охир расидани лоиҳа дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд мизи мудаввари ҷамъбастӣ бо шиори «Бидон, ки чиро нафас мекашӣ» гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокдорон призентатсия ва баромадҳо дар мавзӯи «Фаъолият, мушкилиҳо ва натиҷаҳои бадастоварда аз амалишавии лоиҳа», «Презентасия ва пешкаши видеоролик оид ба фаъолиятҳои амалигашта доир ба ҳифзи ҳавои атмосфера», «Маълумоти мухтасар оид ба стансияҳои насбнамудаи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва фаъолияти онҳо» ва «Таъсири ифлосшавии ҳаво ба саломатии инсон ва оқибатҳои он» пешниҳод гардид.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, тибқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Раёсат дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 38 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид.  Нисбати ронандагони 8 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол карда шуд.

Аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» дар вилояти Суғд

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аксияҳои гуногуни экологии оммавӣ идома дорад.  Бо иқдоми Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил», ки дар миқёси вилоят ташкил ва гузаронида шуд, беш аз 23 ҳазор нафар кормандони ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон фаъолона иштирок намуданд. Дар рафти аксияҳо корҳои тоза намудани ҷўйбор, заҳбуру заҳкаш - 25,3 км, тоза намудани қадди роҳҳо аз партовҳо - 53,7 км, таъмири роҳравҳо - 3 км,  тоза намудани заҳбуру каналҳо - 300 м,  сафед намудани дарахтон - 1236 бех, тоза намудани майдонҳо - 4 км амалӣ гардида, 126,4 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шуд. То баргузории ҷашни миллӣ баргузор гардидани аксияҳои экологӣ дар миқёси вилоят идома дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.