Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин дар ноҳияи Ҷ.Расулов

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Иди байналмилалии Наврӯз, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин дар қадди роҳи Душанбе-Чаноқ, минтақаи Деҳмой зиёда аз 2 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд. Чорабинии мазкур аз ҷониби Ассосиатсияи истифодабарандагони оби ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия тариқи ҳашар ташкил карда шуда, баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2018, №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» мусоидат менамояд.

Чорабиниҳои пешгирӣ, ташвиқи амалҳои зиддикоррупсионӣ

 Санаи 10 феврали соли равон  дар толори раёсат маҷлиси машваратии назди сардори раёсат бо иштироки сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. Тибқи нақшаи пешбинигардида, дар рафти маҷлиси машваратии мазкур ду масъала баррасӣ карда шуд. Бобати масъалаи якум намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамдамзода Давлат бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии амалҳои коррупсионӣ ва дар ин замина баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони мақомоти давлатӣ, ҳамчунин ҷиҳати баррасии пешниҳоди раёсати Агентӣ баромад намуд. Баъд аз он, дар доираи масъалаи дуюм сардори раёсат дар асоси таҳлили фаъолияти якмоҳаи зерсохторҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва камбудиҳои ҷойдошта таъкид карда, барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани фаъолият дар семоҳаи якум вазифаҳои мушаххас гузошт.

Баргузории аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Деваштич

  Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар рафти аксия кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо сокинони маҳаллаҳои «Файзобод-1» ва «Файзобод-2»-и ҷамоати шаҳраки Ғончии ноҳия, дар маҷмуъ 70 нафар фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати тоза намудани соҳили сой аз партовҳои истеъмолию пластикӣ ва алафҳои хушк кор кардаанд. Дар натиҷа 1,3 километр ҳудуди сой тоза гардида, 3 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи марказии ноҳия бароварда шуд. Қайд кардан ба маврид мебошад, ки бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич якҷоя бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоати шаҳрак ва деҳоти ноҳия баргузории чунин аксияҳои экологиро мунтазам идома медиҳад, ки ин барои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Шанбегӣ дар шаҳри Истаравшан

  Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 феврали соли равон дар миқёси шаҳр ҷиҳати тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зист шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар он ҷомеаи меҳнатии корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ, наздик 2431 нафар иштирок доштанд. Ҷараёни шанбегӣ ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 2,2 км ва кӯчаҳои протоколии хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол, ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву ташкилотҳо аз партовҳо тоза карда шуд. Дар маҷмуъ зиёда аз 10 тн партовҳо тариқи техникаи КДФ «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.