Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ дар муассисаи таълимии ш.Хуҷанд

 Пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии баргузории рӯзи дониши экологӣ мебошад. Доир ба ин мавзуъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №23-и ба номи А.Фирдавсии шаҳри Хуҷанд вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист доир ба тарбия, маърифат ва роҳҳои ташаккули маданияти экологӣ баромад намуд. Аз тарафи хонандагони муассиса дар мавзуъҳои мухталифи хифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ ва ҳифзи сарватҳои табиӣ, захираҳои об ва замин, ҳифзи ҳавои атмосфера, олами бою рангини наботот ва ҳайвоноти кишварамон баромадҳо пешкаш гардид.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол

  Бахшида ба 15-апрел Рӯзи донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Истиқлол бо иштироки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр вохӯрӣ ва дарси кушод ташкил карда шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи мудири бахш дар бораи роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар шаҳр, корҳои ободониву ниҳолшинонӣ дар маҳалли зист маълумот пешниҳод гардид. Омӯзгори фанни биология ва экология низ оид ба ғанӣ гардонидани дониши экологӣ, аз ҷумла вобастагии табиату наботот, ҳайвоноту растаниҳо, муносибати ғамхорона нисбати табиат ибрози ақида намуд.

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Зафаробод

 Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод ва солимгардонии муҳити зист дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Зафаробод аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд. Аз рӯи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар аксия зиёда аз 80 нафар донишҷӯёни Коллеҷи политехникии ноҳия иштирок намуда, 500 метр ҷӯйборҳо тоза, 340 бех дарахтон сафед ва зиёда аз 2,6 тн партов бароварда шуд. Корҳои ободониву нихолшинонӣ дар дигар минтақаҳои ҷамоату шаҳраки деҳот идома дорад.

Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Гулистон

  Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳо, таъмини ташвиқу тарғиби моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», бахшида ба рӯзи донишҳои экологӣ дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 14-и шаҳри Гулистон бо хонандагон вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ кормандони бахши ҳифзи муҳити зист ба хонандагон оид ба мақсади таҷлили санаҳои экологӣ, ҳифз ва нигаҳдории захираҳои обӣ, олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ, тағйирёбии иқлим, ки яке аз мавзӯҳои актуалӣ ба ҳисоб меравад, баромад намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ аз ҷониби кормандони бахш ба хонандагони фаъол ва омӯзгори фанни экология ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.