Амалиётҳои назоратӣ дар самти ҳифзи захираҳои моҳӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров

   Шуьбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тибқи фармоиши сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва иҷрои нақшаи чорабинӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ мунтазам амалиётҳоиназоратӣ гузаронида истодааст. Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёти навбатӣ аз тарафи нозирони шуъба дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исфисор минтақаи Шӯркул зиёда аз 200 метр тӯрҳои бесоҳиб дарёфт ва мусодира гардида, тариқи сӯзонидан несту нобуд карда шуд.

Ифтитоҳи мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» дар шаҳри Хуҷанд

  Дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят, Кумитаи бехатарии озуқавории вилоят, табиатдӯстон ва сокинони маҳалла мағозаи «Олами паранда ва ҳайвонот» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Мағозаи мазкур бо мақсади тарғиби зебоипарастӣ ва табиатдўстӣ, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ташкил гардида, беш аз 25 намуди паранда, зиёда аз 50 намуди моҳичаҳо, 10 намуди гурба, якчанд намуди хазандаю ҳашароти баҳрӣ бо шароити лозимии нигоҳдорӣ барои тамошо ва фурўш гузошта шудааст.

Амалиётҳои назоратӣ дар шаҳри Гулистон

 Бо мақсади амалӣ гардонидани нақшаи чорабиниҳо дар давраи тухмигузории моҳӣ нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар роҳи Гулистон - Қатаған амалиётҳои назоратӣ гузаронида, барои ғайриқонунӣ сайд намудани моҳӣ нисбати сокини шаҳри Гулистон Самадов Исроил протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб доданд. Аз тарафи нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон дар давоми моҳ 8 амалиётҳои назоратӣ гузаронида шуд. Рафти амалиётҳо 8 адад санад ва 1 адад протокол тартиб дода, ба ошхонаву нуқтаҳои савдои шаҳр 5 адад амрнома дода шуд. Ҳамчунин 700 метр турҳои моҳидорӣ мусодира ва дар ҷояш сӯзонида шуд.

Амалиётҳои фаврӣ дар давраи тухмигузории моҳиҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

 Тибқи фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2021, № 29  ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз 1.04.2021 №15 «Дар бораи амалӣ гардонидани чорабиниҳои ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмигузории соли 2021» нозирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо мунтазам амалиётҳои фаврӣ гузаронида шуда истодааст. Нозирони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷ.Расулов  ҳангоми гузаронидани амалиёти назоратӣ дар соҳили Сирдарё, ҷамоати Деҳмой, деҳаи Гулистон ва Заркор  зиёда аз 200 метр тӯри моҳидорӣ, олоти моҳидории чангак ва як қайиқи резинии бесоҳибро  мусодира намуда, моҳиҳои зинда ба об сард дода шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.