Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Айнӣ

  Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободонӣ, амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ бо ҷалби васеи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, кормандони ташкилоту идораҳо, аҳолии ҷамоатҳо аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид. Дар рафти аксия гирду атрофи идораҳо, роҳҳои марказӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйбору канал ва сойҳо ба масофаи 15,6 км тоза карда шуда, 16 тн. партов бароварда шуд. Ҳамчунин дар шоҳроҳи Душанбе - Айнӣ 1200 бех арчаҳои ҳамешасабз шинонида шуд.

Корҳои биотехникӣ дар ноҳияи Айнӣ

 Дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зист вилоят, бо мақсади беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагони ваҳшӣ аз фасли зимистон дар мавзеи дашти Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия корҳои биотехникӣ гузаронида шуд. Барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин мавзеъ ба миқдори  150  кг  гандум  ва  алаф 50 банд истифода бурда шуд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ

  Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ маъракаи ниҳолшинонӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ баргузор гардид. Аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хоҷагии ҷангал 1200 бех ниҳолони дарахти сӯзанбарг ва арча харидорӣ гардида, тариқи ҳашар дар қадди роҳ ва назди муассисаҳо шинонида шуд. Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ноҳия дар асоси нақшаи тасдиқгардида 5 ҳазор бех гулҳои ороишиву мавсимии маҳаллӣ шинонида мешавад.

Корҳои биотехникӣ дар шаҳри Исфара

  Дар асоси нақшаи кории Раёсат, барои беталаф баровардани олами ҳайвонот ва паррандагон аз фасли зимистон бахши ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал дар мавзеъи Сиёҳкӯҳи шаҳри Исфара корҳои биотехникӣ гузарониданд. Рафти чорабинӣ, барои бо хӯрок таъмин намудани ҳайвонот ва паррандагон ба миқдори 950 кг дон ва гандум, 20 адад баста коҳ пошида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.